КОНСТИТУТСИЯ-ҚОНУНИ ВАҲДАТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 63
Қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳадафи стратегии давлати тозабунёди Тоҷикистон гардид. Маҳз бо мақсади қабули қонунҳои нав ва дар ин замина таъмин намудани тағйироти куллии ҷомеа ва давлат дар солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ Конститутсияи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул гардид.
Бояд ёдовар шуд, ки таърихи қабули ин ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ ба давраи басо ҳасосу муракаби солҳои 90-уми қарни гузашта, ки Тоҷикистон қадамҳои аввалини худро барои бунёди давлати соҳибистиқлол ва аркони давлатдории миллӣ мегузошт, рост омад, он барои мустаҳкам намудани пойдевори андешаҳои солими давлатдории миллӣ дар афкори ҷомеа нақши босазо бозид.
Конститутсия на танҳо қонуни асосӣ, балки санади махсуси ҳуқуқиест, ки бо эътибори олии хуқуқӣ ва махсусияти худ аз дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ фарқ мекунад, ки ин хусусиятҳо ҳамчун сарчашмаи ягонаи қонунгузории Тоҷикистон мебошад.
Бидуни Конститутсияи нав, ки асоси қонунҳои навро ташкил медиҳад, эҷоди қонунгузории нави давлати демократии ҳуқуқбунёд имконнопазир буд.
Бояд гуфт, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҳадафҳои волои Конститутсия амалӣ шуда, барои аз байн бурдани хавфе, ки ба Истиқлоли давлатӣ, тамомияти арзиши кишвар ва ниҳоят ба ягонагии миллат таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё гардида, роҳи сулҳу субот боз гардид. Аз ин хотир, метавон гуфт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хусусияти миллиро доро мебошад, пурра ҷавобгӯи талаботи нави замон буда, дар асл қонуни ваҳдати миллӣ ва рушду нумӯи халқ ва давлати Тоҷикистон мебошад.
Мардуми шарифи Тоҷикистон ва роҳбарияти давлат, бахусус Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамон солҳо эҳсос намуда буданд, ки бидуни сулҳу оромии ҷомеа, бе ваҳдати миллӣ, амният ва устувории ҷомеа ҳалли вазифаҳои муҳими давлат дар бобати гузариш ба давраи нави таърихи ғайриимкон буд. Аз ин хотир метавон гуфт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар воқеъ қонуни ваҳдати миллӣ ва рушднамои халқ ва давлати Тоҷикистон мебошад. Солҳои инкишофи конститутсионӣ нишон доданд, ки ҳадаф ва мазмуни Конститутсия пурра ҷавобгӯи талаботи нави замон буда, инкишофи ҷомеа ва давлати Тоҷикистонро дар заминаи ҳуқуқӣ таъмин намуданд.
Қабули ин санади олӣ дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон буда, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати тозабунёди тоҷикон, шакли иродаи ҳуқуқи ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ мебошад.
Гуфтаҳои боло далели онанд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини ваҳдати миллӣ, якпорчагии ҳудуди миллӣ, ҳимояи соҳибихтиёрӣ, истиқлолият, амният, адолати конститутсионӣ, иқтидори мудофиавӣ, фарҳанги миллӣ, анъанаҳои тамаддунӣ нақши ҳаётан муҳим дорад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин Конститутсияи миллии тоҷикон мебошад, ки ба суннатҳои миллӣ такя намуда, аз ваҳдати миллӣ, фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои миллӣ пуштибонӣ менамояд.
Арзишҳои демократӣ табиист, ки бо дарназардошти шароити Тоҷикистон, дар робита бо фарҳанги миллии тоҷикон, осори таърихӣ, анъанаҳои миллӣ амалӣ мешаванд. Демократияи Тоҷикистон дар асл демократияи миллӣ бояд бошад, ба анъанаҳо ва фарҳанги миллии тоҷикон такя намояд. Тоҷикон дар масири таърих аз анъанаҳои демократӣ бархӯрдор буданд. Чеҳраҳои шинохтаи фарҳанги форсу тоҷик Сино, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Абуҳанифа, Ҷомӣ, До-ниш, Айнӣ, Б. Ғафуров ва дигарон ҷонибдори ҳаёти демократӣ буданд, ҳадафи асосии давлатро дар хиз-мат ба раъият медиданд, андешаҳои шоҳи адолатпеша, давлати адолатпеша, ахлоқи ҳамидаи шоҳи одилро тарғиб менамуданд. Аз ҷумла, Абуҳанифа бо андешаҳои демократии худ дар олами ислом шуҳрати бузургро касб намудааст. Ӯ ҷонибдори озодии баён буда, ҳама гуна фатвои беадолатонаро мамнуъ эълон мекунад, аз истифодаи азоими дав-лат ба манфиати одамон, аз ҳаққи мардум муқобили золимон пуштибонӣ мекунад. Пеш аз ҳама, тафовути муҳим аз конститутсияҳои қаблӣ дар он аст, ки орзуву омоли гузаштагони мо, ки солҳои тӯлони мустақилияти комил ва рамзҳои давлати миллиро интизор буданд, ҷомаи амал пӯшид.
Зеро барои расидан ба истиқлоли комил халқи мо роҳи тӯлонии таърихиро паси cap намуда, ба роҳи ин фазоили шукӯҳманди таърихӣ бо чашми умед нигарон буд ва имрӯз ҳодисаҳое, ки дар ҷаҳони мутамаддин рух дода истодаанд, шаҳодати онанд, ки дар ин масири таърих вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як халқу миллати худшинос эмин нигоҳ доштани падидаи муқаддас ба ном истиқлол ва давлати миллӣ мебошад.
Дигар ин, ки ин санади муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ аввалин ҳуҷҷати сатҳи олии кишвар мебошад, ки на аз номи халқ, балки аз ҷониби худи халқ ба тариқи раъйпурсӣ эълон ва қабул гардидааст ва ин ифодаи орзую ормонҳои мардумӣ дар муқаддимаи Конститутсия мустаҳкам гардидаанд.
Дар Конститутсия давлати демокративу дунявӣ ва ягона будани Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам гардида, дар заминаи он принсипҳои демократӣ ба мо-нанди эътирофи халқ ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ, иштироки бемамониати ҳар шахсе дар идоракунии давлат, афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, гуногун-андешии сиёсӣ ва дигар падидаҳои нодири демок-ратия таҷассуми худро пайдо намудаанд.
Дар қонуни асосии кишвар меъёри муҳим, яъне арзиши олӣ эътироф шудани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ дар моддаи 5 мустаҳкам карда шудааст, ки ин меъёри умумипазируфташудаи ҷомеаи башарӣ ба Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, ки имрӯз таърихи зиёда аз ҳафтодсола дорад, Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва дигар санадҳои байналмилалӣ такя мекунад. Дар ин замина имрӯз дар Конститутсия ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазир эътироф шуда, муқаррар гардидааст, ки ҳар кас ҳақ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, ки меъёри мазкур ифодакунандаи моҳияти демократии давлат буда, шароити мусоидро барои инкишофи озодонаи инсон фароҳам меорад.
Дар Конститутсия аввалин маротиба шакли идораи ҷумҳурии президентӣ якдилона пешбинӣ карда шуд ва интихоби ин шакли идоракунӣ дар тӯли даврони соҳибистиқлолии мамлакат борҳо собит сохт, ки он ҷавобгӯи мақсаду мароми халқи кишвар буда, пешбаранда ва ташаккулдиҳандаи ғояву ақидаҳои миллӣ ва ҳифзкунандаи арзишҳову дастовардҳои мардумӣ мебошад.
Дар сатҳи Конститутсия амалӣ гардидани ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ муқаррар карда шуда, ин меъёр имкон дод, ки шохаҳои ҳокимияти давлатӣ дар асоси принсипи боздорӣ ва мувозинат, мустақилона бидуни дахолат ба фаъолияти ҳамдигар ташаккул ёфта, ба нафъи ҷомеаи Тоҷикистон хизмат намоянд.
Тибқи Конститутсияи кишвар асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил медиҳанд. Давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад.
Тибқи меъёри Конститутсияи қаблии соли 1978 бошад, асоси системаи иқтисодиии давлатро танҳо моликияти сотсиалистӣ дар шакли моликияти давлатӣ ва колхозиву кооперативӣ ташкил медод ва кафолати дигар шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ, ба фаромӯшӣ рафта буд.
Дигар падида, ки дар Конститутсия инъикоси худро пайдо намудааст, ин дар воҳидҳои марзиву маъмурии кишвар ба монанди шаҳраку деҳот кафолати мавҷуд будани мақомоти худидоракунии маҳаллӣ мебошад. Ниҳоди мазкур, яке аз нишондиҳандаи муҳими демократияи муосир дар кишвар маҳсуб меёбад, ки аз ҷониби худи аҳолии маҳал бо назардошти манфиатҳои умумиҷамъиятӣ, анъанаҳои миллӣ ва хусусиятҳои маҳаллӣ барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии аҳамияти маҳаллидошта таъсис ёфта, робитаи наздики давлатро бо аҳолӣ таъмин менамояд.
Қабули Конститутсияи навин ба истиқлоли комил мушарраф гардидани мо хусусияти хосса дод, ба системаи муайяни арзишҳо таъсири босазое гузоштааст. Ба ҳар як давлату миллат дар масири таърих ба ворид шудан ба раванди ҷаҳонишавӣ, ташаккулу рушд кардан ҳамчун давлати миллии муосир душвор буда, дар ин раванд ба омӯзиши фарҳангҳои гуногун ба фарҳанги миллӣ дучор мегардад, ки ин, албатта, ба мафкураву фаҳмиши ҳар як инсон таъсири худро мегузорад. Мо бояд тамоми қувваю неруи зеҳнии хешро барои ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ, арзишҳои фарҳангу суннатҳои миллӣ сарф намоем ва ҳамеша дӯстдори давлату миллати хеш бошем.
Маҳмуд АБДУЛЛОЕВ,
профессор,
Зафар ИСМОИЛОВ,
омӯзгор
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...