Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР ОҒОЗИ КИШТИ ПАХТА ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ


ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР ОҒОЗИ КИШТИ ПАХТА ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ




Имрӯз, 31 март, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар маъракаи оғози кишти пахта иштирок намуданд.

Зимни боздид, нахуст раиси вилоят дар хоҷагии деҳқонии «Ҳакимҷон», воқеъ дар деҳаи Зафаробод, ҷамоати деҳоти Хуррамдиёр, дар оғози кишти пахта ба таври анъанавӣ ширкат варзиданд.

 Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии мазкур дар майдони 19 гектар замини корами обӣ фаъолият дошта, аз ин миқдор дар 6 гектар кишти пахта ба таври анъанавӣ ба роҳ монда шудааст.

Ҳамзамон, раиси вилоят дар хоҷагии деҳқонии «Олимҷон», воқеъ дар деҳаи Чашмасор, ҷамоати деҳоти Меҳробод, дар оғози кишти пахта зери плёнка иштирок намуданд. Хоҷагии мазкур дар майдони 11,89 гектар замини корами обӣ фаъолият дошта, дар 8 гектари он кишти пахта бо усули зери плёнка ба роҳ монда шудааст.

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода