ЭЪЛОН
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 24 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Эълонҳо / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 229
Ба диққати вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон!
Рӯзи 30 сентябри соли 2024, соати 08:00 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум бо масъалаҳои зерин баргузор мегардад:
1. Рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 9 декабри соли 2022, №376 “Оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2022, №533 «Дар бораи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят;
2. Ҳисоботи сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят оид ба рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 24 марти соли 2021, №158 “Дар бораи Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят;
3. Масъалаҳои ҷорӣ.
Шуъбаи ташкилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон