Эҳтимоли эътирофи “Толибон” аз тарафи Россия чӣ пайомад дорад?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 06 апрел, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 1 113
Ҷунбиши “Толибон” (гурӯҳи фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) ҳанӯз аз аввали солҳои 2000-ум дар саросари ҷаҳон чун гурӯҳи террористиву экстремистӣ эътироф гардидааст.
Соли 2021-ум ин гурӯҳи террористӣ тавонист, ки Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро ба пуррагӣ ғасб намояд ва худро Ҳукумати нави Афғонистон эълон кунад. Аз рӯзи аввали ба сари қудрат омадан ин гурӯҳи террористӣ талош бар он доранд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ онро ҳамчун Ҳукумати расмӣ эътироф намояд. Баробари ба сари қудрат омадан “Толибон” қонунҳои асримиёнагии худро рӯйи кор оварданд. Сохти давлатдориашон тайинотӣ буд. Онҳо бо истифода аз номи Ислом манфиату талабот ва хостаҳои худро рӯйи кор оварда, хурдтарин ҳуқуқу озодиҳои инсонро поймол намуда, дар Афғонистон ҳуқуқи башарро аз байн бурданд.
Тӯли 20 соле, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Афғонистон кумакҳои башардӯстона мерасонд ва маблағҳои ҳангуфт ҷудо намудааст, вале низоми устувори давлатдорӣ пойдор нагаштааст.
Ҳукумати “Толибон” низ дар ин самт қадами устуворе нагузоштааст. Ҷомеаи ҷаҳон дар он сурат ҷунбиши “Толибон”-ро эътироф мекунад, ки тамоми санаду меъёрҳои байналмилалӣ, ҳуқуқҳои умумибашарӣ ва эҳтироми ҳуқуқи инсонро барқарор намоянду интихоботи вакилонро тавассути раъйпурсӣ баргузор намоянд ва ҳукумати фарогир ташкил кунанд.
Қабули ҳамкорӣ бо “Толибон” аз ҷониби Россия андешаҳо ва гумонҳои зиёдро дар пай дорад. Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷаи Россия, дар изҳороти худ баён намуда буд, ки эҳтимоли эътироф ҳаст, вале тасмими дақиқ нашудааст. Россия Ҳукумати “Толибон”-ро ба расмият эълон ҳам кунад, ба давлатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ба Тоҷикистон хатаре таҳдид намекунад. Чунки барои Россия дар мадди аввал амният ва бехатарии давлатҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Аз ҷониби дигар шартномаҳое, ки байни Тоҷикистону Россия ба имзо расидааст, аз ҷумла шартнома дар бораи Амнияти сарҳадӣ, Созишномаи аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), Созишномаи ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва ИДМ кафолати бехатарии Тоҷикистонро таъмин менамояд. Бузургтарин пойгоҳи Россия дар хориҷи кишвар дар Тоҷикистон ҷойгир аст, инчунин, неруҳои ҳарбӣ бо теъдоди 7 ҳазор низомии ин давлат дар кишвари Тоҷикистон фаъолият доранд.
Аз ҷониби дигар, то имрӯз, Тоҷикистон бо Афғонистон муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ дорад. Вале ин маънои онро надорад, ки Тоҷикистон Ҳукумати “Толибон”-ро ба расмият эътироф кардааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти худ бо сарони давлатҳои ИДМ нисбати қазияи Афғонистон изҳор намуд, ки дар Афғонистон ҳукуматеро эътироф мекунем, ки тамоми қавму миллатҳои дар Афғонистон бударо фаро гирад, тамоми ақаллиятҳои миллӣ ҷой дошта бошанд, зеро 46%-и шаҳрвандони Афғонистонро тоҷикон ташкил медиҳанд.
Исмоил Мамадғафуров,
номзади илмҳои сиёсатшиносӣ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...