БИЁЕД, ДАСТИ ҲАМ БИГИРЕМ!
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 06 июн, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 945
Нома ба тамоми кӯдакони дунё
Дуруд ба тамоми ҳамсолонам ва кӯдаконирӯйи олам!
Имрӯз мову шумо дар шароити мухталифе зиндагонӣ дорем, ки ҷаҳон барои ҳимояи ҳаёту саломатии кӯдакон муттаҳид гаштааст. Баъзеи мо шароити нисбатан муносиби зиндагӣ ва таҳсилро дорем. Миллионҳо нафари дигар аз чунин имконият бархӯрдор нестанд: ранҷи гуруснагӣ ва ташнагӣ мекашанд, ба бемориҳои гуногун сироят мешаванд, аз мактаб маҳруманд.
Насли мо, кӯдакони замони нав, дучори муаммоҳо ва тағйироти глобалие шудаанд, ки шояд дар гузашта барои волидайни мо ин муаммоҳо ношинос буданд. Яке аз мушкилоти асосии замони муосир тағйирёбии босуръати иқлим ва норасоии оби софи нӯшиданӣ мебошад. Ба ин масъалаи ҳалталаби асри XXI тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла мо, кӯдакону наврасон, бояд таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоем.
Муҳити зисти солим барои ҳаёт, ҳавои беғубор барои нафасгирӣ, оби соф барои нӯшидан ва таом – ин ҳама асоси таъмини зиндагии солим барои тамоми кӯдакон маҳсуб мешавад.
Вале тағйирёбии иқлим, муносибати беэҳтиётонаи мо ба экология ҳамаи кӯшишҳоро барои таъмини ҳаёти солим ва инкишофи кӯдакон барбод медиҳанд. Тибқи маълумоти UNICEF (Фонди кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид) дар соли 2017, қариб 300 миллион кӯдакон дар мавзеъҳое зиндагӣ мекунанд, ки сатҳи токсин дар ҳавояш хеле баланд буда, дар натиҷаи олудагии ҳаво ҳамасола то 600 ҳазор кӯдаки то 5-сола бинобар пайдоиши нуқсҳо дар инкишофи мағзи сар ва шушашон мефавтанд.
Тибқи пешбиниҳо, дар соли 2040 ҳар чорумин кӯдаки ҷаҳон дар маҳалҳое зиндагӣ хоҳанд кард, ки норасоии шадиди оби нӯшиданӣ дошта метавонанд.
Аз ин рӯ, идоракунӣ ва ҳифзи сарчашмаҳои оби софи нӯшиданӣ бисёр муҳим буда, онҳоро бояд аз ҳар гуна олудасозӣ, партовҳои пластикӣ эмин нигоҳ дорем. Тавре ки мегӯянд:
Зи ҷӯе, ки хӯрдӣ аз он оби пок,
Нашояд фикандан дар он сангу хок.
Ҷиҳати ҳифзи муҳити солими зист чӣ бояд кард? Барои ин, аз нигоҳи ман бояд:
1. Ҳаҷми партоби газҳои гулхонаӣ ба маротиб коҳиш дода шавад.
2. Истифодаи самараноки об ба роҳ монда шавад.
3. Дар заминҳои кишт аз усули обёрии қатрагӣ истифода карда шавад.
4. Муҳити зист аз партобҳои зарарнок, махсусан маводи пластикӣ пок нигоҳ дошта шавад.
5. Ҳар қадар метавонем, ниҳолони бисёр шинонида, боғу ҷангалзор бунёд созем.
Ояндаи зебо ва ҳаёти солими ҳамаи кӯдакон аз муносибати ғамхорона ба муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ вобастагии амиқ дорад.
Дар ин кор мову шумо бояд дасти ҳам бигирем.
Р. Маъмурзода,
хонандаи синфи 9-и литсейи давлатии
“Ориёно”-и шаҳри Бохтар,
барандаи стипендияи президентӣ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...