“ЭМОМАЛӢ РАҲМОН-БУНЁДГУЗОРИ ҲИЗБИ СОЗАНДАЮ БУНЁДКОР”
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 10 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 199
Таҳти ин унвон дар Қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб ба ифтихори 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ доир гардид.
Дар он вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Шарифҷон, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр ва олимону фаъолон иштирок доштанд.
Пеш аз оғози кори Конференсия ҳайати меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳр, дастовардҳои соҳаҳои маориф ва фарҳанг, ҷавонон дидан намуданд.
Маърӯзачиён дар кори конференсия оид ба таърихи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар баланд гардидани обрӯву нуфузи ҳизб, марҳилаҳои минбаъдаи фаъолияти ин ниҳоди фаъоли сиёсӣ, амалишавии ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат, иштироки фаъолонаи аъзову ҷонибдорони ҳизб дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ, тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, аз ҷумла насли наврасу ҷавон, вусъат бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳоро ёдовар гардиданд.
Ҳамчунин, зикр гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон замоне ба саҳнаи сиёсии мамлакат ворид гардид, ки дар кишвар ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ аланга дошт ва ба ояндаи дурахшони Ватан умед ё боварӣ намонда буд. Дар ин марҳила Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо роҳбарию роҳнамоии сарвари оқилу хирадмандаш бо пуштибонӣ аз суннатҳои неки ниёгон ва ҳифзу гиромидошти анъанаҳои неки гузаштагонамон ҷиҳати бо роҳи мусолиҳатомез ҳаллу фасл намудани муноқишаву нофаҳмиҳо тавонист, ки ба кишвар сулҳу субот ва ваҳдат орад.
Сипас, як қатор фаъолон собиқадорон, аъзоёи фаъоли ҳизб бо сипосномҳо туҳфаҳо ва Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб қадрдонӣ гардиданд.
Ҳамзамон ба як қатор аъзоёни нави Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.
Баъди анҷоми конференсия қисмати фарҳангии чорабинӣ ҳунармандони шаҳри Кӯлоб бо суруду оҳангҳои ватандӯстона ба чорабинӣ шукӯҳи идона зам намуданд.
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...