Оё истеҳсолкунандаи маводҳои кишоварзӣ чӣ кишт карданро ба нақша мегирад?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 июн, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 878
Афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ басо муҳим буда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон рӯзи 18 июни соли 2022 ба масъалаи истифодаи заминҳои обӣ, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида, афзоиши кишти такрорӣ, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии онҳо, риояи қоидаҳои агротехникӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, гирифтани 3-4 ҳосил ва ба ин васила зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ҷалб сохтанд.
Президенти мамлакат дастур доданд, ки дар шароити имрӯза тамоми мардуми Тоҷикистон, пеш аз ҳама, кишоварзон ва ҳар як оила ба масъалаи истифодаи самараноки обу замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ ва дар заминҳои обӣ ҳатман ба роҳ мондани кишти такрорӣ диққати аввалиндараҷа диҳанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: “Ҳоло, ки фурсат ҳаст, яъне мавсими фаровонист, тамоми мардуми кишвар, ҳамаи ташкилоту муассисаҳо ва ҳар як оила бояд дар фикри таъминоти худ бошанд, ҷиҳати ҳарчи бештар истеҳсол кардани маҳсулот ва барои ду сол захира намудани маводи зарурии ғизоӣ ҳамаи чораҳои заруриро андешанд”.
Ин барои мо, сокинон, як ҳушдор аст. Зеро агар соли 2020 як килогарм пиёз 10 дирам буд, имрӯз бошад, ба 5 сомонӣ расидааст. Бинед, ки ҳамон давра ҳама дар заминҳо пиёз кишт карда буд, зеро ки тақсимбандӣ аз ҷониби масъулини Раёсати кишоварзӣ ба назар намерасад. Ин масъала ташвишовар аст. Истеҳсолкунандагон намедонанд, ки дар заминҳои худ чӣ кишт кунанд, то тавонанд, меҳнати кардаашон самараи хуб ба бор оварад. Вақте ки диданд, нарх арзон, харидор нест, ҳамаи кишоварзон дигар кишт накарданд. Ин аз он далолат мекунад, ки имрӯз масъулини кишоварзӣ бо хоҷагиҳои деҳқонӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ намегузаронанд. Агар бо хоҷагидорон тақсимбандии кишти кишоварзиро дуруст роҳандозӣ намоянд, фикр мекунам, ки ҳам нарх боло намеравад ва ҳам хоҷагидорон фоидаи зарурӣ ба даст меоранд.
Мо бояд дар назди Раёсатҳои кишоварзӣ марказҳои иттилоотӣ ташкил намоем, то ҳар як роҳбари хоҷагии деҳқонӣ тавонад, аз коршиносони соҳа машварат гирад. Ҳамчунин, тариқи ин марказ хоҷагидорон оид ба тухмии босифат, истифодаи оқилонаи замин, дуруст кишт кардан маълумоти кофӣ гирад, заминаи хубе мегузорад дар рушди ин соҳаи афзалиятнок.
Фикр мекунам, ки агар ҳамин гуна мебуд, имрӯз нархи картошка дар бозор ба 5 сомонӣ намерасид. Солҳои пеш дар ҳамин моҳҳо картошка 1 сомонӣ ё 2 сомонӣ буд. Сабаб дар чист?
Мушкилоти дигаре, ки хоҷагидорон наметавонанд, бозорҳои дохилиро бо маводҳои кишоварзии тару тоза таъмин намоянд, ин ҷойгир намудани боғҳо дар заминҳои ҳамвор аст. Имрӯзҳо мушоҳида мекунам, ки дар заминҳои обии серҳосил боғ ташкил намудаанд. Дар ҳоле, ки замини ҳамвор бояд ҷойи кишти маҳсулоти кишоварзӣ бошад. Масалан, як дарахт то ба ҳосил даромадан 5 сол лозим аст, дар ин 5 сол метавонем, чӣ қадар полезӣ истеҳсол шаваду ба фурӯш барорем. Ҳатто дар миёни дарахтон мешавад кишти донагиҳоро ба роҳ монд, вале ҳамоно бекор хобидаанд.
Масъалаи дигар, ин аз кишт мондани заминҳо ё шӯршавӣ мебошад. Имрӯзҳо ҳазорҳо гектар замин алалхусус дар вилояти Хатлон аз беэҳтиётии масъулини соҳаи кишоварзӣ ба майдони харобазор табдил ёфтаанд. Агар сари ин масъала андеша намоем, фикр мекунам ба манфиати кор хоҳад буд. Ҳамин тавр нест?
Муттаҳира Маҷнунова,
номзади илмҳои иқтисодӣ