Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Бонувони милитсионер робита бо ҷомеаро зичтар мекунанд


Бонувони милитсионер робита бо ҷомеаро зичтар мекунанд




Мақомоти корҳои дохилӣ, ки вазифаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти ҷомеа, таҳкими волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ҳимояи манфиатҳои қонунии муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ташкилотҳои шакли моликияташон гуногун ва коллективҳои меҳнатӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ба уҳдаи онҳо вогузор шудааст, дар сохтори мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон яке аз мақомҳои аввалро доро мебошад. Дар ин сохтори муҳимми давлатдори имрӯзҳо шумораи занҳои сарсупурда ва фидои хелло зиёд ба чашм мерасад. Онҳо бо кордонӣ, матонат, фаросат ва хислатҳои ҳамидаи худ то имрӯз муборизаҳои шабонарӯзиро ба хотири паст гардидани ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни занон идома додаанд.

Ҳайати шахсӣ, алалхусус милитсионерзанҳои вилояти Хатлон ҳамчун ҳомиёни боэътимоди давлат ва ҷомеа дар баробари мардҳо аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сахту сангин, хусусан дар солҳои барои таърихи навини кишварамон вазнин бо матонату шуҷоат ва далериву мардонагӣ гузаштаанд.

Занони мақомоти корҳои дохилии вилоят имрӯз низ дар сафи пеши мубориза бо ҷинояткорӣ, таҳкими субот ва тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи моликияти давлат ва шаҳрвандон қарор дошта, вазифаҳои мураккаб ва мушкили худро дар назди давлату ҷомеа сарбаландона иҷро мекунанд.

Маҳз бо дастгириву ғамхории пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ мақоми занон дар ҷомеа баланд бардошта шуд. Иқдом ва дастгирии Ҳукумати кишвар боиси он гашт, ки занҳо низ дар мақомотҳои қудратӣ ба кор ҷалб шаванду дар ҳифз ва пешгирии қонунвайронкуниҳо саҳми хешро гузоранд. 


Дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи беҳтар намудани инфрасохтори мақомоти корҳои дохилӣ, сатҳи касбият ва маърифати хуқуқии кормандони милитсия, ҳар як фарди бонангу номус ва содиқ ба Ватанро водор месозад, ки дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, боз ҳам ҷиддитару бомасъулият рафтору муносибат намояд.

Агарчи шумораи дақиқи кормандони мақомоти милитсия дар вилояти Хатлон аз ҳисоби бонувон эълон нашудааст, гуфта мешавад, ки дар муқоиса бо даҳ сол пеш теъдоди занон дар ин ниҳод афзудааст. Ҳоло занҳои милитсионер дар баробари мардон ба ҳимоя ва тартиботи ҷамъиятӣ камар бастаанд. Яке аз чунин занҳои далер Дилноза Муҳаммадҷонзода, корманди хадамоти дидбонию пайраҳадории милитсияи шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мебошад.

Ба гуфтаи Дилноза Муҳаммадҷонзода, будани занҳо дар сафи милитсия барои бартараф ва пешгирии ҷиноятҳо, алахусус миёни занҳо таъсир мерасонад. “Чун дар аксар маврид мардҳо бо занҳо забон ёфтанашон мушкил аст ва мо – занҳои милитсионер ба шаҳрвандон роҳи дуруст ва қонуниро нишон дода метавонем”, - афзуд Д. Муҳаммадҷонзода.

Маълум аст, ки на ҳар ҷавондухтар хоҳиши дар ин сохтор кор карданро дорад. “Дар тасаввури мардум, кори милиса хеле мушкил аст. Масалан, дар ҳолатҳое, ки бояд ҳамроҳи дӯстон бошӣ, дар хизмат ҳастӣ ва на ҳамеша ба дидори онҳо расида метавонӣ. Аммо ифтихоровар аст, ки амнияту тартибот аз милиса вобаста аст. Барои он ки маҳфили ёру дӯстон хубу хотирмон гузарад, кормандони мақомоти милитсия шабу рӯз дар коранд. Нафаре, ки дар ин мақомот кор кардан мехоҳад, бояд, ки сараввал касбашро самимона дӯст дорад. Худро фидои Ватан-модар карда бошад”, - гуфт Дилноза.

Дар ин баробар ҳастанд ҷавондухтароне, ки орзуи пӯшидани либоси милитсияро доранд ва бо ҳамин ҳавасҳо ворид мешаванду шуҷоат ва далерӣ дар дилашон ҷӯш мезанад. “Худи ман вақте падарамро бо либоси милитсионерӣ медидам, ҳавас мекардам. Имрӯз хушҳол аз онам, ки ба ҳаваси дилам расидам”, - илова карда гуфт сержанти калони милитсия Дилноза М.

Кори Дилноза, дар баробари ҳамкасбони мардаш, нигоҳдорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ аст. Да ҳар иду ҷашнҳо Дилнозаро ҳамроҳ бо дигар мардҳои ҳамкасбаш ба нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ сафарбар мекунанд. Ӯ ҳамчунин дар Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба арзу шикояти шаҳвандон расидагӣ мекунад. Дилноза кӯшиш мекунад, ки дар доираи салоҳиятҳои доштаи худ ба мушкилии шаҳрвандоне, ки ба ШВКД ноҳия шикоят мебаранд, бирасад. Дар ҳолате, ки  шаҳрванд доир ба ин ё он масъала муроҷиат мекунад, Дилноза ва ҳамкасбонаш онро санҷида, чораҳои заруририи қонуниро ба сомон мерасонанд. 

- Ҳамеша кӯшиш мекунам, ки ба ҳар як шаҳрванд мисли фарзанди падари худ муомила кунам, - афзуд Дилноза. - Зеро нафаре, ки шикоят мебарад, маҷбур мондааст, ки аз кормандони мақомоти милитсия кӯмак мепурсад. Вақте бо онҳо муомилаи хуб мекунам, бо табассум ва меҳрубонона ба арзашон ҷавоб медиҳам, гӯё ки нисфи мушкилиашонро бартараф карда бошем.  Ҳар боре, ки аз ин ё он шаҳрванд дуои хайр мешунавам, ифтихор аз милитсионерзан буданам мекунам. Шукр мекунам, ки ба як ҳамватанам кӯмакам расид. Чуноне ки Пешвои миллат мегӯяд: «Хоксор будан инсонро ба қулаҳои баланди зиндагӣ мерасонад…» Ман ҳам ба халқу Ватан, то вақте ҷон дар рамақ дорам, содиқона хизмат мекунам.

Дар раванди ислоҳоти милитсия ба фаъолияти корманд - занон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Дар доираи барномаи ислоҳоти милитсия ҷиҳати баланд бардоштани нақши зан дар мақомоти корҳои дохилӣ, фароҳам овардани шароиту фазои мусоиди корӣ барои бонувон дар мақомоти корҳои дохилӣ ва Ассотсиатсияи шуроҳои занон ва шуроҳои занони мақомоти корҳои дохилӣ таъсис дода шудааст. 


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни як мулоқот бо кормандони мақомоти милитсияи ҷумҳурӣ қайд намуданд: «Маҳаки асосии ислоҳоти милитсияро бояд ҳамкории зичи мақомот бо ҷомеа ташкил намуда, дар раванди пешбурди фаъолият зимни пешгирии ҷинояткорӣ ва мубориза бо он бояд аз имкониятҳои аҳли ҷомеа ва ниҳодҳои ҷамъиятӣ васеъ истифода намуд».

Дар робита ба ин гуфтаҳо қайд кардан бамаврид аст, ки ҳангоми гузаронидани суҳбату вохӯриҳо миёни ҷомеа шаҳрвандон ба милитсионерзанҳо эҳтироми хосса нишон медиҳанд. “Вақте ба онҳо вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ гап мезанем, хуб дарк карда, амал мекунанд. Ман фикр мекунам, ки будани занҳо дар мақомоти милитсия метавонад ҳамкории мақомоти моро бо аҳолӣ зичтар намояд. Гумон мекунам, ки ҳар як зан - корманди сохторҳои қудратӣ дар арсаи кору фаъолияти худ шоистаи ҳама гуна эҳтирому сипос буда, таҷассуми хираду маърифат, одобу ахлоқи ҳамида, ободиву пешрафти фаъолияти ВКД мебошанд”, - гуфт сержанти калони милитсия Д. Муҳаммадҷонзода.

Дилноза бо қаноатмандӣ изҳор медорад: “Ман ҳар лаҳза аз он ифтихор мебарам, ки тоҷикам. Ҳар лаҳза шукр мекунам, ки дар Ватани худам барои таъмини амнияти хешовандонам либоси милитсионерӣ ба бар кардаму қадре ҳам бошад, дар сулҳу суботи кишварам - Тоҷикистони нотакрор саҳм мегузорам”.

-Ҳар субҳ, вақте либоси кориамро ба бар мекунаму худро дар оина менигарам, фахр мекунам, ки ман дар баробари садҳо мард фидоии ин Ватани аҷдодӣ ҳастам. Вале, бо вуҷуди он ки мо ҳар рӯз дар фаъолияти корӣ баҳри пешгирӣ ва бартараф кардани қонуншиканиҳо ҳастем, ҳамоно мегӯям, ки ҳоло барои ин Ватан кори шоистае анҷом надодаам. Ҳамеша бо ёди диёр хоб мекунаму бо андешаи хизмат ба он ба кор меравам. Чун муҳаббат ба ин сарзамин, ҳимоят аз арзишҳои миллӣ ва таъмини сулҳу суботи кишвар мисле, ки дар ман мероси ирсӣ аст, - қайд мекунад қаҳрамони мо. - Бинед, агар модар барои оромиш ва сиҳатию осудагии фарзандаш заҳмат бикашад, шабҳои бедорхобию сардиҳои зимистонро таҳаммул кунад, пас, ходими милитсия ин корро барои ҳамватанонаш месозад. Мисли модар бедорхобӣ мекашад. Мисли модар ҷонфидоӣ. Мисли модар таҳаммулпазириро пеша мекунад. Хулоса, милиса гоҳе хушиҳои зиндагиашро қурбон мекунад, то ҳамватане аз хушиҳои ҳаёт баҳраёб гардад. 

- Дар охир, мехоҳам ба ҷавондухтарони шуҷоъ муроҷиат карда бигӯям, ки агар метавонанд, ходими милитсия шаванд, чун ифтихоровар аст, - афзуд ҳамсуҳбати мо. - Таъмини сулҳу субот, оромӣ, тинҷӣ, Истиқлол, озодӣ, ҳама ба фаъолияти содиқона ва заҳмату талошҳои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла милисаҳо, вобаста мебошад.

Бо такя ба гуфтаҳои боло ба хулоса омадан мумкин аст, ки саҳми занони милитсионер дар мустаҳкам кардани робитаи милитсия бо мардум, пешгирии қонуншиканиҳо, паст гардидани сатҳи ҷинояткорӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ назаррас аст.

Зиёд гардидани шумораи занони кордону содиқ ба савганд ва дорои масъулияти баланд дар мақомоти корҳои дохилӣ амри воқеӣ аст, зеро беҳтарин ва арзандатарин хислати занон - поктинатию инсондӯстӣ, нексириштию фарҳангпарварӣ, созандагию заҳматписандӣ ва эҳсоси волои ватандӯстию ифтихори ватандориро танҳо дар симои занони покдоман метавон дарёфт кард.
 
Набиҷони САИДАБРОР
“Хатлон” 

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода