Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Дар Хатлон маъракаи ҷамъоварии «тиллои сафед» оғоз шуд


Дар Хатлон маъракаи ҷамъоварии «тиллои сафед» оғоз шуд


 

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоти Хатлон  иттилоъ доданд, бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар ҶДММ иттиҳодияҳои аграрии «Водии Зарин»-и Ҷамоати деҳоти «Сарвати Истиқлол»-и ноҳияи Кӯшониён маъракаи пахтачинӣ оғоз гардид. Майдони умумии замини пахта дар ҷамоати мазкур 120 гектарро дар бар гирифта, дар он навъи тухмии австралиягӣ кишт карда шудааст, ки айни замон ғарқи ҳосил мебошанд.


Қурбон Ҳакимзода бо сокинони деҳа ва пахтачинон суҳбат ороста, роҳбарияти хоҷагиро бобати бештар ҳавасманд сохтани чинакчиён ва дигар саҳмдорон вазифадор намуд, ки аз боду ҳавои мусоид самаранок истифода бурда, ҳосили бо сад ранҷ парваридаи марди деҳқонро сари вақт ҷамъоварӣ намоянд.

Ёдовар мешавем, ки пахта яке аз маҳсулоти содиротӣ ва ашёи хом барои саноати сабук ба ҳисоб рафта, бо назардошти талаботи бозор майдони кишти он дар ҷумҳурӣ сол аз сол зиёд  мегардад. Аз ин рӯ ҳадафи асосии пахтакорон рӯёнидани ҳосили хуб мебошад. Ба гуфти олимони соҳаи кишоварзии мамлакат, яке аз шартҳои асосии рӯёнидани ҳосили хуби пахта- интихоби дурусти навъи чигит ва дуруст гузаронидани  корҳои агротехникӣ мебошад.






Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода