Эмомалӣ Раҳмон дар рушди забони миллӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 05 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 204
Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад
Эмомалӣ РАҲМОН
Забонро ҳастии миллату давлат мегӯянд. Забон яке аз аломатҳои муҳимтарини муттаҳидкунандаи ҳамаи миллатҳо ба ҳисоб меравад. Амалӣ гардидани ҳар як ғояву ақидаҳои умумӣ, муқаддасоти фарҳангӣ ва ҳатто хоҷагидорӣ бе якдигарфаҳмӣ ва муошират ғайриимкон аст. Забон пайвандгари иртиботи фарҳангиву адабӣ байни манотиқи гуногуни дунё мебошад.
Забони миллӣ ё худ забони модарӣ оғози ҳамаи оғозҳо, асоси маънавият, маданияти ҳақиқии ботинӣ, худшиносии иҷтимоиву ахлоқии шахс аст.
Ободии мамлакат, некуаҳволии халқ, рушди илму маданият ва адабиёту санъат, зиддиятҳои пурпеч ва пасту баландиҳое, ки дар самти иқтисодӣ, иҷтимоиву сиёсӣ пеш меоянд, дар сарнавишти навини забони миллӣ акс андохтаанд. Ин забони миллӣ, ки забони давлатӣ ва забони модарии мост, дар баробари ғановати бемисл доштан, таърихи пуршебу фароз ва пурфоҷеаро низ аз сар гузаронидааст. Аммо бо вуҷуди ҳама монеаву зиддиятҳо забони тоҷикӣ тавонистааст, ки чун нишони соҳибдавлатӣ дар ҳассостарин лаҳзаҳои таърих сипаре барои ҳифзи асолат ва фарҳанги миллӣ гардад.
Мутаассифона, бар асари ошӯбу пайомадҳои сиёсие, ки дар нимаи дуюми асри 20 кишвари моро дар қатори дигар кишварҳои шомили иттифоқ фаро гирифта буд, эҳтимоли азбайнравии ин забони қавиву тамаддунсоз ба вуҷуд омад, вале чуноне мегӯянд, “ҳар сангеро сипарест”, бо талошу заҳмат, кӯшишҳои ҳамешагӣ ва тадбирҳои дурандешонаи фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон ин хатари нобудӣ аз байн рафт ва забони мо то имрӯз дифоъ аз асолати хеш карда меояд, ки барои рушан сохтани ин масир руҷуе ба гузаштаи таърих мебояд.
9 сентябри соли 1991 дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати соҳибистиқлоле бо номи Тоҷикистон сабт шуд ва халқи куҳанбунёди тоҷик пас аз ҳазор соли маҳрумияту барканорӣ аз давлату давлатдорӣ ва адами иштирок дар таъини сарнавишти хеш дубора ба арсаи сиёсӣ баргашта, ҳаққи аздастдода ва поймолшудаи хешро соҳиб гардид. Ин рӯйдоди таърихӣ на танҳо барои тоҷикони Тоҷикистон, балки барои тамоми тоҷикзабонон, махсусан барои ҳама касоне, ки сарфи назар аз макону ҷойи зист худро мансуб ба миллати тоҷик медонанд, дастоварди бузурги сиёсӣ гардид. Бо шарофати Истиқлол забони тоҷикӣ ба феҳристи забони давлатҳои мустақили ҷаҳон дохил шуд, барои шинохти миллати тоҷик ба сифати як халқи дорои ҳама аломату нишонаҳои миллати таърихӣ заминаҳои сиёсӣ фароҳам омад.
Бо фаро расидани Истиқлол ва забони давлатӣ эълон шудани забони тоҷикӣ масъалаи забон аҳамияти хоса пайдо кард ва ба ҳадде мубрам гардид, ки онро метавон яке аз падидаҳои муҳими шуури миллӣ ва афкори ҷамъиятии ин солҳо номид.
Далели ин гуфтаҳо он аст, ки дар тамоми ин давраи нави таърихӣ, ҳатто дар сахттарин солҳои ҷанги дохилӣ яке аз манфиатҳое, ки тамоми гурӯҳу табақоти ҷомеаро, сарфи назар аз тамоюлоту самтгириҳои иҷтимоию сиёсӣ, ба ҳам мепайваст, масъалаи забон буд. Ин ягона мавриде буд, ки ҳизбу ҳаракатҳои мухталиф нисбат ба он ҳамфикру ҳамақида буда, манфиати миллиро аз ормонҳои гурӯҳӣ ва ҳадафҳои зудгузари ҳизбиву идеологии худ болотар мегузоштанд. Ин мисоли умедбахш, ба назари мо, яке аз омилҳое гардид, ки сипас дар таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон нақши муҳим дошт.
Ҳамин аст, ки мегӯем, забони мо пайванди ногусастанӣ бо Истиқлоли мо дорад. Маҳз Истиқлол дар баробари замина фароҳам сохтан дар пешрафти ҳаёти ҷомеа, барои рушду инкишофи забони миллӣ низ шароит муҳайё кард. Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали давлатдорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мустаҳкам намудани мавқеи забони тоҷикӣ дар ҳамаи сохторҳои ҷомеа, чун забони миллӣ чораҳои судманд андешид. Яке аз чунин тадбирҳои муҳим ҳамчун забони миллӣ, забони давлатдорӣ ва забони расмии коргузорӣ қабул шудани забони тоҷикӣ буд. Дар ин сатҳ густариш додан ва мақом бахшидан ба забони миллӣ бесабаб набуд. Зеро ба ҳамаи мо маълум аст, ки забон нишондиҳандаи ҳастии ҳар як миллат аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш чунин таъкид намуда буданд: “Миллате, ки забони модариашро фаромӯш менамояд, бо мурури замон дар майдони таърих аз ӯ нишоне нахоҳад монд.
Дар фархундарӯзгоре, ки сохтору шеваи зиндагии мо ба куллӣ дигаргун шуда, Тоҷикистони мустақилу соҳибихтиёр ба сӯйи истиқлоли фарҳангӣ роҳ мепаймояд, лозим аст, ки забони худро низ ба дараҷаи як забони ҷӯёву инъитофпазир ва зояндаву таҳаммулпазири муосир такмилу тақвият бахшем, то ин ҳама таҳаввулот ва дигаргуниҳои бунёдии солҳои охири ҷомеаи моро инъикос карда, бо корвони тезрави фарҳангу тамаддуни ҷаҳонӣ ҳамроҳ ва ҳамсафар бошад. Барои ин батакрор хотирнишон мекунем, ки мо бояд ба таърихи забони худ рӯй оварда, рӯзгори ҷавонӣ, даврони нашъунамо, авомили зояндагии камназир ва густаришу боландагӣ ва албатта, сабабҳои шикасту заъфи онро аз ибтидо то имрӯз амиқтар омӯхта, зеботарин ва коромадтарин унсурҳои мавриди ниёзи даврони худро пайдо намоем, аз таҷрибаи ҳамзабонон, он чи ба табиати забони мо созгор аст, баҳра бардорем, қолабҳо ва унсурҳои суннатии вожасозиро бо истифода аз осори гузаштаи хеш фаъол созем, бори нуфузи забонҳои бегонаро, албатта ҳар он чи таҳмилӣ аст, аз дӯш барандозем”.
Дар ин баробар қабул гардидани Қонун “Дар бораи забони давлатӣ”, ворид намудани тағйиру иловаҳо баҳри такмилсозии сохтори забон ба қоидаҳои имлои забон аз он тадбирҳоеанд, ки ҳама барои рушду густариш додани забони миллии мо-забони тоҷикӣ, роҳандозӣ шудаанд. “Забони модарӣ хишти нахустини пойдевори кохи миллат ва яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллист. Бузургтарин вазифаи ҳар як фарде, ки даъвои фарҳангу забон мекунад, нигаҳбонию пос доштани ин мероси муқаддас ва ба наслҳои оянда расонидани забони ширину шево ва шеъру адаби оламшумули тоҷикӣ мебошад”, - гуфтаанд Сарвари кишвар, ки воқеан дуруст аст.
Ифтихори дигаре, ки бо шарофати ҷуръату талошҳои Сарвари кишвар насиби мо-соҳибзабонон гардид, ин дар минбарҳои баланди сатҳи байналмилалӣ садо додани забони ноби тоҷикист.
Агар ҳамаи хизмату талошҳои Президенти кишварро дар роҳи густариши забони миллӣ мадди назар бигирем, беҳисоб хоҳад буд. Ва нуктаи қобили тазаккур ин аст, ки ҳамаи ин талошҳо барои собит сохтани арзиши забон чун нишонаи ҳувият ва ҳастии миллат будани он аст. Зеро агар одамон имрӯз ба зинаҳои баланди илму маърифат раси-да бошанд, агар онон асрори қабат-қабати заминро кашф намуда, то моҳ расидаву акнун азми парвози сайёраҳои дигарро дошта бошанд, пас, ин ҳама, бегумон, ба василаи забон аст.
Оре, забон омили асосии эҷоди фарҳанг, нахуствасилаи тараққӣ ва инкишофи ҷамъият буд, ҳаст ва ҳамчунон хоҳад монд. Чӣ хуб гуфтааст Бедили нозукхаёл:
Аз азал то абад чӣ нав, чӣ куҳан,
Буд маҳкуми иқтидори сухан.
Акнун навбати рисолати мост, ки забони адабиро ҳифз намоем, барои раҳоӣ аз иллатҳои маданӣ ва расидан ба пояҳои баланди илму маърифат талош намоем.
Моро мебояд, ки ба забони модарии худ садоқат ва муҳаббати беинтиҳо дошта бошему барои багазанд интиқол додани он ба наслҳои оянда ҳиссаи худро гузорем.
Р. РАҲМАТОВА, «Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...