Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА ДАР ХАТЛОН


ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА ДАР ХАТЛОН




Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар чорабинии маърифатӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила таҳти унвони «Оилаи солим-асоси пойдории давлат ва ҷомеа» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини раиси вилояти Хатлон, намояндагони Шурои собиқадорон, шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои вилояти Хатлон иштирок намуданд.

Нахуст, муовини раиси вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло суханронӣ намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи байналмилалии оила табрик гуфт. Зимнин қайд намуд, ки арзишҳои оилавӣ барои ҳар як фарди ҷомеа муқаддас буда, ҳифзу эҳтироми онҳо вазифаи муҳими ҳар шаҳрванд ба шумор меравад. Ҳамчунин, баромадкунандагон доир ба муқаддасоти оила, нақши оила дар тарбияи фарзандон, таҳкими муносибатҳои оилавӣ ва дигар масъалаҳои муҳими оиладорӣ ибрози назар намуданд.

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода