Вусъати корҳои соҳилбандӣ дар Кӯлоб
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 20 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 678
Корҳои соҳилтозакунӣ дар сойҳои «Тебалай», «Шураксой» ва «Девонасой»-и шаҳри Кӯлоб айни замон мувофиқи лоиҳа пурра иҷро гардида, бетонрезӣ ва васлу насби оҳану бетонӣ босуръат идома доранд.
Аз шаҳрдории Кӯлоб ба рӯзномаи “Хатлон” хабар доданд, ки ҳамасола бо мақсади пешгирӣ аз хатари офатҳои табиӣ дар ин мавзеъҳои осебпазир бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти марбута корҳои мустаҳкамкунӣ ва барқарорсозӣ гузаронида мешаванд. То имрӯз дар сойи «Тебалай» корҳои бетонрезӣ бо дарозии 310 метр андозаи 2х20,6 см ва 2 адад бараж, дар сойи «Шураксой» бетонрезии пул бо дарозии 6х2,5 см, таҳкурсӣ ва деворҳои қубур, инчунин корҳои новарезӣ ба дарозии 400 метр бо андозаи 6х3х2 пурра иҷро гардида, корҳо бомаром идома доранд.
Мувофиқи лоиҳа дар сойи «Девонасой, қитъаи №1» корҳои тозакунӣ, оҳану бетонӣ, новаҳо бо дарозии 220 метр бо андозаи 6х3х2 метр ва дар сойи «Девонасой, қитъаи №2» шинонидани новаҳо бо дарозии 230 метр ба андозаи 6х5х3 метр пурра ба итмом расидаанд. Масъулини корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ тасмим доранд, ки нақшаву супоришҳои базиммадоштаашонро то давраи муайяншуда иҷро намоянд.
Хабарҳои бештар дар www. khatlon-ruznoma.tj