Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Шумораи ғолибони озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» афзуд


Шумораи ғолибони озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» афзуд




Дар  толори  Театри  опера  ва  балети  ба  номи  Садриддин  Айнии  шаҳри  Душанбе  маросими  ҷоизасупорӣ  ба  ғолибони  озмуни ҷумҳуриявии  «Фурӯғи  субҳи  доноӣ  китоб  аст»  баргузор  гардид.  Дар ин озмун 121 нафар довталаб аз вилояти Хатлон иштирок намуда, аз ин шумора ду нафар соҳиби Шоҳҷоиза ва 33 нафар ғолиби ҷойҳои 1,2 ва 3-юм гардиданд, ки ин дастоварди назаррас барои вилояти Хатлон дониста мешавад. 

Дар асоси таваҷҷуҳ ва роҳнамоии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои Давлаталӣ Саид,  раиси  вилояти  Хатлон  ба  масъалаи  омодагии  ҳамаҷонибаи  довталабон диққати махсус додаанд. 

Дар  оғози  соли  таҳсили  равон  аз ҷониби  Давлаталӣ  Саид,  раиси  вилояти  Хатлон,  натиҷаҳои  фаъолияти  соҳаи маориф  дар  соли  таҳсили  гузашта  пурра таҳлилу  вазифагузорӣ  гардида,  ҷиҳати ҳавасмандгардонии омӯзгорон ва ғолибони аттестати  аълои  равиявӣ  ва  универсалӣ, омӯзгорону  роҳбарони  муассисаҳои таълимӣ  ва  ғолибони  озмунҳои  гуногун дар  соҳаи  маорифи  вилоят  ба  маблағи 431  ҳазор  сомонӣ  қадршиносӣ  гардида, ба  31  нафар  омӯзгорони  ҷавон  заминҳои наздиҳавлигӣ ҷудо карда шуд. 

Соли  хониши  2024-2025  аз  ҳисоби ҳамаи  сарчашмаҳои  маблағгузорӣ  дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 83 иншооти дорои 645  синфхона  барои  16125  ҷойи  нишаст дар як баст мавриди истифода қарор дода шуд,  ки  шароити  муосири  илмомӯзӣ  ба насли наврас фароҳам оварда шуд. 

Ҳамзамон, дар ин давра китобхонӣ ва таваҷҷуҳ ба илм дар маркази диққати асосии соҳаи иҷтимоии вилоят қарор дода шуда, корбариҳои пайваста натиҷаи беҳтарин нишондод дар солҳои баргузории ин сабқати зеҳнӣ ба шумор меравад. 

Ҳамчунин  бояд  қайд  кард,  ки    вилояти  Хатлон  аз  шумораи  ишғоли  ҷойҳои ифтихорӣ  дар  ҷумҳурӣ  мақоми  якумро миёни  вилоятҳои  Суғду  Бадахшон  соҳиб гашт. 

Ғолибони  озмунро  дар  тамоми  шаҳру ноҳияҳои  вилоят  дар  вазъияти  ифтихорӣ бо  тантана  қабул  намуда,  ба  онҳо туҳфаҳои моддӣ тақдим карда шуд, ки ин боз руҳияи онҳоро болидатар гардонид. 

Имсол  барои  ҳавасмандгардонии ғолибони  даври  вилоятии  озмуни ҷумҳуриявии  "Фурӯғи  субҳи  доноӣ  китоб аст"  дар  асоси  қарори  раиси  вилояти Хатлон  489  ҳазор  сомонӣ  ҷудо  гардида, ғолибони даври вилоятии озмун дар вазъи тантанавӣ  ҳавасманд  гардонида  мешаванд. 

Малика  Ҳасанова,  хонандаи  синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 51-и шаҳри Кӯлоб, аз номинатсияи адабиёти кӯдакон иштирок карда, Шоҳҷоизаи озмунро ба даст овард. 

Сабрина  Шарифзода,  хонандаи  синфи  11-и  муассисаи  таълимии  №69-и ноҳияи Восеъ, дар маросими ҷоизасупорӣ Шоҳҷоизаи  дигари  озмуни  ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст"-ро сазовор гардид.

Ёдовар  мешавем,  ки  оммавигардонии китобхонӣ дар вилояти Хатлон бо ташаббуси  раиси  вилояти  Хатлон  Давлаталӣ Саид  дар  асоси  дастуру  супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, натиҷаи назаррас ба бор овард.

Набиҷони САИДАБРОР,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода