Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Машқҳои муштараки васеи низомии ҷузъу томҳои се кишвар дар “Ҳарбмайдон” ба поён расиданд


Машқҳои муштараки васеи низомии ҷузъу томҳои се кишвар дар “Ҳарбмайдон” ба поён расиданд



Дар машқгоҳи низомии “Ҳарбмайдон”-и гарнизони Хатлон даври ниҳоии машқҳои муштараки васеи низомии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия, ки аз 1-ум то 10-уми августи соли 2021, бо ташкили унсурҳои мухталифи зиддитеррористӣ ва бо ҷалби зиёда аз 2500 нафар хизматчиёни ҳарбии неруҳои мусаллаҳи се кишвар ҷараён дошт, дар сатҳи зарурӣ ҷамъбасту натиҷагирӣ карда шуд.

 Баҳри назорат ва ҷамъбасту натиҷагирӣ намудани даври ниҳоии маҷмӯи машқҳои муштараки васеи низомии се кишвар вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо, сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шуҳрат Холмуҳаммедов, Фармондеҳи ҳавзаи марказии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Россия Александр Лапин, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва дигар шахсони расмӣ ба машқгоҳ омаданд.
 
Аз рӯйи мавзӯъ ва матлаби баргузории машқҳои муштараки васеи низомӣ, гӯё як ҷуфт ҳавопаймои ҳарбӣ-таълимии Л-39, ҳангоми гузаронидани разведкаи фазоӣ дар қисмати сарҳади Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва дар чанд нуқтаи масъулиятноки ҳаммарз бо Тоҷикистону Ӯзбекистон ҷамъшавии гурӯҳҳои ғайриқонунӣ мусаллаҳро мушоҳида менамояд ва ҳамзамон аз убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ хабар медиҳад.
 
Бо гирифтани маълумоти разведкавӣ, амалиёти муштараки низомии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия, дар шароити дашту саҳро, маҳаллаҳои аҳолинишин, бинову иншооти муҳими давлатӣ, мавзеъҳои стратегӣ ва роҳҳои душворгузари кӯҳистони ҳудуди ҷумҳурӣ, аз рӯйи пешгирӣ намудани убури ғайриқонунии марз, дастгиру безарар гардонидани афроди сарҳадшикан, торумор намудани ҳайати ташкилоти тудрави террористиву экстремистӣ, ё худ душманони шартӣ, ба ҳолати муътадил ва амну субот баргардонидани вазъи сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон шурӯъ намуданд.
 
Зимни баргузории машқҳои муштараки васеи низомӣ, аз ҷониби неруҳои мусаллаҳи се кишвари дар размоиш ширкаткунанда, як қатор унсурҳои мухталифи иддитеррористӣ, аз ҷумла, бурдани амалиёти разведкаи фазоиву заминӣ, мушаххасан маълум намудани теъдоди афроди сарҳадшикан, дар нуқтаҳои убури марз, муайян намудани шумораи боқимондаи қувваҳои ғайриқонунӣ, бо кадом силоҳу муҳиммоти ҷангӣ муҷаҳҳазу мусаллаҳ будани онҳо, тариқи авиатсияи ҷангӣ фуруд овардани десанти фазои тактикӣ, фавран ташкил намудани ситоди муштараки идории неруҳо, сафарбарии қӯшунҳо, ҳамоҳанг кардани амалиёти ҷузъу томҳо, бо оташи шадиди чархболҳои ҷангиву нақлиётӣ, ҳавопаймоҳои зарбазану қиркунанда, техникаҳои вазнини зиреҳпӯши ҳарбӣ, воситаҳои артиллерӣ ва бо истифодаи дигар силоҳу муҳиммоти низомӣ, истодагарӣ намудану зада баргардонидани ҳуҷуми ҷабҳавии душманони шартӣ дар ин размоиш, амалан ташкилу ба роҳ монда шуданд.
 
Дар машқҳои муштараки васеи низомӣ, дар баробари иштироки зиёда аз 2500 нафар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи се кишвар, инчунин ба он 25 адад чархболҳои ҷангиву нақлиётӣ, ҳавопаймоҳои муҳорибавию зарбазан, бомбаандозу қиркунанда, 500 адад техникаҳои зиреҳпӯши ҷангиву махсус, тӯп ё худ воситаҳои гуногуни артиллерӣ, техникаҳои автомобилӣ, силоҳу муҳиммоти мухталифи ҳозиразамони ҳарбӣ ва дигар лавозимоти махсуси низомӣ истифода шуданд.
 
Ҳамин тариқ, дар тамрингоҳи “Ҳарбмайдон”, ҷузъу томи савораву пиёданизоми Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия бо истифодаи тамоми қувва ва таҷҳизоти ба ҷанг пешбинишуда, аз техникаҳои вазнини зиреҳпӯш, авиатсияи ҷангӣ, артиллерияҳои худгард, автомашинаҳои махсуси замонавии зиреҳдор, норинҷаки дастӣ ва дигар силоҳу муҳиммоти ҳозиразамони мухталифи ҳарбӣ, ба сӯйи ҳадафҳои ниҳоӣ, ки таҷассумгари душманони шартӣ буданд, оташи шадид равона карданд.
 
Ҳадафи доир намудани машқҳои муштараки васеи низомӣ-ин амалан санҷидани иҷрои вазифаҳои ҷангии ҷузъу томҳо ҳангоми номуътадил гардидани вазъият дар сарҳади давлатӣ, сайқал додани таҷрибаи ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, едератсияи Россия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ташкили амалиёти бомуваффақияти низомӣ, ҳамоҳангии ҷузъу томҳо дар сурати ба вуқӯъ пайвастани ҳама гуна таҳдиди хатар, вусъат додани қувва ва воситаҳои моддӣтехникӣ, омӯзишу аз бар намудани минтақаву мавзеъҳои ҷуғрофӣ зимни доир кардани ҳама гуна амалиёти ҷангӣ ва сафарбарии қӯшунҳоро дар самти доир кардани унсурҳои мухталифи зиддитеррористӣ дар минтақаҳои марзӣ, шароити дашту саҳро ва кӯҳистони ҳудуди ҷумҳуриҳои ба мо ҳампаймон дар бар мегирад.
 
Зимни ҷамъбасту натиҷагирӣ аз даври ниҳоии маҷмӯи машқҳои муштараки васеи низомии се кишвар зикр гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар сарони давлатҳои минтақа ва ҷаҳон доимо ҷонибдори ҳалли мусолиҳатомези муноқишаҳои дохилӣ буда, бо кишварҳои ҳамсоя ва сулҳхоҳи сайёра ҳамеша бар зидди амалҳои даҳшатбори гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва фаъол гардидани ташкилоти ғайриқонунӣ дар муборизаи муштарак қарор дорад ва давлатҳои ҳамсони минтақа ва ҷаҳонро ба муқобили ҳама падидаҳои номатлуби аср, пайваста ба муҳорибаи дастаҷамъона даъват менамоянд.
 
Дар ҷараёни суханронии масъулон, ҳамзамон қайд карда шуд, ки дар доираи ҳамкориҳои муттақобилан судманди ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ, ташкилу ба роҳ мондани чунин тамринҳои васеи низомӣ, бешак, ба таъмини амнияти давлатҳои ҳамсон ва таҳким бахшидани сулҳу субот дар минтақа мусоидат намуда, он дар самти муборизаи муштарак алайҳи ҳама гуна таҳдиди хатарҳои террористиву экстремистӣ, сайқал додани маҳорати касбиву омодабошии доимии ҷангии ҷузъу томҳо ва барои боз ҳам баланд бардоштани иқтидори мудофиавии кишварҳои ҳампаймон таъсири бевосита мерасонад.
 
Ба иштирокчиёни фаъоли машқҳои муштараки васеи низомӣ медалу ифтихорномаҳо, туҳфаҳои гуногуни хотиравӣ ва дигар мукофот тақдим карда шуд.
 
Гузашти низомии афсарону сарбозон ва умуман, ҳайати шахсии дар машқҳо ширкатнамуда аз назди минбар ва ҳайати роҳбариву фармондеҳии Қувваҳои Мусаллаҳ яке аз ороишҳои асосии ин чорабинии низомӣ ва анҷомбахши машқҳои муштараки амалиётӣстратегӣ дар гарнизони Хатлон гардид.
 
Хотиррасон мекунем, ки аз ҷониби Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба машқҳои муштараки ҳарбӣ, ҳайати шахсии қисму воҳидҳои низомии Қӯшунҳои хушкигард, мустақар дар гарнизони Хатлон, як ҷузъи Бригадаи ҳамлаовари десантӣ-зарбавии Қӯшунҳои зудамал ва чархболу ҳавопаймоҳои Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Артиши миллӣ ширкат намуданд.
М. НОСИРҶОН, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода