Бинои фурӯрафта бозсозӣ мешавад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 17 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 813
Бинои муассисаи таълимии №31-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки нимаи дуюми рӯзи 11 феврал як синфхона ва ҳуҷраи кории директор фурӯ рафт, дар ояндаи наздик бозсозӣ карда мешавад.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни нишасти матбуотии худ қайд карданд, ки муассисаи мазкур аз се бинои таълимӣ иборат буда, биноҳо мутаносибан солҳои 1957, 1967 ва 2011 сохта шудаанд. Дар он 769 нафар таҳсил намуда, 34 нафар омӯзгор ба таълиму тарбия машғуланд. Рӯзи 11 феврал танҳо шифти як синфхона ва утоқи кории директор фурӯ рафта, қабл аз фурӯравӣ тамоми хонандагону омӯзгорон, ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва мизу курсиҳо аз бино берун карда шудаанд.
Бо назардошти дар ҳолати садамавӣ қарор доштани бинои муассиса, он барои ворид кардан дар қатори иншооти сохташаванда ба лоиҳаи марҳилаи навбатии Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2028 пешниҳод шудааст.
http://khatlon-ruznoma.tj/