Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ТАҚВИЯТИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ ДАР МЕҲВАРИ ҶАЛАСАИ САЙЁРИ ШУРОИ ҶАМЪИЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


ТАҚВИЯТИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ ДАР МЕҲВАРИ ҶАЛАСАИ САЙЁРИ ШУРОИ ҶАМЪИЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН



Дар шаҳри Кӯлоб мизи мудаввар дар доираи ҷаласаи навбатии сайёри Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони шуроҳои ҷамъиятии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ва вилояти Хатлон баргузор гардид. Мавзуи асосии он “Таквияти худшиносии миллӣ, бархурди тамаддунҳо ва рушди фарҳанги миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ” буд.

Чорабиниро котиби Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодиён Исматулло ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки масъалаи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ дар шароити муосир аҳамияти калидӣ дорад. Ӯ зикр намуд, ки дар заминаи пешниҳод ва мулоҳизаҳои иштирокчиён гузориши муфассал таҳия гардида, ба унвони Раиси Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод хоҳад шуд.
Дар идома муовини раиси вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло суханронӣ намуда, ба нақши мақомоти маҳаллӣ дар тақвияти арзишҳои миллӣ, рушди фарҳанг ва таҳкими ваҳдати миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир кард. Ӯ қайд намуд, ки ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои пешгирии таъсири манфии ҷаҳонишавӣ ва ҳифзи ҳувияти миллӣ бисёр муҳим мебошад.
Дар идомаи ҷаласа раисони шуроҳои ҷамъиятии шаҳру ноҳияҳо вобаста ба мавзуи баррасишаванда гузориш пешниҳод намуда, доир ба вазъи корҳои идеологию тарғиботӣ дар маҳалҳо ва роҳҳои тақвияти худшиносии миллӣ андешаҳои худро баён доштанд. Ҳамзамон, дигар иштирокчиён ва намояндагони сохторҳои дахлдор низ дар музокира фаъолона ширкат варзида, паҳлуҳои гуногуни масъалаи матраҳшударо мавриди таҳлил қарор дода, ҷиҳати рушди фарҳанги миллӣ, таҳкими худогоҳӣ ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ пешниҳодҳои мушаххас манзур намуданд.
Дар фарҷоми ҳамоиш таъкид гардид, ки барои тақвияти худшиносии миллӣ ва рушди фарҳанги миллӣ зарур аст корҳои тарғиботию маърифатӣ, махсусан миёни ҷавонон, боз ҳам густариш дода шаванд. Инчунин, тавсияҳо оид ба таҳкими ҳамкории шуроҳои ҷамъиятӣ бо мақомоти маҳаллӣ, истифодаи васеи имкониятҳои воситаҳои ахбори омма ва роҳандозии чорабиниҳои иловагӣ қабул гардиданд.
Умарҷон Тошматов,
“ХАТЛОН”

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода