Бибии ширинсухан
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 март, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо / Чеҳранигорӣ, Боздид 704
Дар яке аз гӯшаҳои хушбоду ҳавои водии Рашт, ҳанӯз, замоне ки Тоҷикистон дар харитаи ҷуғрофӣ дарҷ нагардида буд, дар хонадони бобои Ниёз тифле ба дунё омад, ки волидон ба умеди зиндагии хушу ояндаи неки меҳан Давлатпочо номаш ниҳоданд. Аз шиносномаи бадастдоштаи момо бармеояд, ки он шабу рӯз 1 июни соли 1914 будааст.
Давлатпочо Ниёзова чун дигар ҳамсолон дар ин минтақаи зебоманзар бехабар аз тантанаи Инқилоби кабири давлати Шӯроҳо ва шикасти Аморати Бухорои шариф ба воя мерасид, дар кори рӯзгордории хонаводагиву саҳро мададгори аҳли оила буд. Дар ҳамин ҷо ба шавҳар баромад, фарзанддор шуд ва чи тавре, ки аз пешиниён меомад, дар пайомади дигаргуниҳои давр ҳам ҳамин гуна умр ба сар мебурд. Соли 1937, замоне, ки бо зарурияти ободкориҳои таҳдашт масъалаи муҳоҷиркунии кӯҳистониён пеш омад, оилаи Давлатпочоино низ муҳоҷир шуданд ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва маскан гирифтанд дар деҳаи Боқӣ Раҳимзодаи Ҷамоати деҳоти «Иттифоқ».
Акнун самти фаъолияти кӯҳистониён дигар шуд. Ҳама узви колхоз шуданду ба пахтакорӣ машғул гардиданд. Ин зани устухонаш бо меҳнат сахтшуда дар кори колхоз низ намуна буд. Бо обрӯи баланд нафақа баромад ва ҳамчун собиқадори меҳнат соҳибунвон гардид. Фарзандони худро, ки ду писару ду духтаранд, бо меҳнати ҳалол ба воя расонид, ки имрӯз вобаста ба сохти нави хоҷагидорӣ писараш ба соҳибкорӣ машғул асту дар ин ҷода муваффақ ҳам гардидаанд.
Дар суҳбати момои Давлатпочо нишастан аҷаб кайфияте дорад. Нақлҳояш силсилафилмеро мемонад, ки давраҳои гуногуни ҳаётро дар бар мегиранд. Давраи бою амлокдорон, ташкилшавии аввалин ядрои давлатдории Шӯроҳо-звеноҳо, артелу иҷоракорӣ, колхоздорӣ, ҷанги хонумонсӯзи Гирмон, давраи барқарорсозии харобаҳои баъдиҷангӣ, ғалабаи мутлақи сотсиализм ва пошхӯрии он, қадамҳои нахустини соҳибистиқлолӣ бо нофаҳмиҳои дохилидавлатӣ, ҷанги таҳмилӣ, ки Тоҷикистонро фаро гирифту оқибат тантанаи ҳақиқат ба залолату мансабхоҳон, душманони дохиливу хориҷӣ, имрӯза таваҷҷуҳу ғамхориҳои давлату Ҳукумат ва бахусус Пешвои миллат дар ҳаққи онҳое, ки ин ҳамаро бо чашмон дидаву дар пешравиҳои истеҳсолот саҳмгузорӣ кардаанд, ҳамааш дар лавҳи хотири ӯ нақш бастааст. Ҳамин аст, ки ҳар лаҳзаи нақли худро момои Давлатпочо бо дуои хайр дар ҳаққи ин давлату ин Сарвар оғоз менамояд.
Умрат дарозу танат сиҳат, зиндагиат пурсаодат бод, момои кушодадил!
И. Ҳасанов, «Хатлон»