300 гектар замин ба гардиши кишоварзӣ ворид мешавад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 10 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 1 124
Дар ноҳияи Фархор барои пешгирии хавфи офатҳои табиӣ бо истифода аз механизмҳои зарурӣ корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ бо вусъат идома дошта, то баланд шудани сатҳи оби дарёи Панҷу Сурхоб ва омадани селҳои мавсимӣ бояд қисматҳои осебпазир бо гузаронидани корҳои заминӣ, гузоштани тахтасангҳо ва сохтани садду обгардонҳо аз нав барқарор карда шаванд.
Дар ин мавзеи соҳили дарёи Сурхоб, дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти “Ватан” баъди барқарорсозии қисмати осебпазири соҳил канали обрасонӣ барқарор ва қариб 300 гектар замини солҳо бекорхобида баробари анҷом додани ин тадбир ба гардиши кишоварзӣ ворид карда мешаванд. Баъд аз барқарорсозии қисмати осебпазири соҳил хавфи шусташавии ин заминҳо низ пешгирӣ карда мешавад.
http://khatlon-ruznoma.tj/