ҲАМАДОНӢ: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ФАЪОЛИЯТИ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “АГРО-ГЛОБАЛ”
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 01 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Имрӯз, 1 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз рафти самаранок истифодабарии замин, корҳои агротехникӣ ва нашъунамои зироатҳои кишоварзӣ дар хоҷагии деҳқонии “Агро-глобал” боздид намуданд.
Хоҷагии деҳқонии “Агро-глобал” дар деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Хоҷамуъмин ҷойгир буда, масоҳати умумии заминҳои он 119 гектарро ташкил медиҳад. Иттилоъ дода шуд, ки роҳбарии хоҷагиро Сафолов Камолиддин ба уҳда дошта, дар он 270 нафар саҳмдорон фаъолият мекунанд.
Зимни боздид раиси вилоят бо ҷараёни корҳои коркарди байни қаторҳои пахта шинос шуда, ба сатҳу сифати иҷрои корҳои агротехникӣ баҳои мусбат доданд. Ҳамчунин, ҳолати нашъунамои картошка ва дигар зироатҳо мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, таъкид гардид, ки истифодаи самараноки замин омили муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди иқтисоди маҳаллӣ мебошад.
Раиси вилоят бо деҳқонон ва саҳмдорон суҳбат намуда, онҳоро барои истифодаи оқилонаи замин, ҷорӣ намудани усулҳои муосири кишоварзӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ ҳидоят намуданд. Қайд карда шуд, ки бо риояи талаботи агротехникӣ ва истифодаи таҷрибаҳои пешрафта метавон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.
Дар фарҷоми ба масъулони соҳаи кишоварзӣ ва роҳбарияти хоҷагӣ ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти истеҳсолӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва таъмини бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти босифат супоришҳои мушаххас дода шуд.
Умарҷон Тошматов,
“ХАТЛОН”
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...