Ифтитоҳи бинои истиқоматӣ барои хизматчиёни давлатӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 09 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 113
9 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ташриф оварда, нахуст бинои 5 ошёнаи истиқоматӣ барои хизматчиёни давлатиро мавриди истифода қарор доданд.
Бинои истиқоматӣ дорои 25 хона, аз ҷумла 20-то ду ва 5-то як ҳуҷрагӣ мебошад. Мутобиқи лоиҳа дар ҳар як ошёна ҷойи муайяни либосхушккунӣ мавҷуд аст.
Ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки бинои зебову замонавӣ дар масоҳати 30 садяк замин қомат афрохта, дар хонаҳои фароху барҳавои он барои зисти хизматчиёни давлатӣ ва оилаашон шароити хуб фароҳам оварда шудааст.
Хонаҳои истиқоматӣ ба хизматчиёни давлатӣ ва кормандони идораву ташкилоти давлатӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дода шуд.
Бинои хуштарҳ дар маркази ноҳия ҷойгир буда, дар муҳлати муайян бо сифати баланд сохта шуд. Хонаҳои истиқоматӣ бо ҷиҳози рӯзгор пурра таъмин гардидааст.
Лозим ба таъкид аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ бо татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи махсуси Сарвари давлат нисбат ба хизматчиёни давлатӣ дар аксар шаҳру ноҳияҳои кишвар чунин биноҳои истиқоматии хизматӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд, ки дар натиҷа чандин оилаҳо соҳиби хонаҳои нави истиқоматӣ гардиданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити зисту зиндагонӣ дар ҳуҷраҳои истиқоматии навбунёд ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба роҳбарони вазорату идора ва муассисаҳое, ки кормандонашон соҳиби хонаҳои нави истиқоматӣ гардиданд, барои фаъолияти содиқона ба нафъи давлату миллат ва саҳм гузоштан дар рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Ин бинои хуштарҳу зебои истиқоматӣ туҳфаи арзишманди Ҳукумати кишвар дар доираи таҷлили 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизматчиёни давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ номида шуд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00