Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар паради ҳарбӣ ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар паради ҳарбӣ ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон



Муҳтарам генералҳо ва афсарону сарбозон!

Имрӯзҳо хурду бузурги Тоҷикистони маҳбуби мо дар остонаи ҷашни бузурги миллиамон – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватан қарор доранд.

Чорабиниҳои расмии ин ҷашни муқаддас имрӯз бо расми гузашти хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва афсарону сарбозони захираҳои сафарбарӣ, яъне муҳофизони истиқлоли Ватан, марзу буми давлати соҳибихтиёр ва ҳомиёни қонунияту тартибот оғоз мешавад.

Ба ифтихори ин санаи мубораку сарнавиштсоз тамоми ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳар яки шуморо, ки ҳоло дар ин майдон саф оростаед, самимона табрик мегӯям.

Ҳарчанд ки мардуми мо баъди расидан ба ин рӯзи босаодат, яъне истиқлолу озодӣ ба имтиҳони бисёр сахту сангини таърих – ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардиданд, вале ба шарофати хиради азалии худ ба аҳли башар исбот намуданд, ки метавонанд таҳти парчами истиқлол ва соҳибихтиёрии миллӣ сарҷамъ гардида, давлати худро соҳибӣ намоянд ва Ватани хешро бо заҳмати содиқона ободу зебо гардонанд.

Дар роҳи барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар нақши барҷастаи таърихиро иҷро карданд.

Ба хотири таъмин намудани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва зиндагии осудаи сокинони кишвар садҳо нафар афсарону сарбозони шуҷои мо ҷони худро қурбон карданд, ки мо дар ин лаҳзаҳои ботантана ва ҳамеша номи нек ва хотираи онҳоро гиромӣ медорем.

Мо бо хизмати софдилонаву ватандӯстонаи низомиёни кишвар, яъне фарзандони далеру ҷасур ва ғаюру шуҷои миллат ифтихор мекунем.
Бовар дорам, ки онҳо қарзи фарзандӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати ҷавонмардии худро дар назди миллат, Ватан ва давлат минбаъд низ содиқона ба ҷо меоранд.

Зеро мардум ва давлати Тоҷикистон дар симои ҳар як хизматчии ҳарбӣ ва ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳомии зиндагии осуда, муҳофизи амният, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳимоягари манфиатҳои милливу давлатиро мебинанд.

Эътимоду умеди мардум ҳар яки шумо – фарзандони содиқи Ватанро водор месозад, ки ҳамеша ҳушёр бошед, зиракии сиёсиро аз даст надиҳед, сатҳи касбият ва омодагии ҷангии худро мунтазам баланд бардоред, намунаи риояи қонунияту тартибот ва интизоми ҳарбӣ бошед.
Зеро Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ҷумлаи шоҳсутунҳои кохи муҳташами истиқлолу озодии Ватан, кафолати зиндагии ороми мардум ва рушди муназзаму устувори давлати тоҷикон мебошад.

Давлат ва Ҳукумати мамлакат барои ба талаботи рӯз ва вазъи мураккаби ҷаҳони муосир мутобиқ гардонидани сатҳи омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ ва баланд бардоштани иқтидори мудофиавии мамлакат ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда, бо ин мақсад аз тамоми захираву имкониятҳо истифода мекунанд.

Дар ин раванд, боз ҳам беҳтар таъмин намудани ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо техникаву таҷҳизоти ҳозиразамон, силоҳу муҳимоти ҷангӣ ва дастгирии молиявию иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарине мебошанд, ки мо ба ҳалли онҳо эътибори аввалиндараҷа ва доимӣ медиҳем.

Вақтҳои охир вазъи минтақа ва ҷаҳон вобаста ба вусъат пайдо кардани фаъолияти ҳаракату созмонҳои террористӣ, экстремистӣ ва радикалӣ, низоъҳои диниву мазҳабӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ боиси ташвишу нигаронии ҷиддии сокинони сайёра, аз ҷумла мардуми мо гардидааст.

Тибқи таҳлилу пешгӯиҳо чунин вазъият дар минтақаву кишварҳои алоҳидаи дунё дар оянда идома пайдо мекунад ва ҳатто шиддати бештар касб менамояд.

Дар чунин шароит, роҳбарони Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хусусан, Қӯшунҳои сарҳадиро зарур аст, ки ҷиҳати таъмини ҳифзи сарҳади давлатӣ, амнияти ҷомеа ва давлат, ҳимояи зиндагии орому осудаи мардум ва дар сатҳи баланд нигоҳ доштани омодабошии ҷангии ҷузъу томҳо тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

Бо итминони комил изҳор менамоям, ки афсарону сарбозони шуҷои мо минбаъд низ ба савганди ҳарбии худ, давлат, Ватан ва миллат содиқ монда, вазифаҳои дар назди онҳо гузошташуда, яъне ҳифзи марзу буми давлати соҳибихтиёри тоҷикон, истиқлолу озодии Ватан ва зиндагии орому осудаи халқи Тоҷикистонро бо сарбаландӣ, ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ иҷро менамоянд.

Бори дигар тамоми хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, кулли кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат ва афсарону сарбозони захираҳои сафарбариро ба ифтихори ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ – сиюмин солгарди истиқлоли давлати Тоҷикистони маҳбубамон самимона табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо саломатӣ, рӯҳи қавӣ ва иродаи матин орзу менамоям.
Ҷовидону поянда бод истиқлоли давлатии Тоҷикистон!

Шараф ба Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол!




Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода