Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ДАВЛАТАЛӢ САИД: "ТАШАББУСҲОИ ВАТАНДӮСТОНАИ ҶАВОНОНРО ҲАМАТАРАФА ДАСТГИРӢ МЕКУНЕМ"


ДАВЛАТАЛӢ САИД: "ТАШАББУСҲОИ ВАТАНДӮСТОНАИ ҶАВОНОНРО ҲАМАТАРАФА ДАСТГИРӢ МЕКУНЕМ"


Имрӯз, 30 ноябр, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид қабули сайёри шаҳрвандон баргузор гардид.

Дар қабули сайёр шаҳрвандон оид ба муассисаи томактабии садамавии сохтмонаш нотамом дар ҷамоати шаҳраки "Балх", расонидани кӯмаки молиявӣ барои табобат, таъмини мизу курсӣ барои муассисаи нави таълимӣ ва насби трансформатори барқӣ, ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони хонаи истиқоматӣ, сохтмони муассисаи таҳсилоти миёна дар деҳаи Камолиён, таъмин бо аробачаи маъюбӣ, таъмири роҳи мошингард ва мушкилоти оби полезӣ масъалагузорӣ карда, дархости мусоидати раиси вилоятро намуданд.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба ниёзмандон кӯмаки пулӣ расонида, ба масъулони идораҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ ҷиҳати баррасии саривақтӣ ва расидагӣ ба арзу муроҷиати шаҳрвандон дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Пас аз шунидани муроҷиати шаҳрвандон раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо фаъолон ва роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мулоқот анҷом дод.

Раиси вилоят аз мушкилоту камбудиҳо дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, маориф, идеология ёдовар шуда, масъулин ва фаъолонро вазифадор намуд, ки дар корҳои ободониву хуррамгардонӣ, баланд бардоштани сифати таълим, хизматрасонии тиббӣ, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар заминаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, чиниши пахта, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, таҳкими корҳои идеологӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули “Хона ба хона”, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, таълимоти ғайриқонунии динӣ ва дигар масъалаҳои мубрам саҳмгузор бошанд.

Таъкид шуд, ки бо мақсади таъмин намудани рушди соҳаи кишоварзӣ, ки омили асосии таъминкунандаи яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат – ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасӣ ба ғизои босифат, манбаи таъмини корхонаҳои коркард бо ашёи хом, афзоиш додани ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ ва пеш аз ҳама, заминаи ташкили ҷойҳои нави корӣ ба ҳисоб меравад, бештар кӯшиш бояд кард.


- Ҳар яки мо вазифадорем, ки барои боз ҳам зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ, бахусус, ҷойҳои кории доимӣ ва бо ҳамин роҳ паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ чораҳои иловагиро роҳандозӣ намоем, - афзуд раиси вилоят.

Гуфта шуд, ки аҳли зиё ва фаъолони ноҳияро зарур аст, ки дар байни ҷомеа, хусусан миёни ҷавонону наврасон корҳои фаҳмондадиҳиро ҷиҳати дарки дурусти ҳадафу ниятҳои неруҳои ифротгарову хурофотпараст ба таври ҷиддӣ тақвият бахшанд ва ташаббусҳои ватандӯстонаи онҳоро ҳаматарафа дастгирӣ намоянд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода