Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » НАВРӮЗ РӮҲАН НАВ ШУДАН АСТ


НАВРӮЗ РӮҲАН НАВ ШУДАН АСТ




Ҷашни Наврӯз  барои ҳар як фард рӯзи нав, рӯзи  оғози  иқдомҳои неку арзанда, рӯҳан нав шудани  фикру  андешаҳои  нек, яъне  шиори  ниёгон:  “Пиндори нек,  гуфтори  нек,  кирдори  нек”-ро шиор намудан аст. Дар ин айём даштҳо  пероҳани  сабз  мепӯшанд, дарахтон  гулрез  мешаванд,  духтарони  чакану  атласпӯш  ба  рақс  меоянд, пиру барно ба Наврӯзгоҳ рафта, якдигарро  ба  канор  гирифта,  муборакбод менамоянд.

Бале,  Наврӯз  яке  аз  ҷашнҳои таърихии  тоҷикон  буда,  дар  он суннатҳои  миллӣ  таҷассум  мегардад.  Тасмим  гирифтем,  ки бо  чанд  нафар  шахсони  касбу  кори  гуногун  оид  ба рӯйдодҳои  аз  Наврӯз  то наврӯз  ба  вуқуъпайваста ва  ҷашнгирии  ин  ид суҳбат намоем.

“ХАТЛОН”-ИЁН СОҲИБИ  ҶОИЗАҲО ШУДАНД
Носирҷон МАЪМУРЗОДА,  сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии “Хатлон”:


-Аз  Наврӯз  то  Наврӯз дар  фаъолияти  эҷодии рӯзноманигорони мо ва тозакории  идора  рӯйдодҳои нек  рух  доданд.  Дар  озмуни  “Неруи  сухан  дар номинатсияи  “Беҳтарин сомонаи  интернетӣ”  сомонаи  нашрияи  “Хатлон” (www.кhatlon-ruznoma.tj) ва  хабарнигори  рӯзнома Набиҷони  Саидаброр  дар номинаи  "Беҳтарин  мақолаи таҳлилӣ"  ғолиб  омада,  ба   гирифтани  Ҷоизаи  раиси  вилоят мушарраф гардиданд.

Дар  ин  муддат  китобхонаи  нашрияро  таъсис  дода,  беш  аз  20  китоби  китобхона  дар  мавзуъҳои  гуногун  ба  дасти  чоп  расид.  Ҳар  яки  онҳо  дар маърифатнокии  шаҳрвандон  нақши  созанда доранд.  Ҳамчунин  “Хатлон”  дар  озмуни  таъсиснамудаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон байни рӯзномаву маҷаллаҳои кишвар дар соли 2025 ғолиб омад. Дар ҷамъбасти озмуни  Иттифоқи  журналистони  Тоҷикистон  ба  номи  Абулқосим  Лоҳутӣ, ки  баландтарин  ҷоизаи  касбии  журналистон  мебошад,  хабарнигори минтақавии рӯзномаи “Хатлон” дар шаҳри Кӯлоб Алишери Абдулмаҷид барандаи ин ҷоиза дар бахши матбуот гардид.

Боиси ифтихор аст, ки хабарнигори ҷавони рӯзномаи “Хатлон” Мунавваршо  Раззоқов   барандаи  ҷавони  ҷоизаи  ИЖТ  ба  номи  Воҳид Асрорӣ дониста шуд, ки ин боиси ифтихори “Хатлон”-иён мебошад.

Дар арафаи иди “Наврӯз” дар идораи мо як қатор корҳои поккорию навсозӣ анҷом дода шуд. Намои берунаи идора аз таъмир бароварда, чароғон  гардонида  шуд.  Дар  доираи  шанбегиҳо  дар  ҳавлии  “Хатлон” дар гулдонҳо гулҳои рангоранг шинонда, ба ҳусни берунии идора ҳусни зебо зам гардид.

БА ДЕҲА БА ТАБРИКИ НАЗДИКОН МЕРАВАМ
М. ДАВЛАТОВА, мураббияи кӯдакистон, шаҳри Бохтар:

-Дар  ҷашни  Наврӯзи  байналмилалӣ  ба хонаҳои хешу табор, ҳамсояҳо ва дӯстону наздикон  рафта,  ҳамдигарро  табрик  мекунем. Таомҳои  миллӣ  мепазем,  ки  яке  аз  онҳо  су-манак  мебошад.  Онро  ҳатман  дар  хонаи  ягон нафар  ҳамсоя  ё  шахси  наздик  дастаҷамъона омода  мекунем.  Дар  ин  ҷо  гирди  деги  суманак   ҳамроҳи  меҳмонон  базму  шодӣ,  суруду ғазалхонӣ  карда,  зери  садои  дойра  рақс  мекунем. Ҳамзамон ҳар яке бо навбат назди дег омада, кафлес мезанад.

Дар  баробари  суманак  боз  якчанд  намуд хӯрокҳои   пешини  дигар,  аз  қабили  фатири варақӣ,  самбӯсаи  алафӣ,  қатурма,  қалама, оши палаву бурида тайёр мекунем. Дар кӯчаҳо мусобиқаҳои  варзишӣ  гузаронида  мешавад, бонувон мусобиқаҳои ороиши дастурхон мегузаронанд, ҳафтсину ҳафтшин омода мекунанд. 
Бузкашию чавгонбозӣ низ аз суннатҳои миллии мост.

Ҳамин тавр, Наврӯзро бо шодию хурсандӣ мегузаронем.

ДАР ИН СОЛ ДУХТАРЧААМРО БА ШАВҲАР ДОДАМ
Лола СОЛИЕВА, ноҳияи Ҷ. Балхӣ:


-Ҳар сол ба худ хусусияти хос дорад ва дар он  айём  дар  зиндагии  ҳар  фард  дигаргуние ба амал меояд, зеро зиндагӣ якранг нест. Инсон дар ҳаёт гоҳо шод асту гоҳи дигар ғамгин. Шукр  мекунам,  ки  давоми  як  сол  дар  зиндагӣ тағйироти хурсандибахш ба вуқуъ пайваст.

Дар  ин  сол  духтарамро  ба  шавҳар  додам. Орзу менамоям, ки ҳар волидайн ба ин рӯзҳои нек бирасанд...

ШОГУН БАҲОР МУБОРАК!
С. МАМАДШОЕВ, рассом:

Ҷашни  Наврӯз  дар  ҳар  маҳалла  бо  андак тағйироте  доир  мегардад.  То  ҷое,  ки  ман  иттилоъ  дорам,  Наврӯзи  Бадахшон  аз  дигар минтақаҳои  кишвар  ба  куллӣ  фарқ  мекунад. 

Пеш аз иди Наврӯз як нафар хонаро тоза мекунад. Партовҳои хонаро ба ҷое, ки касе намеравад,  бурда  мепартояд.  Дар  ягон  лаълӣ  орд гирифта, ба деворҳо гул мекашанд. Баъдан як марде шохаи дарахти бедро бо корд оро дода, онро ба хона мегузорад. Вақте ба хона меҳмон меояд, соҳибхона каме аз орд гирифта, ба китфи меҳмон мерезад ва мегӯяд:

-Шогун баҳор муборак! Ва ӯ ҷавоб медиҳад: “Ба Шумо ҳам муборак бошад!” Боз як фарқияти дигар дар он аст, ки мардуми бадахшӣ суманак намепазанд. Ягон оила бе нони чормағзӣ идро намегузаронад. Тарафи бегоҳ як нафар аз равзанаи хона ресмонро дароз мекунад ва ҳатман ягон  чиз  мебандад,  яъне  савғое  медиҳад. Ҳамин тавр бадахшониҳо иди Наврӯзро ҷашн мегиранд.

P.S. Ҳар сол ба худ хусусиятҳои хос дорад ва дар он айём дар зиндагии ҳар шахс дигаргуние  ба  амал  меояд.  Яке  дар  кору фаъолият  муваффақият  ба  даст  меораду дигаре  соҳиби  оилаю  фарзанд  мешавад, савумӣ бошад, шояд фарзандашро хонадор мекунад ва албатта, ин тағйироти куллӣ дар хотири шахс нақш мебандад.

С. АТТОР,
“Хатлон”

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода