Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Модар гаҳвораву оламро бо ҳам мепайвандад


Модар гаҳвораву оламро бо ҳам мепайвандад



Модар! Баробари ба забон гирифтани он инсонро ҳисси самимияту садоқат фаро мегирад. Модар барои мо намунаи комили инсонест, ки бо будани худ ҳаётро, дунёро, ҳар лаҳзаи зиндагиро маънӣ мебахшад. Новобаста аз он, ки кадом фасл аст, бо дидори онҳо ҳама ҷо гул мекунад, ҷаҳонро атрогин месозад ва чор фасл ҳамранги баҳор мешавад.

Қадри Модар дар фарҳанги момардуми ориёӣ таърихи қадима дорад. Ҳатто дар даврони пеш аз ислом, Модар дар ҷомеаи мо мақоми хосса дошт ва шоҳони ориёӣ, аз ҷумла Куруши Кабир низ, ки фармонравои Шарқу Ғарб буд, дар ҳузури Модар рост истода, то замони берун рафтани ӯ ба тахти худ наменишастааст. Модарони мо на танҳо нобиғаҳое ба монанди Ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Закариёи Розӣ ва амсоли онҳоро дар домани поки худ парвариш додаанд, балки дар саҳнаҳои набард зидди истилогарон аз худ корнамоиҳои гӯшношунид боқӣ гузоштаанд. Ҷонфишониҳои Гурдофарид, қаҳрамониҳои Рухшона, малика Бӯрондухт ва малика Томирис он қадар мафтункунандаанд, ки онҳо аз ҷониби аҷнабиён низ мавриди ситоишу таҳсин қарор гирифтаанд.

Дар замони шӯравӣ номи лётчикзани тоҷик Ойгул Муҳаммадҷонова, сиёсатмадор Низорамоҳ Зарипова, рӯзноманигор Бӯринисо Бердиева ва чандин занони диловари тоҷик ифтихори ҳаммиллатони худ буданд. Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон мақоми зан боз ҳам боло рафт. фармони Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа ба тасвиб расид. Он ба хотири дар тамоми зинаҳои ҳаёти сиёсиву фарҳангӣ ва иҷтимоиву маданӣ назаррас шудани нақши занон мебошад. Бо ишора ба қудрати фавқулодаи онҳо Пешвои миллат чунин фармудаанд: “Модар гаҳвораву оламро бо ҳам мепайвандад.” Зан-модар сарфи назар аз мақоми иҷтимоии худ, ҳамеша дар ҷамъият мавқеи омӯзгориро дошт ва дорад.

Рисолати азалии ӯ, пеш аз ҳама, тарбияи дурусти фарзанд ва ташаккули солими шахсияти он ба ҳисоб меравад. Дастони муъҷизакор ва суханони сеҳромези зан наслеро месозад, ки дар оянда миёни ҷомеа мавқеи устувори худро пайдо менамояд ва кишвару миллати худро ба ҷаҳониён ба тариқи шоиста муаррифӣ мекунад. Бо назардошти ҳамин хусусият Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар гуфта буданд: «Аз қадим тарбияи фарзанди солим, некиродаву солеҳ ва ватандӯст дар таърихи халқи тоҷик яке аз вазифаҳои муқаддаси оила ва ҷамъият ба шумор мерафтааст. Ба ин масъала ҳам дар тамаддуни ориёӣ, ҳам дар фарҳанги исломӣ ва ҳам дар адабиёти оламшумули мо таваҷҷуҳи бисёр ҷиддӣ зоҳир шудааст». Имрӯз дар вилоят занони тарбиятгар зиёданд. Онҳо бо фаъолияти созанда ва бунёдкоронаи худ дар таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлоламон саҳми арзанда мегузоранд.

Бо сарбаландӣ метавон гуфт, ки имрӯзҳо занон-модарон дар тамоми зинаҳои маориф ба ҳайси мураббия, омӯзгор, сарвари муассисаҳои таълимӣ ва роҳбарии шуъбаҳои маориф фаъолият мекунанд. Мо заҳматҳои занонро дар пешаи омӯзгорӣ медонем, инро ҳам медонем, ки тавассути тарбия ва таълими онҳо даҳҳо муҳандису олиму шоир ва ашхоси муваффақ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба воя расидаанд. Оре, зан-модар фидокори роҳи таълиму тарбия, фидокори пешаи омӯзгорӣ, фидокори соҳаи мактабу маорифанд ва мо бовар дорем, ки онҳо ин фидокориро ба фарзандони худ, пайвандони худ ва шогирдони худ меомӯзонанд, то онҳо дар роҳи ба қуллаҳои рушд расидани Тоҷикистон ва ба авҷи саодат роҳ ёфтани мардуми он холисона саъйю кӯшиш намоянд.

Бо истифода аз ин минбар, бо самимият мегӯем: Рӯзи модар бароятон муборак бод, модарони азиз! 


Ғазалшо Сафарзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон 

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода