Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ аз 1 июл оғоз мегарданд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 10 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Хабари рӯз / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 256
![]()
Аз 1 то 10 июли соли равон даври асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии касбӣ барои довталабоне, ки дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ номнавис шудаанд, баргузор мегардад.
Тавре Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, барои гузаронидани имтиҳонҳо дар заминаи муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ марказҳои махсуси имтиҳонӣ таъсис дода шудаанд. Барои иштирок дар имтиҳон довталаб бояд шиноснома ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ва ду адад ручкаи сиёҳранг дошта бошад. Ҳамзамон, танҳо овардани оби нӯшокӣ дар зарфи шаффоф иҷозат дода мешавад. Овардани китоб, дафтар, маводи иттилоотӣ, ҷузвдон, телефони мобилӣ ва дигар воситаҳои алоқа ё ҳисоббарор, аз ҷумла калкулятор, планшет ва ноутбук ба марказҳои имтиҳонӣ қатъиян манъ аст.
Маркази миллии тестӣ ҳамчунин хотиррасон менамояд, ки дар сурати ба миён омадани ҳолатҳои марбут ба вайрон шудани тартиби баргузории имтиҳон, довталаб ҳуқуқ дорад аризаи апеллятсионӣ пешниҳод намояд. Ин гуна ариза бояд бо далелҳо асоснок гардида, дар рӯзи имтиҳон то тарки маркази имтиҳонӣ ба роҳбари марказ
пешниҳод шавад.
Масъулони марказ таъкид мекунанд, ки риояи қатъии талаботи муқарраршуда барои таъмини шаффофият ва адолати имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ аҳамияти муҳим дорад.
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
30-05-2024, 12:09
Муҳтарам олимону донишмандон!Ҳозирини гиромӣ!...