ДАР ЯК САТР
Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Нақши Паёми Президент дар рушди соҳибкорӣ


Нақши Паёми Президент дар рушди соҳибкорӣ





28-уми  декабри  соли  2024  Паёми  навбатии  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои нави парламенти мамлакат ироа гардид, ки дар он самту соҳаҳои мухталифи ҳаёти кишвар таҳлилу баррасӣ шуда, дурнамои рушди мамлакат муайян гардид.

Бояд қайд намуд, ки масъалаи дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ яке аз масоили муҳим буда, ҳамеша дар меҳвари паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиё-сати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» қарор доранд ва дар Паёми навбатӣ низ қарор дошт.

Сарвари  давлат  дар  Паёми  навбатӣ  иброз  доштанд,  ки  «... дар се соли охир дар мамлакат беш аз 1500 иншооти соҳаи маориф, яъне муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, 660 иншооти соҳаи тандурустӣ, 480 иншооти варзиш, 175 иншооти фарҳангу фароғат ва ҳазорҳо иншооти дигари истеҳсоливу иҷтимоӣ  бунёд  ва  ба  истифода  дода  шуданд.  Дар  ҳамаи  ин корҳои хайри ободонӣ саҳми соҳибкорон ва сокинони мамлакат бисёр бузург мебошад». 

Воқеан,  соҳибкорони  баору  номуси  ватанӣ  дар  ободониву созандагӣ ва пешрафту тараққиёти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми намоён мегузоранд. 

Лозим ба ёдоварист, ки як бахши аъзами Паёми навбатиро масъалаҳои соҳибкорӣ ва дастгирии онҳо фаро гирифта буд. Дар Паём  масоили  ташаккул  додани  соҳибкории  рақамӣ  ва  рушди савдои электронӣ махсус таъкид гардид.

Роҳбари давлат дар Паём бо мақсади дастгирии минбаъдаи рушди  соҳибкорӣ  зарур  донистанд,  ки  тибқи  Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар  бораи  санҷиши  фаъолияти  субъектҳои хоҷагидор»  бо  роҳи  такмил  додани  меъёрҳои  амалкунандаи арзёбии хавфҳо шумораи санҷишҳо ва даврияти гузаронидани онҳо (ба истиснои хавфҳои андоз) боз ҳам маҳдуд карда шавад. 

Дар ин замина, Президенти кишвар пешниҳод карданд, ки «дар давраи такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии зикршуда бо мақсади дастгирии  давлатии  фаъолияти  соҳибкорӣ,  фароҳам  овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои корӣ 
ба  ҳама  намуди  санҷишҳои  фаъолияти  субъектҳои  соҳибкорӣ (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1-уми январи соли 2027-ум мораторий эълон карда шавад».

Аз ин лиҳоз, ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш дода шуд, ки якҷо бо дигар мақомоти марбута  дар  муҳлати  як  моҳ  лоиҳаи  санади  меъёрии  ҳуқуқиро оид ба амалисозии ин пешниҳод таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат манзур созад.

Ҷиҳати иҷрои дастури Паёми зикргардида фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» аз 10-уми январи соли 2025, № 915 қабул гардид. Тибқи он ба ҳама  намуди  санҷишҳои  фаъолияти  субъектҳои  соҳибкорӣ  (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1-уми январи соли 2027 мораторий эълон карда шуда, Ҳукумати кишвар муваззаф гардид, ки ҷиҳати иҷрои фармони мазкур дар муҳлати як моҳ санади меъёрии  ҳуқуқии  дахлдорро  пешниҳод  намояд.  Асосан  санади меъёрии  ҳуқуқии  дахлдор  гуфта,  Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар  бораи  мораторий  ба  санҷишҳои  фаъолияти  субъектҳои соҳибкорӣ» дар назар дошта шудааст, зеро ин қонуни воҳидест, ки асосҳои ҳуқуқии татбиқи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкориро муайян карда, тартиби татбиқи мораторийро  муқаррар  ва  ҳуқуқу  манфиатҳои  қонунии  шаҳрвандонро ҳифз менамояд.

Таҳти мафҳуми мораторий ба санҷишҳо ин муваққатан боздоштани қисми муайяни ваколатҳои дар асоси қонун ва ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқарраршудаи мақомоти ваколатдори давлатии санҷишӣ вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, фаҳмида мешавад.

Бояд хотирнишон сохт, ки дар заминаи паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, таҳкими иқтидори саноатӣ ва содиротии ҷумҳурӣ, аз байн бурдани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ солҳои 2008, 2011, 2018 ва 2022 дар мамлакат 4 маротиба ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ мораторий эълон карда шуд.

Мораторияҳои  эълонгардида  ба  рушди  фаъолияти соҳибкории хурду миёна ва бахши истеҳсолӣ таъсири мусбат расонида,  ҷиҳати  фароҳам  овардани  фазои  мусоид  барои  ҷалби сармоя  ва  таъсиси  ҷойҳои  корӣ,  воридоти  андозҳо  ба  буҷети давлатӣ ва дар умум баҳри беҳбудии некуаҳволӣ мусоидат намуданд.

Ҳамин  тавр,  Паёми  навбатии  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар  бораи  самтҳои  асосии  сиёсати  дохилӣ  ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар ташаккули соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ, фароҳамсозии шароити созгор ҷиҳати пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ва умуман рушди соҳибкорӣ дар мамлакат мусоидат менамояд.


Фирӯз САЙНОЗИМЗОДА, 
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода