Чаро дар китобхонаҳо адабиёти зарурӣ нест?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 13 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 959
Тайи се сол мешавад, ки дар сартосари ҷумҳурӣ байни тамоми қишрҳои ҷомеа озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ташкилу гузаронида мешавад. Мардуми тоҷик аз қадим китобхон буданд, вале баргузории ин озмун аз ҷониби роҳбарияти олии мамлакат шавқу завқи мардумро нисбат ба китоб боз ҳам дучанд кард.
Барои баргузории ин озмун нақши китобхонаҳо хело бориз унвон мешавад. Зеро китобхона ягона ҷой барои мутолиа ва дастрасӣ доштан ба китобҳои нодир мебошад. Мутаассифона, чунин ба назар мерасад, ки ин бахши муҳим дар баъзе шаҳру навоҳии вилоят бо ду по мелангад.
Бо мақсади таҳлилу муайян намудани вазъи китобхонаҳо ва дастрасии довталабони озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм-фурӯғи маърифат” ба адабиётҳои зарурӣ, ба ноҳияи Муъминобод роҳ пеш гирифтем. Ҳангоми боздид аз ҳолати китобхонаҳо ва китобдорӣ равшан гардид, ки дар ҳамаи китобхонаҳои ин ноҳия дастрасӣ ба адабиёти тоҷикӣ, адабиёти ҷаҳон ва китобҳои бачагона кам аст. Масалан, дар китобхонаи марказии ноҳия ҳамагӣ 8800 нусха китоб мавҷуд аст. Аз ин шумора 2258 нусхаашро китобҳои русӣ, 1038 тоҷикӣ ва боқимондаро китобҳои бачагонаю электронӣ ташкил медиҳад.
- Дар ноҳия 25 китобхонаи шаҳрию деҳотӣ мавҷуд аст. Дар як сол ба китобхонаи марказӣ 345 адад китоб ворид мешавад, ки онҳоро ба ҳамаи китобхонаҳои деҳот баробар тақсим мекунем. Вале барои 25 китобхона ин теъдод китобҳо хеле кам аст. Тайи ду сол мешавад, ки аз буҷети ноҳия барои харидории китобҳои тозанашр 9 ҳазор сомонӣ ҷудо мегардад. Вале то ба ҳол ин маблағ ба пуррагӣ ба дасти мо нарасидааст. То ба имрӯз аз корвони китоби Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ 180 нусха ва аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 100 нусхаи дигар китоб ба тариқи ройгон доданд. Онҳоро наметавонем ба ҳамаи китобхонаҳо тақсим кунем. Зеро аксарияти онҳо як нусхагианд,-иброз дошт Шодӣ Абдураҳимов, мудири китобхонаи марказии ноҳияи Муъминобод.
Чунин хунукназарии масъулини ноҳия боиси он мегардад, ки насли наврас аз китоб дур мемонад. Зеро аксар сокинони деҳотро мардуми сатҳи зиндагиашон миёна ташкил медиҳанд. Онҳо барои харидории китоб шароит надоранд ва такя ба китобхонаҳои маҳалли зисташон мекунанд. Вале наметавон тавсия дод, ки сокинони ноҳияи Муъминобод такя ба китобхонаҳои маҳал кунанд. Чун аксари китобҳое, ки дар ду озмуни болозикр асосианд, дарёфт карда намешавад. Барои мисол китобҳои “Ёдгории Зарирон”, “Дарахти асурит”, “Марзбоннома”, “Доробнома”, “Самаки айёр”, “Калила ва Димна”, “Курш ва Томирис”, ба монанди инҳо даҳҳо асарҳои бадеие ҳастанд, ки дар китобхонаҳои ноҳия дастрас карданашон хело ҳам мушкил аст.
Барои аз наздик шинос шудан ба ҳолати кории китобхонаҳо ба деҳаи Ғофилободи Ҷамоати деҳоти ба номи Н. Назарови ноҳия пас аз нисфирӯзӣ рафтем. Ҳолати хело ташвишовар. Чангу хок болои китобҳо ва мизи кории китобдорро зер карда буд. Ҳар касе вориди бинои китобхона гардад, фикр мекунад, ки дар ин макон солҳо ҳеҷ кас надаромада бошад.
Аз адабиётҳое, ки дар ин ду озмуни болозикр оварда шуда буданд, пурсон шудем. Мутаассифона, пайдо накардем. Дар китобхона ҳамагӣ ду рахт китоб буд, ки аксарияташро китобҳо бо забони русӣ ташкил медоданд. Ба гуфти мудири китобхона Чилаев Амрохон, дар китобхонаи онҳо 2068 нусха адабиёт мавҷуд аст. Аз ин шумора 750 нусхаашро адабиёти тоҷикӣ, 100 нусха ӯзбекӣ ва 1200 нусхаашро русӣ ташкил медиҳад. Чунин беаҳамиятӣ ба китобхонаҳои деҳотӣ боиси он мегардад, ки наврасон аз мутолиа дур мемонанд.
Мисоли дигари равшан китобхонаи №2-и деҳаи Ғеш шуда метавонад. Бинои ин махзани илм вайрону валангор аст. Фикр мекунӣ, ки харобазоре ҳасту касе нест дар он ҷо. Ҳамон як нишонии дар болои дари он сабт-шуда буд, вагарна намефаҳмидем, ки ин ҷо китобхонае фаъолият мекунад.
Ҳарчанд шароити хуби корӣ надош-та бошад ҳам, вале китобдор ҳар рӯз дар онҷо нишаста кор мекунад. Ӯ мегӯяд, шумораи китобхонҳояш хело зиёд аст, вале афсӯс, ки муштариён адабиёти лозимаашонро дарёфт карда наметавонанд. Ҳамин гуна дилсард шуда мераванд.
Ягона орзуи китобдорони китобхонаҳои ноҳияи Муъминобод ин таъмин бо технологияи навин ва китобҳои тозанашр аст.
Мо низ умед бар он мебандем, ки баъди нашри ин мавод бахши фарҳанги ноҳия ва мақомоти вилоятии он сари ин масъала корбарӣ карда, орзуи дӯстдорони каломи бадеъро бароварда мекунанд.
Набиҷони САИДАБРОР, “Хатлон”