АМАЛИЁТИ БЕХАТАРИИ СӮХТОР ДАР ИСТИРОҲАТГОҲҲОИ ТОБИСТОНАИ КӮДАКОН
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 08 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 277
![]()
Аз тарафи Шуъбаи назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтори Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Хатлон дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №91, аз 26 феврали соли 2026, «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2026», оид ба риоя намудани одитарин қоидаҳои назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор дар муасиссаҳои истироҳатию фароғатӣ, истироҳатгоҳҳои наздимактабӣ осоишгоҳҳо ва минтақаҳои солимгардонӣ ва пешгирӣ намудани ҳодисаҳои сӯхтор корҳои ташвиқотӣ гузаронида шуд.
Бо мақсади таъмини бехатарӣ аз сӯхтор, пешгирӣ намудани ҳодисаҳои нохӯш ва ҷоннок намудани корҳои профилактикӣ-ташнишонӣ дар як қатор муассисаҳои истироҳатию фароғатӣ, истироҳатгоҳҳои наздимактабӣ осоишгоҳҳо ва минтақаҳои солимгардонӣ санҷишҳо гузаронида шуданд. Чуноне рафти санҷиш собит месозад, дар аксарияти ин муассисаҳо қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор дар як андоза риоя мегардад.
Гӯшаҳои махсуси олоту асбобҳои сӯхторхомӯшкунӣ, аломатҳои огоҳкунанда дар роҳрав ва саҳни таълимгоҳҳо ҷойгир буда, аз тарафи наврасон оид ба риоя намудани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор, роҳу воситаҳои эмин нигоҳ доштани моликият аз коми оташ, дар вақти сар задани сӯхтор чӣ тавр рафтор карданро аз худ намудаанд.
Дар баробари санҷиши ҳолатҳои бехатарӣ аз сӯхтор аз тарафи кормандони соҳа бо хонандагон суҳбатҳо доир намуда, мавзуи оташ, роҳҳои паҳншавӣ ва пешгирӣ намудани ҳодисаҳои сӯхторро омӯзонида, ба омӯзгорону хонандагон тарзи истифодабарии оташхомӯшкунакро ҳангоми хомӯш намудани сӯхтор амалан нишон дода шуд. Кормандони соҳа ба ҳамаи суолҳои пешниҳод шуда посухҳои қаноатбахш гирифтанд.
Новобаста аз бурдани чунин корҳои профилактикии оташнишонӣ, боз ҳам ҳастанд муассисаҳои истироҳатию фароғатӣ, истироҳатгоҳҳои наздимактабӣ осоишгоҳҳо ва минтақаҳои солимгардонӣ, ки имрӯз ба талаботи бехатарӣ аз сӯхтор ҷавобгӯ намебошанд.
Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Хатлон аз тамоми роҳбарони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо тақозо мекунад, ки иҷрои талаботҳои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №363 аз 20 марти сол 2008 «Дар бораи бехатарӣ аз сӯхтор»-ро дар муассисаҳои зертобеи худ таъмин намуда, корро дар соҳаи бехатарӣ аз сӯхтор ҷоннок намоянд. Тамоми дастуру супоришҳое, ки аз тарафи нозирони назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор пешниҳод шудаанд, сари вақт иҷро намоянд.
Миралиён М.А.,
муҳандиси ШНДБС РХДО вилояти Хатлон, капитани хизмати дохилӣ
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...