Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » БАЛАҶОНИ ҚАҲРАМОН


БАЛАҶОНИ ҚАҲРАМОН




Овозаи  корнамоиҳои  духтур  Балаҷон дар сар тосари мамлакат паҳн шуд. Дасташ дуои  хайри  Исо  гирифтагӣ  барин,  мурдаро  зинда  мекардааст.  Балаҷон  якумр  духтури  одӣ  шуда  кор  мекард.  Се-чаҳор  соли охир  дар  шуъба  фақат  хоксорона  одамони камбағалро ҷарроҳӣ менамуд. Соли гузашта аз даҳ бемор ҳашт нафарашро ба он дунё гусел кард. Чаро? Акнун замона- замони бозори  иқтисодӣ-дия.  Зиндагӣ  мушкил.  Бино бар ин, Балаҷон одамонро аз ин азоб халос кард. Ана,  ҳамин Балаҷон ҳоло дар тамоми дунё машҳур аст. 

Радиоҳои хориҷӣ низ беист аз тадқиқот ва кашфиёти Балаҷон чанд репортаж шунавонданд. Вале одамони шаккок ҳоло ҳам дар ғайбаш «ба падараш рафтагӣ,  ҳар чӣ касби падарро— раҳматии Рӯзибойи қассобро сабил намонда мегӯянд». Балаҷон аз худ нарафт. Ҳамоно чун пештара бо Жигулии куҳнааш ба кор меомад. «Қадри одам ҳам аз хоксорӣ баланд мешавад», - гуфта, ба тӯй низ бо хилъати сафеди куҳнааш мерафт. Порсол ҳамин шахси таърихия сардухтур пеши одамон шарм доронд.

- Канӣ, Балаҷон Рӯзиевич! Бигӯед, ки оё духтур бо хилъати ранги сиёҳ ба кор меояд?

- Раҳим  Кокулович!  Ин  хилъати  ман  як вақтҳо сафед буд. Ана, этикеткаш. Чанд бор ба шумо аз нарасидани собун нома навиштам, аммо то ҳол собун нагирифтаем. Аз Балаҷон ягон бемор шикоят намекард. 

Чунки  ҳамаи  беморонаш  пеш  аз  амалиёти ҷарроҳӣ бо ӯ хайрухуш карда, сафари охират мекарданд. 

Ҳамин Балаҷон як сол пеш ноҳияро қоил кард. Аз чарогоҳи дурдасти колхоз даъвати ёрии таъҷилӣ омад. Балаҷонро фиристоданд. Рафта,  беморро  оварда,  амалиёти  ҷарроҳӣ кард. Ӯ ба Худо арбада намекард. Хости Ху-до-дия. Чӯпон вафот кард. Ва агар Балаҷон намебуд, вай бо кӯррӯдаи кафида реҳлат ме-кард. Додари чӯпон бошад, то калонҳои ноҳия рафта, шикоят кард:

- Ин  духтур  ба  чарогоҳ  омада,  касалро монда,  одами  сипсиҳатро  бурда,  ҷарроҳӣ кард. Чӯпони касал дар хайма буд. Духтуратон чӯпони хобрафтаро ба мошин бор карда, овард. Комиссия шикояти он шахсро санҷид. Ба чунин хулоса омад, ки духтур Балаҷон камтар иштибоҳ кардааст. Он қадар хатарнок не. 

Табибон низ чун дигарон, гарчанде ки ба мо таъкид мекунанд, ки обро ҷӯшонида хӯрем,  худашон  шири  хом  хӯрдаанд.  Кам  инсон дар ин дунё бе иштибоҳ аст. Экспертизаҳо иштибоҳи  ҷузъии  Балаҷонро  муқаррар  карданд.  Ӯ  ба  ҷои  кӯррӯда  ҳарду  гурдаи  бе-морро  канда  партофтааст.  Вале  хизматҳои шоёни Балаҷонро ба эътибор гирифта, чун дружиначии фаъол, аъзои ҳайати таҳририяи газетаи деворӣ гуноҳашро бахшиданд. Аммо барои нобуд кардани моликияти ҷамъиятӣ ба ӯ виговори қатъӣ доданд-Балаҷон дар вақти ҷарроҳӣ қайчии шифохонаро дар шиками бемор фаромӯш карда буд…

Балаҷон гапдаро ва гапшунав аст. Ҳарчӣ фармоянд, иҷро мекард. Соли аввали кор дар яке аз шифохонаҳои участкавӣ ҷарроҳ намерасид. Ҳарчанд баҳона  карда буд, ки ман те-рапевт ҳастам(Балаҷон се сол баъди хатми институт фаҳмид, ки ӯ терапевт аст. Барои он ки фаромӯш накунад, дар вақти табобат низ дипломашро бо худ гирифта мегашт), зӯран ба беморхонаи участкавӣ фиристоданд. Дасташ тез рост шуд. Дар ним сол ғайр аз кор-манди  шифохона  касе  зинда  намонд.  Обу ҳавои посёлка ба Балаҷон форид. Фарбеҳу бақувват шуд. Чанд тан аз зиндамондагон аз ҳукумати ноҳия хоҳиш карданд, ки онҳоро аз Балаҷон халос кунанд. Аҳли деҳа Балаҷонро тантанавор гусел карданд. Балаҷон ҳамеша чун пионер омода буд. Дар колхози дурдасти кӯҳдоман духтур намерасид. “ҳа, хуб” гӯён ба он ҷо рафт. Ана, ин даври ҳаёти Балаҷон хеле босамар гузашт. Дар шифохонаи колхозӣ пас аз ним сол қарор доданд, ки Балаҷон духтури ҳайвонот- байтор таъин шавад. Гапашон ҷон дошт. Тамоми узвҳои одаму ҳайвон, ғайр аз забони лаққӣ, монанд буданд. Дарди ҳайвону  инсон  низ  қариб  баробар  аст.  Ва  азбаски Балаҷон қассоби таппа-тайёр буд, нархи гӯшт дар колхоз хеле арзон шуд. Маъмурияти колхоз аз ин хабар ёфта, Балаҷонро, Балаҷони бетолеъро  пеш  карданд.  Ба  одами  қобилу доно дунё танг аст. Ҳама ҷо одами кордонро бад медидаанд-дия! Худатон фикр кунед, модагов касал шавад, Балаҷон ҷони худашро даруни гов дарорад? Илоҷи модагови касал фақат дар дасти қассоб нест магар?!

Баъди  рухсатии  кӯтоҳмуддат  Балаҷонро дар шифохонаи колхози баландкӯҳ духтури гӯшу гулӯ ва бинӣ таъин карданд. Ин аз ҳама касби мушкил буд. Ӯ акнун бо узвҳои бадтарини бадани инсон сару кор дошт. Балаҷон хеле одами хоксор аст. Нафсаш ҳам бо андак чиз сер мешуд. Ба андак қаноат мекард. Боре ба шуъба беморе оварданд, ки ангуштарии тилло фурӯ бурдааст. Ӯ ин беморро бепул ба мудири шуъба тақдим кард. Худаш бошад, бемори тангаи панҷтина фурӯбурдаро ҷарроҳӣ кард.  Аммо  беморон  хеле  мумсику  шаккок ҳастанд. Дар зарфи ду сол ризқаш баста шуд. 

Ягон  нафар  ҳатто  як  мисқол  нуқраи  хомро фурӯ набурд…

Чун  анъана,  ҳаёти  одамони  машҳур  бо тамоми  ҷузъиёташ  гирд  оварда  мешавад. Мукотибаҳо  ва  хотираҳояшон  барои  музею осорхонаҳо ҷузъи нодир аст. Балаҷон намедонист, ки одами бузург мешавад. Барои ҳамин ҳамаи номаҳои завҷааш, виговорҳои шифо-хона ва актҳои ҳалок шудани модаговро гум карда буд.

Ман  як  моҳ  пеш  аз  бузург  шуданаш  бо Балаҷон мусоҳиб шудам. Ин табиби бузург маризонро бидуни додани доруи мадҳушкунӣ ба  ҷарроҳӣ  омода  мекард.  Ин  кашфиёти дунявӣ буд. Чунки наркоз ба организми инсон таъсири бад мерасонд. Одамони бузург табиатан хоксор мешаванд. Намехоҳанд, ки дар бораи онҳо суханони дабдабанок гӯянд.  

Он  рӯз200 нафар  хабарнигорони  дохилию хориҷӣ, ҷосусону агентҳо, наҳангҳои матбуоти Ғарб аз паяш такудав доштанд. Балаҷон ба  ман  низ  суҳбат  қарздор  буд.  Вале  ӯро дастгир  кардан  амри  маҳол  аст.  Бо  вуҷуди ин, хабарнигорони хориҷӣ аз забони мардум қаҳрамонии  Балаҷонро  дастраси  ҷаҳониён карданд. Фақат ман тавонистам бо ӯ мусоҳиб шавам.  Бо  маслиҳати  дӯстон  ман  модагови  Балаҷонро  гаравгон  гирифтам.  Балаҷон ноилоҷ шарти маро қабул кард. Ва ба ҷои муқарраршуда ба суҳбат ҳозир шуд. Пас аз аҳволпурсӣ гиря кард:

-Ман бузург шудан намехоҳам. Бародари азиз! Маро ором гузоред! Ман ягон кашфиёт накардаам.

Қоил ман ба хоксории инсон!

- Не, дӯстам, ман рост мегӯям. Сирри ин кашфиёти ман ин аст, ки пеш аз ҷарроҳӣ ба бемор мегӯям, ки нархи наркоз 400 доллари амрикоӣ аст. Бемор баробари шунидани ин нарх  беҳуш  мешавад.  Агар  дар  вақти  амалиёти ҷарроҳӣ ба худ ояд, ман боз оҳиста ба
гӯшаш мегӯям, ки нархи наркоз се карат боло хест…

Ба наздикӣ Балаҷон духтури шоиста эълон шуд…

Наҷмиддини ШОҲИНБОД

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода