Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Гавҳарбӣ Пиракова: «Агар заминро самаранок истифода барем, бенаво намемонем»


Гавҳарбӣ Пиракова: «Агар заминро самаранок истифода барем, бенаво намемонем»



Аҳли хонаводаи Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, cокини Ҷамоати деҳоти “Гулистон”-и ноҳияи Восеъ Гавҳарбӣ Пиракова солҳост, ки аз бозор маҳсулоти кишоварзӣ намехаранд. Онҳо ҳар ваҷаб замини наздиҳавлигиашонро мақсаднок истифода бурда, дар он картошкаву пиёз, сабзӣ, помидору бодиринг ва дигар сабзавот парвариш менамоянд. Оилаи худро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин карда, боқимондаашро ба дигарон тақсим мекунанд. Бодиринги дар гармхонаи онҳо парваришёфта аллакай барои ҷамъоварӣ ва истеъмол омода шудааст.

Гавҳарбӣ Пиракова мегӯяд: «Тамоми умри худро сарфи кор бо замин кардаам ва баракати рӯзгорро аз он ёфтаам. Беҳуда заминро ба модар шабоҳат надодаанд, чунки он моро мехӯронаду мепӯшонад. Мутаассифона, баъзеҳо аз ин неъмати бебаҳо самаранок истифода намебаранд. Ақаллан дар заминҳои наздиҳавлигиашон, ки солҳо бекор хобидаанд, шибиту райҳон намекоранд ва барои харидани онҳо ба бозор мераванд. Гап сари нархи онҳо намеравад, шояд чандон қимате надошта бошад. Аммо парваришу истеъмоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза парваридаи худӣ лаззати дигар дорад. Бӯйи хушу атромези дар ҳавлӣ паҳншудаи райҳону шибитро намегӯед! Чӣ қадар табъи касро хуш мегардонанд, ба кас неруи тоза мебахшанд».

Гавҳарбӣ Пиракова имсол ба синни мубораки 80 қадам ниҳод. Вале ҳоло ҳам бекор намешинад ва аксаран вақти худро дар замини наздиҳавлигӣ бо шуғле сипарӣ месозад. Ӯ солҳои зиёд дар колхози ба номи Ленини ноҳияи Восеъ, ки сарварии онро Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Миралӣ Маҳмадалиев бар уҳда дошт, сарвари бригадаи механиконидаи пахтакорӣ буд.

Маҳз бар ивази меҳнати софдилона солҳои 60-ум бригадаи ӯ ба гирифтани ҳосили баланди пахта мушарраф гардид. Бо укази Президиуми Шӯрои Олии собиқ СССР аз 3 апрели соли 1965 ба ин зани меҳнатқарин унвони ифтихории Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ бо супоридани ордени Ленин ва медали тиллоии “Досу болға”дода шуд.

- Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар вохӯрӣ бо мардум ва чанд рӯз пеш дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таъкид намуданд, ки бар асари тағйирёбии иқлим, камобиву хушксолӣ, бемориҳои гуногуни сироятӣ, аз ҷумла COVID-19 ва дигар омилҳои ба ҳамагон маълум вазъи таъминоти аҳолии сайёра бо маводи ғизоӣ рӯз ба рӯз мураккаб шуда истодааст. Мо ин ҳолатро тариқи шабакаҳои телевизионӣ ва интернетӣ мушоҳида карда истодаем. Сарвари давлат зарур мешуморанд, ки ҳар оила бояд захираи дусолаи маҳсулоти ғизоӣ дошта бошад. Мо бояд ин дастури Пешвои миллатро ба инобат гирифта, аз ҳар ваҷаб замини наздиҳавлигӣ, ҳатто заминҳои назди ташкилоту муассисаҳо, ки бекор хобидаанд, cамаранок истифода барем, - таъкид намуд Гавҳарбӣ Пиракова.

Мавсуф боз ёдовар шуд: «Гузаштагони мо кӯшиш мекарданд, ғалларо барои ду сол захира кунанд. Аз даврони кӯдакӣ ёд дорам, мо ва ҳамсояҳо кӯлӣ (ҷойи махсус барои дуру дароз нигоҳ доштани ғалла) доштем. Дар он ғалла захира мекардем. Зироати донагӣ - лӯбиё, нахӯд, наск, зағир, мош, маъсар, кунҷит ва шолиро ҳам барои чанд сол нигоҳ медоштем. Кадбонуҳои тоҷик аз зироати донагӣ хӯрокҳои болаззат мепухтанд, ки таъмашон аз даҳон намерафт. Ҳоло кадбонуҳо аз ин маҳсулот, ки ба саломатии инсон муфид аст, кам истифода мебаранд. Шояд аз сабаби он бошад, ки пухтани таом аз онҳо каме вақти зиёдтар талаб мекунад.

-Ман ҳамеша ба мардуми меҳнатқарини Чин аҳсан мехонам. Ба заминҳои кишти онҳо, ки дар чанд минтақаи Тоҷикистон гузаронидаанд, назар афканед. Бубинед, як обу як ҳавою замин, аммо ҳосили рӯёндаи онҳо ҳамеша зиёд аст. Аз барномаҳои телевизионӣ ҳам мебинам, ки онҳо дар ватанашон заминҳои талу теппа, ҷойҳои душворгузарро, ки заҳмати сангин талаб менамоянд, барои кишти маҳсулоти кишоварзӣ самаранок истифода мебаранд. Ҳатто болои бомҳои баландошёнаро барои истеҳсоли маҳсулот истифода менамоянд. Мо бояд аз онҳо тарзи дурусти корро омӯзем. Агар заминро дӯст дорӣ, ба қадраш бирасӣ, арақи ҷабин рехта, онро мақсаднок истифода барӣ, ҳеҷ гоҳ бенаво намемонӣ, — гуфт Гавҳарбӣ Пиракова.

Ёдовар мешавем, ки дар охири маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба намояндагони Ҳукумати кишвар, ки дар чорабиниҳо ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ - 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вобаста шуда буданд, супориш доданд, ки давоми 10 рӯз ба шаҳру ноҳияҳо рафта, оид ба сафарбар кардани мардум ба вусъати корҳои саҳроӣ, ободонӣ, бунёдкорӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишт, бахусус заминҳои наздиҳавлигӣ бо шаҳрвандон корбарӣ намоянд.

Рухсораи НУР

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода