Таъсиси «Мактаби хабарнигорони ҷавон» дар назди рӯзномаи «Хатлон»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 30 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Эълонҳо / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 70
Идораи рӯзномаи вилоятии “Хатлон” дар партави ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки тарбияи мутахассисони ҷавонро асоси пешрафти давлат шуморидаанд, бо мақсади омодасозии кадрҳои баландихтисоси рӯзноманигорӣ, саҳмгузорӣ дар рушди журналистикаи маҳал ва дарёфти чеҳраҳои нави эҷодӣ курси кутоҳмуддати омӯзиширо таҳти унвони “Мактаби хабарнигорони ҷавон”- и “Хатлон” роҳандозӣ намуд.
Дар ин омӯзиш 20 на-фар донишҷӯёни ихтисосҳои рӯзноманигорӣ, журналист-тарҷумон, ҳаводорони пешаи рӯзноманигорӣ, алоқамандони эҷод, метавонанд баҳри таҳким ва тақвияти неруи зеҳнӣ ва қобилияти эҷодии худ номнавис шуда, аз таҷрибаи беҳтарин мутахассисони соҳа баҳравар мегарданд. Ба хатмкардагони курс дар арафаи Рӯзи матбуоти тоҷик сертификат дода, дар оянда рӯзнома бо онҳо ҳамкории эҷодиро идома хоҳад дод.
Аъзои “Мактаби хабарнигорони ҷавон”-и назди рӯзнома дар давраи омӯзишӣ асосҳои эҷоди матни журналистӣ, асосҳои саҳифабандӣ (InDеsigh), асосҳои фотожурналистика, кор бо дастгоҳҳои наворбардорӣ ва танзими видеоро аз худ менамоянд.
Комрон РАСУЛОВ,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...