Вазир: «Суботи Осиёи Марказӣ ба вазъи Афғонистон вобастагӣ дорад»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 17 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 1 455
Вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо зимни музокирот бо фармондеҳони Росия ва Ӯзбекистон изҳор намуд, ки суботи Осиёи Марказӣ бештар ба вазъи сиёсиву низомии Афғонистон вобастагӣ дорад. Ӯ омилҳои махсуси хатарро барои кишвар аз ҷониби террористони афғон номбар кард.
Шералӣ Мирзо ёдовар шуд, ки ҳаракати «Толибон» аллакай шимол ва шимолу шарқи Афғонистонро таҳти назорат гирифт. «Агар то чанде пеш ҳузури неруҳои хориҷӣ имкон медод, ки тавозун ва назорати вазъи низомиву сиёсӣ ба даст ояд, хуруҷи онҳо фаъолияти тахрибкоронаи созмонҳои террористиро тақвият бахшид», - гуфт вазир.
Ӯ таъкид кард, ки ҳузури неруҳои террористӣ дар марз ҳамоҳангии кишварҳои минтақаро тақозо менамояд. Созмонҳои фаъоли террористӣ дар Афғонистон ба як сохтори муташаккил бо артиши муҷаҳҳаз бо силоҳҳои муосир ва стратегияи муайяни амал табдил ёфтанд, ки махсусан барои кишварҳои минтақа хатарнок мебошад. Шералӣ Мирзо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои минтақа даъват кард, ки бо ҷалби қувваҳои мусаллаҳ ба ин таҳдидҳо вокуниши муносиб нишон диҳанд.
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
15-07-2021, 19:55
Рӯзҳои охир Ҳаракати Толибон, ки қисми бештари Афғонистонро таҳти тасарруфи худ даровардааст,...
-
10-08-2021, 08:59
Тавре қаблан иттилоъ додем, дар доираи сафари давлатӣ ба Туркманистон ва иштирок дар Вохӯрии...
-
13-08-2021, 12:43
Дар машқгоҳи низомии “Ҳарбмайдон”-и гарнизони Хатлон даври ниҳоии машқҳои муштараки васеи низомии...