Бибии Гулсифат - куҳансолтарин зан
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 05 март, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо / Чеҳранигорӣ, Боздид 1 178
Бибии Гулсифат (соли таваллудаш 1910) дар деҳаи Меҳристони ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон зиндагӣ мекунад ва шукронаи онро дорад, ки фазои оро- ми кишварро Сарвари давлат – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сокинони мамлакат муҳайё намудааст.
Кампири Гулсифат бо чашмони хирабинаш ба сӯи тиреза, ки равшании офтоб хонаро мунаввар месохт, нигариста, солҳои кӯдакӣ ва ҷавониашро ба хотир овард. Кӯдакӣ ва ҷавонӣ дар деҳаи Дараи бед гузашт ва ҳамроҳи падараш Пирбой 100 сол пеш подаи бузу говҳояшонро дар саҳрои пур аз обу алаф мепоид. Чӣ лаззату фараҳбахшӣ дошт, давраи кӯдакию ҷавониаш, дар оғӯши саҳрои деҳааш. Баъдан, ӯро ба шавҳар доданду соли 1952 соҳиби писар шуд ва ӯро Абдусамад ном ниҳоданд. Сипас, соҳиби як духтарчаи дигар шуд. Ҳангоми дар батни модар будани фарзанди саввум шавҳари момаи Гулсифат - Қузибек дунёро падруд гуфт. Гулсифат баъди фавти шавҳар се фарзандро ба воя расонд. Ҳоло Абдусамад дар хонаи падарӣ модарро нигоҳубин мекунад.
Момои Гулсифат фарзандони худро хонадор намуд. Имрӯз набераҳо, ки шумораашон ба 22 нафар расидааст, аз меҳрубонии модаркалон – Гулсифат Пирова баҳравар мегарданд. Абераҳои бибии Гулсифат 55 нафар буда, соҳиби як чабера ҳам гаштааст. Набераю абераҳо қариб ҳар рӯз аз аҳволи бибӣ хабар мегиранд ва барояш савғо меоранд. Бибиро чашмонаш каме хира гаштаанд ва гӯшҳояш овозро хуб намешунаванд. Ҳамеша барои фарзандону наберагон дуои нек медиҳад.
З. Ҳасанов, ноҳияи Ёвон