Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ФЕСТИВАЛИ КӮДАКОНУ НАВРАСОН - ҶАШНИ КИТОБУ МАЪРИФАТ


ФЕСТИВАЛИ КӮДАКОНУ НАВРАСОН - ҶАШНИ КИТОБУ МАЪРИФАТ



Имрӯз, 2 апрел дар саҳни Китобхонаи оммавии вилоятии ба номи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» бо шукуҳи хос оғоз гардид.

Дар доираи ин чорабинии маърифатӣ намоиш-фурӯши беш аз 10 ҳазор нусха адабиёти гуногун ташкил карда шуд, ки ба ҳаводорони каломи бадеъ имкони дастрасӣ ба асарҳои тозанашрро фароҳам овард. Дар маросими ифтитоҳи фестивал намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, адибони шинохта, ходимони фарҳанг ва ҷамъияти зиёди китобхонон ширкат варзиданд.

Қисмати фарҳангии ҳамоиш бо қироати ашъори пурмазмун ва таронаҳои дилнишини аъзои китобхона ҳусни тоза ёфт. Барномаи рангини ҳунарӣ, ки аз саҳначаҳои ҷолиб ва суруду мусиқӣ иборат буд, хотири иштирокдоронро болида намуд. Фестивали мазкур бори дигар собит сохт, ки китоб чароғи маърифат ва омили асосии тарбияи насли худшиносу фарҳангдӯст мебошад.

Рамазони МИРЗОМИДДИН, "Хатлон"

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода