КОРНОМАҲОИ ҶОВИДОНАИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ
(ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ)...
Дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ, 30 августи соли 2025
Ҳар сол бо фарорасии рӯзи 1-уми сентябр - оғози соли нави таҳсил, фазои кишвар бо рӯҳи тозаи илму маърифат, умеду ормонҳои нав пур мешавад. Дар Тоҷикистон ин рӯз дар баробари оғози дарсҳои мактабиву донишгоҳӣ, ҳамчунин ҷашни бузурги маърифат ва ваҳдати миллӣ мебошад. Соли 2025 ба мисли солҳои қаблӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо суханронии пурмазмун ва ҳидоятгар ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ, ки 30 августи соли 2025 доир гардид, паёму роҳнамоҳои худро ба гӯши тамоми хонандагону донишҷӯён, омӯзгорон ва волидайн расонданд.
Барои камина, ҳамчун ҷавони донишҷӯ, ки дар остонаи касби пуршарафи табибӣ қарор дорам, ҳар як таъкиди Пешвои миллат раҳнамои равшан ба сӯйи фардои босаодат ва рушди шахсӣ ба ҳисоб меравад.
Дар суханронии худ Пешвои миллат таъкид карданд, ки сулҳу оромӣ асоси пешрафти давлат ва ҷомеа, аз ҷумла соҳаи маориф аст.
«Сулҳ сари баланду қомати болои мо, бахту саодати ҳар як хонадон ва асоси пешрафти давлату миллат, аз ҷумла рушди соҳаи маориф мебошад. Дар навбати худ, мактабу маориф василаи ҳифзу таҳкими сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ дар ҷомеа ба ҳисоб меравад», - таъкид намуданд Пешвои миллат.
Ин андеша ҳамеша барои ҷавонон, бахусус барои мо, донишҷӯёни насли истиқлол, ҳамчун огоҳӣ ва сабақи таърихӣ хизмат мекунад. Агар сулҳ намебуд, на имтиҳону китобу донишгоҳ, на имкони рушду худшиносӣ вуҷуд намедошт.
Мо, ки имрӯз дар донишгоҳҳои муосир таҳсил дорем, бояд донем, ки ҳамаи ин имкониятҳо маҳз дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ фароҳам омадааст. Ҳар як донишҷӯ бояд дарк кунад, ки рисолати ӯ дар баробари омӯхтани илм, ҳамчунин ҳифзи оромии кишвар ва вафодорӣ ба сиёсати сулҳпарваронаи Пешвои муаззами миллат мебошад.
Сарвари давлат бо далелҳои возеҳ аз рушди соҳаи маориф ёдовар шуда, ифтитоҳи марказҳо, синфхонаҳо ва иншооти навро ҳамчун заминаи таҳкими илму дониш арзёбӣ карданд. Сармоягузории бузург ба соҳаи маориф аз ҷониби давлат ва Ҳукумат далели равшани таваҷҷуҳи хосса ба насли ҷавон мебошад.
Ҳамчун донишҷӯи Донишгоҳи тиббӣ хуб эҳсос мекунам, ки бе дониш ва бе илми замонавӣ табиби ҳақиқӣ шудан ғайриимкон аст.
Аз ин рӯ, ҳар як ибтикори давлат дар соҳаи маориф ва илм барои мо-ҷавонҳо имкониятест, ки дар оянда ба халқу Ватан хизмат намоем. Тав-ре Пешвои миллат таъкид медоранд: «Маҳз тавассути таҳсилоти олии босифат ҷомеа метавонад ба кадрҳое такя намояд, ки бо дониш, масъулиятшиносӣ ва диди васеъ муҷаҳҳаз буда, дар ҳама соҳаҳои ҳаёт нақши фаъол бозида метавонанд».
Яке аз нуктаҳои муҳим дар суханронии Пешвои миллат зикри Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» буд. Ин қонун, ки бо ташаббуси Президенти мамлакат дар ҳоли баррасии парлумонӣ қарор дорад, мақоми омӯзгорро боло мебарад ва ҷойгоҳи ӯро ҳамчун раҳнамо ва устоди маънавии ҷомеа устувортар месозад.
Пешрафту дастовардҳои ҳар яке аз мо, ки имрӯз донишҷӯ ҳастем, натиҷаи заҳмат ва меҳнати омӯзгорони содиқ ба пешаи худ аст. Агар омӯзгорон намебуданд, мо роҳи донишро пайдо карда наметавонистем. Арҷгузории давлат ба омӯзгорон барои мо низ сабақ аст, то ҳамеша ба муаллимон эҳтиром гузорем ва илму донишро бо масъулияти баланд аз худ намоем.
Ба андешаи Сарвари давлат, имрӯз замо-не фаро расидааст, ки мо педагогикаи миллии худро бо истифода аз дастоварду навгониҳои замони муосир ташаккул диҳем ва анҷом додани ин кор, пеш аз ҳама, вазифаи олимони соҳаи педагогика мебошад. «...Зарурат пеш омадааст, ки бо дарназардошти ҷорӣ намудани иқтисоди рақамӣ, татбиқи чорабиниҳои Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, муосирсозии раванди таҳсилот, пурра таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ ва дурнамои омодасозии кадрҳо дар соҳаи омӯзгорӣ барномаи давлатии омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ таҳия карда шавад», - қайд намуданд Пешвои миллат ва ба сохторҳои дахлдори давлатӣ супориш доданд, ки барномаи мазкурро дар муддати шаш моҳ таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзгоронро «машъалафрӯзони ҷомеа» номида, афзуданд, ки онҳо имрӯзу фардои диёрро бо нури маърифат мунаввар месозанд ва дар рушду тараққиёти давлату миллат ҳиссаи сазовор мегузоранд.
Дар суханронии Пешвои миллат таваҷҷуҳи махсус ба омода кардани омӯзгорони фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ зоҳир гардид. Ин нукта барои камина, ки донишҷӯи соҳаи тиб ҳастам, аҳамияти калидӣ дорад. Зеро тибби муосир бидуни биология, кимиё, физика ва дигар илмҳои дақиқ мавҷуд буда наметавонад.
Мо бояд бо саъю кӯшиш фанҳои дақиқро аз худ кунем, то дар оянда табибони ҳирфаӣ, муҳаққиқони навовар гардем ва дар рушди соҳаи тандурустии кишвар саҳм гузорем.
Ифтихоровар аст, ки бо ифтитоҳи хобгоҳҳо, ошхонаҳо ва марказҳои нави таълимӣ, Пешвои миллат шароити моддии таҳсилро беҳтар карда, барои мо муҳити мусоиди зиндагиву омӯзиш фароҳам оварданд. Ин ҳама ғамхориҳо нишон медиҳанд, ки давлат барои ҳар як донишҷӯ ҳамчун фарзанди худ арзиш қоил аст.
Ман ва дӯстонам имрӯз бо шарофати ҳамин иқдомҳо имкони таҳсили осуда дорем ва метавонем тамоми нерую қобилияти худро ба омӯзиш ва илм бахшем. Зеро, ба итминони Пешвои маҳбубамон, «танҳо миллате, ки босавод, дорои маорифи босифат ва кадрҳои ба-ландихтисос аст, метавонад дар арсаи ҷаҳонӣ соҳибмақом бошад».
Сарвари хирадманди давлат ба ҷавонони тоҷик бо чашми умед менигаранд ва бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки дар даврони истиқлолият «насли наве, ки муҳаббат ба Ватан, арҷгузорӣ ба ҳувияти миллӣ ва таваҷҷуҳ ба илму маърифат дар меҳвари шахсияташ қарор дорад, ба миён омад».
Дар фароварди суханрониашон Пешвои миллат ҷавононро ба ҳисси баланди миллӣ, ватанпарварӣ ва омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ даъват намуданд. Ин даъват барои ҳар як ҷавон фармонест барои масъ-улият ва садоқат.
Мо бояд донем, ки Истиқлоли давлатӣ дастоварди муқаддас аст ва онро бояд мисли гавҳараки чашм ҳифз кунем. Барои донишҷӯёни донишгоҳҳои тиббӣ на фақат хуб омӯхтани илм, ҳамчунин дар оянда ба халқ хизмат кардан ва саломатии мардумро ҳифз намудан вазифаи аввалиндараҷа маҳсуб меёбад.
Суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ барои ҳар як донишҷӯ ҳамчун дастур ва раҳнамо хизмат мекунад. Он роҳи омӯзиши илм, масъулияти иҷтимоӣ, эҳтиром ба омӯзгор, ватанпарварӣ ва ҳифзи сулҳро таъкид намуд.
Бо ифтихор ва сипосгузорӣ изҳор медорам, ки суханони Пешвои миллат барои мо, ҷавонон, манбаи илҳом ва ҳидоят мебошанд. Ман ва ҳамсолонам ваъда медиҳем, ки бо саъйи комил, омӯхтани донишҳои нав ва бо садоқат ба миллату давлат роҳи таълим ва рушди Тоҷикистони маҳбубро идома хоҳем дод.
Раҳмон МАЪМУРЗОДА,
донишҷӯи курсидуюми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино
(ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ)...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.