Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Китоб умри ҷовидони мост


Китоб умри ҷовидони мост



Он халқе, ки тавоност, таъриху тамаддунаш, ҳастиаш бо китоб ҳамбастагӣ дорад. Хушбахтона, тоҷикон аз қабили ҳамин гуна миллатҳоянд. Бузургони миллати мо китобро «аниси кунҷи танҳоӣ», «ҷавшани тан», «чароғи роҳнамо», «ёри вафодор» хондаанд. Муҳаббату эътиқод нисбат ба китоб муҳаббату эътиқод ба донишу хирад аст.

Мақоли халқии «Ганҷ магир, китоб гир» маънои онро дорад, ки ганҷ масраф гашта ба итмом мерасад, вале китоб як умр чун ёри мушфиқу беозор боқӣ мемонад. Китоб муъҷиза ва беҳтарин боигарӣ барои инсон аст. Бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4-уми сентябри соли 2007 хишти аввали сохтмони бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон гузошта шуд ва ҳамзамон ин рӯз “Рӯзи китоб” эълон гардид. Мақсад аз таҷлили ин рӯз дар замири насли имрӯзаву оянда бештар ҷой намудани муҳаббату ихлос нисбат ба ин ганҷинаи бебаҳо ва дар қалби хурду бузург бедор намудани шавқи китобхонӣ мебошад. Ин рӯзи муборак як навъ рамзи бузургдошти фарҳангу маънавиёт, илму дониш ва баёнгари ифтихори миллӣ ҳамчунин, идомаи анъанаи фарҳангдӯстии халқи тоҷик мебошад. 

Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургии китобро ба инобат гирифта, тайи чанд соли охир Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”-ро миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа эълон намудаанд.

Ин иқдоми неки Пешвои миллат мо - кормандони китобханаҳоро хушҳол гардонида, баҳри дар амал татбиқ намудан ва иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси “Низомнома”-и озмун бисёр корҳоро ба сомон расонида истодаем. Аз ҷумла, дар назди китобхона ситоди озмун ва намоиши доимамалкунандаи китоб ташкил карда шуд. Шахсони масъули ситод бо довталабон корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд. Ҳамзамон, ба воситаи тарғиби адабиёти тозанашр хулосаҳои адабиёт, суҳбат гузаронида, хонандагонро барои дар озмун иштирок кардан омода месозанд, ба онҳо адабиёте, ки дар низомнома омадааст, сари вақт дастрас мекунанд.

Китобхонаҳо бояд ба маркази муҳими илму фарҳанг табдил дода шаванд. Зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаи маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад. Ҳамин аст, ки ба хотири баланд бардоштани сатҳи маънавиёти аҳолӣ дар як сол хондани на камтар аз панҷ китоби бадеӣ ва ҳифзи асарҳои манзуму мансури адибони гузаштаву муосирро барои калонсолону хонандагон ба роҳ мондан яке аз пешниҳоди муҳим дар Паёми соли гузаштаи Пешвои миллат буд.

Бале, китоб калиди дари илму маърифат ва нахустустоди тамоми башарият аст. Аз ин ҷост, ки ҳама бузургони ҷаҳон бо камоли муҳаббату самимият ва ихлосу сипос ситоиши ин сарчашмаи илму дониш кардаанду мартабаи онро баланд донистаанд. Мо, чун ворисони сазовор, ин анъанаро мебояд, ки пеш барем.

Саодат Абдулҳакимзода ,
директори муассисаи давлатии
“Китобхонаи оммавии вилояти
Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ
дар шаҳри Кӯлоб”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода