Умри бобаракат
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 март, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо / Чеҳранигорӣ, Боздид 777
Момои Холдона субҳи барвақт аз хоб хеста, пас аз ибодату шукргузории расидан ба як рӯзи нав, барои тинҷиву осоиштагии меҳан, якдиливу иттифоқии мардуми сарбаланди тоҷик ва Пешвои миллат дасти дуо мебардорад. Холдона Беғамова, сокини шаҳри Левакант буда, модари 7 фарзанду момои 23 набера ва момокалони даҳҳо абера мебошад.
Момои Холдона имрӯз дар синни мубораки 87 қарор дошта, дар омадани фасли зебои баҳор рӯзҳои гузаштаи худро чун саҳифаҳои китоби хондашуда як – як варақгардон мекунад. Рӯзҳои пешинро пеши назар меорад, ки дар куҷо буду ба куҷо расид ва то ба имрӯз чӣ нафъе дар ҷамъият гузошт. Албатта, самараи заҳматҳои модари дилсӯзу асил ин фарзандони бомаърифату соҳибэҳтиром ва дӯстдори халқу ватан мебошад. Қаҳрамони мо тамоми ҳастии худро ба тарбияи фарзандон бахшид. Зеро, модари раҳматиаш Бибича ба ӯ борҳо таъкид менамуд: “Модар дар тарбияи фарзандон ва киву чӣ шудани онҳо нақши асосӣ мебозад”.
- Ҳар рӯз аз парешоншавии ҷуфте хабари шум мерасад. Ин маро ғамгин мекунад. Чун пешрафти давлату ҷамъият аз оила сарчашма мегирад,- суханро оғоз кард момои Холдона Беғамова. - Калонсолон ва ҷавонон нозук шудаанд. Хусусан, занҳо рашки зиёди беасос мекунанд, ки сарчашмаи ҷудошавии оилаҳо мегардад. Боз аз телефонҳои мобилӣ зиёд истифода мекунанд. Охир насли мо бе ҳамин телефон ҳам зиндагӣ карда тавонист ва ҳеҷ мушкилие набуд. Ҳоло барои ҷавондухтарон дар истифодаи телефони мобилӣ меъёрро риоя кардан лозим мебошад.
Момои Холдона бо ёдоварӣ аз даврони наврасиву ҷавонии худ нақлро идома дода, изҳор дошт, ки дар деҳаи Кангурти ноҳияи имрӯза Темурмалик соли 1935 дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Аз синни сесолагӣ ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ меояд. Дар ин ҷо бо Муҳаббат ном ҷавон оиладор шуд. “Қабл аз оиладоршавӣ бояд ҷавонҳо якдигарро донанду шиносанд. Зеро, яке аз мушкилиҳои асосӣ дар он аст, ки ҳамдигарро намешиносанд ва рафтору гуфторашон рост намеояду боиси муноқишаҳои оилавӣ мегардад.
Масалан, худи ман шавҳарамро медонистам ва мешинохтам. Ин буд, ки бо Муҳаббат солҳои зиёд зиндагӣ кардему соҳиби ҳафт фарзанд шудем” – мегӯяд момо. Имрӯз, барои маслиҳат ва дуои момои Холдонаро гирифтан сокинони шаҳри Левакант доиман ӯро аёдат мекунанд. Ӯ умри дидаи худро бобаракат унвон кард. Зеро, фарзандону наберагонаш намунаи ибратанд ва ӯ дар ташаккули шахсияти онҳо саҳми бориз дорад. Момои Холдона ҳамеша даст ба дуо бардошта, ба Пешвои миллат ва ба тоҷику тоҷикистонӣ рӯзгори некро орзу мекунад.
С. АЗИЗЗОДА, “Хатлон”