Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...

Дар доираи нақшаи тадбирҳо оид ба Солҳои фарҳанги китобхонӣ бо ибтикори идораи рӯзномаи “Хатлон” дар нашриёти “Торус”-и шаҳри Душанбе китоби собиқадори матбуоти тоҷик, публитсисти соҳибтаҷриба, аълочии матбуот ва фарҳанги Тоҷикистон Исматулло Ҳасанов таҳти унвони “Гардиши айём” рӯйи чоп омад.
Китоби «Гардиши айём» маҷмуаи мақолаҳо, очеркҳо ва ҳикояҳои муал-лиф мебошад, ки дар солҳои гуногуни фаъолияти эҷодии ӯ дар матбуоти даврии кишвар ба нашр расидаанд. Дар ин асар, ки аз 256 саҳифа иборат аст, Исматулло Ҳасанов бо нигоҳи таҳлилӣ ва сабки содаву равон ба масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа, ахлоқи инсонӣ, арзишҳои миллӣ, рӯзгори мардум ва сабақҳои зиндагӣ рӯ оварда, онҳоро бо мушоҳидаҳои ҷолибу андешаҳои пандомӯз ба қалам додааст.
Навиштаҳои китоб бо самимият, воқеъбинӣ ва ҳунари публитсистии муаллиф фарқ намуда, хонандаро ба андеша ва хулосабарорӣ водор месозанд. Ин маҷмуа ба муносибати 70-солагии Исматулло Ҳасанов таҳия гардида, бозгӯи роҳи эҷодӣ ва таҷрибаи бисёрсолаи рӯзноманигории ӯ мебошад.
Қобили зикр аст, ки Исматулло Ҳасанов аз соли 1985 ба кори матбуоти даврӣ пайваста, солҳои гуногун дар рӯзномаи “Ба пеш” (ҳоло “Баҳористон”)-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба ҳайси сармуҳаррир, дар телевизиони вилоятии “Хатлон” ва дар рӯзномаи вилоятии“Хатлон” ба сифати котиби масъул фаъолият кардааст.
ҚАЛАМ ДАР ГАРДИШИ АЙЁМ
Дар олами публитсистикаи тоҷик номи Исматулло Ҳасанов ба ҳайси рӯзноманигори соҳибтаҷриба, публитсисти андешаманд ва ҳикоятнигори соҳибсабк ба хубӣ шинохта шудааст. Солҳои тӯлонӣ фаъолияти ӯ бо матбуоти даврии вилоятии Хатлон ва умуман, журналистикаи тоҷик пайванди ногусастанӣ дорад. Насли рӯзноманигорони чанд даҳсолаи охир ӯро ҳамчун шахсияти хоксор, зарифу шӯхтабъ, суханвари борикбин ва соҳибқалами пуркор мешиносанд. Исматулло Ҳасанов аз ҷумлаи чунин рӯзноманигорону публитсистоне мебошад, ки солҳо бо қалами худ дар таҳкими арзишҳои маънавӣ, тарғиби меҳнати созанда ва бозгӯи зиндагии воқеии мардум саҳм гузоштааст.
Маҷмуаи«Гардиши айём», ки инак, ба дасти хонанда расид, самараи андешаҳо, мушоҳидаҳо ва таҷрибаи солҳои зиёди фаъолияти эҷодии муаллиф аст. Дар ин китоб мақолаҳо, очеркҳо ва ҳикояҳое гирд омадаанд, ки дар давраҳои гуногун дар нашрияҳои даврии вилоят ва ҷумҳурӣ рӯйи чоп дидаанд. Ҳар як матлаб порчае аз зиндагии ҷомеа, қиссае аз рӯзгори мардум ва бозтоби андешаҳои шахсии муаллиф мебошад.
Худи муаллиф низ дар сарсухани мухтасари китоб бо фурӯтании хос менависад: «Саъй карда маҷмуае омода сохтам, ки солҳои гуногуни фаъолиятам дар рӯзномаву телевизион чоп гардидаанд. Баҳои онро ба хонандаи бисёр ҳам закиву нуктасанҷ ҳавола мекунам». Ин сухан аз як тараф тавозӯи эҷодкорро нишон диҳад, аз ҷониби дигар масъулияти баланди ӯро дар назди хонанда тасдиқ мекунад.
Тавре худи ӯ дар хотироташ ишора мекунад, роҳ ёфтан ба ин касб барои ӯ тасодуфӣ набуда, натиҷаи шавқу рағбат, ташвиқу роҳнамоии устодон ва меҳри самимӣ ба матбуот будааст. Худи ӯ дар яке аз хотираҳои китоб бо эҳсоси сипос чунин менависад: «Сабабгори ба рӯзноманигорӣ шавқ пайдо кардан ва ҳаёти худро ба он тавъам намудан устод Сайдалӣ Бобохонов мебошад… Барои ҳамин аз ака-Сайдалӣ Бобохонов якумр миннатдор ҳастам, чунки бо далолати ӯ ин касбро интихоб кардам». Яъне, тавре ки худи Исматулло Ҳасанов иқрор мекунад, роҳи эҷодии ӯ аз мактаби устодӣ ва эҳтиром ба анъанаҳои рӯзноманигории миллӣ сарчашма мегирад. Ҳамин меҳр буд, ки ӯро аз кори омӯзгорӣ ба муҳити пурмасъулияти рӯзноманигорӣ овард ва аз ҳамон рӯз то имрӯз ин рисолатро бо масъулияти баланд идома медиҳад.
Барои акаи Исматулло ин касб роҳи хизмат ба ҷомеа ва баёни ҳақиқат аст. Дар ҷойи дигар муаллиф рӯзноманигориро бо ташбеҳи бисёр ҷолиб чунин тавсиф мекунад: «Хушоянд он аст, ки ба уқёнуси бепоёни гоҳо орому гоҳо пурталотуми рӯзноманигорӣ дохил шуда, то ба имрӯз ранҷ мекашам, роҳатфизо…».
Ин ҷумлаҳо баёнгари эҳсоси шахсии муаллиф буда, гуфтан мехоҳад, ки рӯзноманигорӣ заҳмат аст, вале заҳмате, ки лаззати маънавӣ мебахшад. Сафарҳои зиёди хизматӣ, мулоқот бо одамони касбу кори гуногун ва мушоҳидаҳои мустақим ба ҷаҳонбинии ӯ ранги тоза бахшида, заминаи воқеии эҷоди матлабҳои пурмазмунро фароҳам овардаанд.
Аз нигоҳи жанрӣ навиштаҳои маҷмуа гуногунанд: очеркҳо, ёддоштҳо, мақолаҳои публитсистӣ ва қиссаҳои хурди ҳаётӣ. Дар маркази ҳамаи онҳо инсон меистад, инсон бо ормонҳо, меҳнат, мубориза ва шарафи худ. Муаллиф бештар ба зиндагии одамоне рӯ меорад, ки бо меҳнати ҳалол ва садоқатмандона ба ҷомеа хизмат кардаанд. Бо ҳамин роҳ ӯ як навъ галереяи образҳои иҷтимоии замони худро эҷод мекунад.
Осори Исматулло Ҳасанов, пеш аз ҳама, бо самимият, содагии баён ва наздикӣ ба ҳаёти воқеӣ фарқ мекунад. Ӯ дар навиштаҳои худ бештар ба сарнавишти инсон, ахлоқи ҷомеа, муносибатҳои иҷтимоӣ ва арзишҳои маънавӣ рӯ меорад. Муаллиф воқеаҳои одии рӯзгорро ба ҳадде ҳунармандона ба қалам медиҳад, ки онҳо ба андешаи амиқи публитсистӣ табдил меёбанд.
Яке аз хусусиятҳои муҳими сабки эҷодии ӯ ин пайвастани воқеияти ҳаёт бо тасвири бадеӣ мебошад.
Масалан, дар яке аз ҳикояҳои китоб чунин тасвири зинда ба назар мерасад: «Чак-як, чак-ду, чак-се...
Аз чакиши қатраҳои борони бозмондаву ҳисобшумории бенатиҷаи худ мӯйсафед дилгир шуд... Вале қатраҳои борони дар бом ҷамъшуда нияти бас кардан надоштанд». Ин гуна ҷузъиёти ба назар хурд дар навиштаҳои муаллиф фазои зиндаи зиндагиро эҳё карда, хонандаро ба олами воқеа ворид месозанд.
Дар айни замон қалами ӯ аз танқиди иҷтимоӣ ва ишораҳои ҳикматомез низ холӣ нест. Ҳар як образе, ки дар очеркҳо ва лавҳаҳои ӯ ба қалам меояд, бо хислатҳои зиндаи инсонӣ ва воқеияти иҷтимоӣ пайванд дорад. Ин хусусият ба эҷодиёти ӯ ранги мардумгароёна мебахшад.
Публитсистикаи муаллиф аз мушоҳидаи амиқи ҳаёт, эҳтиром ба шахсият ва талош барои кашфи паҳлуҳои пандомӯзи зиндагӣ сарчашма мегирад. Масалан, дар яке аз очеркҳо муаллиф бо ифодаи бадеӣ симои роҳбари мардумиро чунин тасвир мекунад: «Шарофатраис аз ҳамин ҷумла роҳбарон аст, ки номашро мардум бо ифтихор ба забон мегиранд… Сокинони деҳоте, ки ӯ роҳбар аст, мушкилоти чандсолаашонро дар як имдодпурсӣ ҳалшуда ёфта, аз наздаш ба хурсандӣ мебаромаданд». Дар чунин ҷумлаҳо ҳам маҳорати тасвиргарии журналистӣ ва ҳам ҷаҳонбинии иҷтимоии муаллиф ба хубӣ эҳсос мегардад.
Сабки навишти Исматулло Ҳасанов содаву равон, самимӣ ва хонданбоб аст. Ӯ ба ҷуз аз публитсистика ба жанрҳои бадеӣ низ рӯ оварда, қиссаҳо, ҳикояҳо ва лавҳаҳои ҷолиб офаридааст. Ҳатто дар матнҳои бадеии ӯ ҳам рӯҳи публитсистӣ ва назари таҳлилгаронаи рӯзноманигор эҳсос мешавад. Муаллиф гоҳе бо шӯхиву киноя, гоҳе бо ҳикмату панд ба масъалаҳои рӯзгор рӯ меорад. Масалан, дар як маводи китоб бо лаҳни ҳазломез менависад: «Тарафи муқобил(келини хонадон) ин суханони пурҳикмати маро ҳеҷ қабул намекард. Қувваи дар эҳтиёт бударо ба ёрӣ ҷеғ мезад. Дар ҳамин маврид дарк мекардам, ки занон бе ягон ваҷҳ якдигарро намефурӯшанд.
Ҳарчанд хусумати келину хушдоман аз рӯзи азал бекор нашудааст, вале гоҳо онҳо ҳамчунон ба ҳамдигар қарин мешудаанд, ки бас ногуфтанию касе бовар намекардагӣ... Бо ду қувваи бузург муқовимат карданро зӯри беҳуда ҳисобида, ваъда додам, ки рӯзи якшанбе ҳатман аз пайи ин кор мешавам...».
Ин гуна тарзи баён ба матлаб равонӣ ва ҷаззобият мебахшад ва услуби хоси публитсистиро тақвият медиҳад.
ОСОРИ ИН МАҶМУА ГУВОҲ АСТ, КИ ИСМАТУЛЛО ҲАСАНОВ, ПЕШ АЗ ҲАМА, РӮЗНОМАНИГОРИ МАРДУМӢ МЕБОШАД. ҚАҲРАМОНОНИ Ӯ ОДАМОНИ ОДӢ- ОМӮЗГОР, ДЕҲҚОН, ПИРОНИ РӮЗГОРДИДА, ҶАВОНОНИ ОЯНДАСОЗ МЕБОШАНД. ДАР САРНАВИШТИ ОНҲО МУАЛЛИФ НА ФАҚАТ ВОҚЕА, ҲАМЗАМОН, МАЪНИИ ЗИНДАГИРО МЕҶӮЯД. АЗ ҲАМИН ҶОСТ, КИ БИСЁР МАТЛАБҲОИ КИТОБ ХОНАНДАРО БА АНДЕША МЕБАРАНД ВА ДАР УМҚИ ҲАР ҲИКОЯ ЯК ҲИКМАТИ АХЛОҚӢ ҲУВАЙДО МЕШАВАД.
Солҳои фаъолияти ӯ дар матбуот мактаби воқеии журналистика будаанд. Муаллиф аз рӯзномаи ноҳиявӣ то нашрияи вилоятии «Хатлон» ва дигар расонаҳо фаъолият карда, таҷрибаи бойи касбӣ андӯхтааст. Ин таҷриба имрӯз ҳам дар интихоби мавзуъ, ҳам дар сохтани сюжет ва ҳам дар тарзи баёни андеша, хуллас, дар ҳар сатри навиштаҳояш эҳсос мешавад. Дар муҳити эҷодии вилояти Хатлон Исматулло Ҳасанов ҳамчун публитсисти фаъол ва шахсияти соҳибэҳтиром шинохта шудааст. Ӯ дар тарбияи насли ҷавони рӯзноманигорон низ саҳми арзанда гузошта, бо таҷриба ва маслиҳатҳои худ барои бисёре аз қаламкашони ҷавон намунаи ибрат будааст.
Маҷмуаи«Гардиши айём» дар асл як навъ ойинаи замон аст. Дар он саргузаштҳои шахсӣ, гузашта аз он, рӯйдодҳои иҷтимоӣ, хотираҳои рӯзгор ва андешаҳои инсонӣ гирд омадаанд. Хонандаи имрӯз метавонад аз миёни ин саҳифаҳо ҳам тасвири давраҳои гузашта ва ҳам андешаи муаллифро дар бораи зиндагии имрӯза дарёбад.
Бовар дорам, ки ин китоб барои дӯстдорони публитсистика, рӯзноманигорон ва оммаи васеи хонандагон ҷолиб хоҳад буд. Он намунаи ҳунари эҷодии як журналисти соҳибтаҷриба буда, ёдгории андешаи замон низ маҳсуб меёбад. Умед аст, ки«Гардиши айём» хонандаро ба қадршиносии меҳнати рӯзноманигор, эҳтиром ба каломи рост ва дарки амиқи арзишҳои инсонӣ раҳнамун месозад.
Носирҷон МАЪМУРЗОДА,
номзади илмҳои филологӣ, барандаи Ҷоизаи
ИЖТ ба номи Абулқосим Лоҳутӣ,
сармуҳаррири рӯзномаи«Хатлон»
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
(ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ)...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.
