Дастури Пешвои миллат дар Хатлон амалӣ мегардад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 17 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 1 101
«… Дар 5 соли минбаъда барои таъмин кардани рушди саноати сабук доир ба таъсиси 5 маҷмааи коркарди ниҳоии нахи пахта бо ҷалби беш аз 11 миллиард сомонӣ чораҳои амалӣ андешанд. Ҷиҳати рушди соҳаи пиллапарварӣ ва шоҳиву атласу адрасбофӣ, ки барои таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави корӣ, бахусус, барои занону бонувон имконият медиҳад, сохтору мақомоти дахлдорро зарур аст, ки истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷударо таъмин намоянд. Дар робита ба ин, замини тутзорҳо ба муддати 10 сол аз пардохти андози ягонаи замин, инчунин, шахсони ҳуқуқие, ки ба коркарди пилла ва истеҳсоли матоъҳои шоҳӣ, атласу адрас ва дигар маснуоти бофандагии дастӣ машғуланд, аз пардохти андозҳо пурра озод карда шаванд».
(Аз Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон)
Дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатӣ ба масъулини соҳа дастур дода шуд, чанде пеш ҳайати корӣ аз вилояти Хатлон ба вилояти Андиҷони Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафари корӣ анҷом дода, бо таҷрибаи кирмакпарварӣ ва соҳаи пиллапарварии ҷумҳурии ба мо дӯст аз наздик шинос шуданд. Ҳайати корӣ аз фаъолияти корхонаҳои нахи пахта ва кирмакпарварӣ, инчунин парвариши тут ошно гардиданд. Пас аз сафари худ ҳайати корӣ аввалин таҷрибаҳои гирифтаи худро аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон мехоҳанд дар замини корхонаи истеҳсолии “Ганҷ”-и ноҳияи Кӯшониён гузаронад.
Мутахассисони ҶСК “Пиллаи тоҷик” дар вилояти Хатлон, тариқи ҳашари дастаҷамъӣ дар 15 гектар замини корхонаи истеҳсолии “Ганҷ”-и ноҳияи Кӯшониён 36 ҳазор ниҳоли тути навъи “Марҳамат 2017”-ро, ки ба иқлими водии Вахш мутобиқ аст, шинониданд. Чуноне ки Абдуғаффор Қурбонов, намояндаи ҶСК “Пиллаи тоҷик” дар вилояти Хатлон, мегӯяд, намуди тути “Марҳамат-2017”, ки аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ворид шудааст, ки аз тутҳои маҳаллӣ фарқ мекунад. Яъне барги онҳо калон буда, таркибашон аз маводҳое, ки ба кирмак лозим аст, бой мебошад.
Ин навъи тут дар Ӯзбекистон дар натиҷаи дурага кардани баргҳо аз хитоӣ ба маҳаллӣ ва аз японӣ ба маҳалли пайдо гардидааст. Ин намуд дар вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон парвариши хуб дорад. Бинобар сабабе, ки иқлими ин минтақа ба водии Вахши вилояти Хатлон мутобиқ аст, парвариши онро таҷриба мекунанд. Боварӣ дорем, ки ин таҷриба самараи хуб медиҳад.
Иқдоми мазкур замоне рӯи кор омад, ки Сарвари давлат ба масъулини соҳа баҳри рушди соҳаи кирмакпарварӣ дар кишвар дастуру супоришҳо доданд. Ҳамакнун, ҶСК “Пиллаи тоҷик” дар вилояти Хатлон бо зиёд кардани майдони тутзорҳои вилоят, мехоҳанд ҳам кирпакпарвариро рушд диҳанд ва ҳам истеҳсоли пилларо афзун гардонанд. - Барги тут ягона хӯроки кирмаки пилла мебошад. ба ҳамин хотир, ният дорем, ки майдони тутзорҳоро зиёд карда, дар ин баробар истеҳсоли пиларо дучанд кунем ва ҳиссаи худро ба сокинони мамлакат дар зиёд кардани пилла расонем, - мегӯяд Абдуғаффор Қурбонов, намояндаи ҶСК “Пиллаи тоҷик” дар вилояти Хатлон.
Дар ин ҳашари дастаҷамъӣ - шинонидани ниҳолони тут асосан ташкилоту идораҳои шаҳрҳои Леваканту Бохтар ва ноҳияи Кӯшониён ҳиссагузорӣ намуда, бо кумаки ҳамдигар ин қитъаҳоро тутзор намуданд. Дар ҳолати басанда будани барги тут пиллапарварон метавонанд, дар самти парвариш ва нигоҳубини кирмаки пилла ва истеҳсоли матои абрешим муваффақ гарданд. Солҳои 2022- 2026, ки аз ҷониби Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон 5 - солаи рушди саноат эълон кардаанд, ба роҳ мондани ҳамин қабил иқдоми дурбинона, метавонад, дар фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ мусоидат намояд.
Набиҷони САИДАБРОР, “Хатлон”,
Низомиддин ИСОЕВ, рӯзноманигор