Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ТО 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛ ДАР ВИЛОЯТ ЧӢ ҚАДАР ИНШООТ БУНЁД МЕГАРДАД?


ТО 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛ ДАР ВИЛОЯТ ЧӢ ҚАДАР ИНШООТ БУНЁД МЕГАРДАД?




Ба  ифтихори  ҷашни  35-солагии  Истиқлоли  давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар  шаҳру  ноҳияҳои  вилоят  аз  6260  иншооти  нақшавӣ 3090 иншоот ба маблағи 2,5 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода дода  шуд,  ки  49,4%  нақшаро  ташкил  медиҳад.   Дар  арафаи  33-солагии Истиқлоли давлатӣ рӯзномаи «Хатлон» маълумоти омодагиҳои шаҳру ноҳияҳои вилоятро бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дастрас намуда, пешниҳоди хонандагон менамояд.

ШАҲРИ БОХТАР
Дар шаҳри Бохтар 300 сохтмо-ни биною иншоот ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 138 иншоот ба маблағи 19 миллиону 262 ҳазор сомонӣ  ба  истифода  дода  шудааст,  ки  46  фоизи  иҷрои  нақшаро дар бар мегирад. 

ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ
Дар шаҳри Левакант 40 иншооти ҷашнӣ бо арзиши 117 миллиону 129 ҳазор сомонӣ сохта ба исти-фода дода шуд, ки 56 фоизи нақша 
иҷро гардидааст.

ШАҲРИ КӯЛОБ
 Барои  сазовор  истиқбол  гирифтани  35-солагии  Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Кӯлоб таъмиру бунёди 494 иншооти соҳаҳои гуногун пешбинӣ шудааст. Ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ 203 иншоот маври-ди истифода қарор гирифтанд.

ШАҲРИ НОРАК
Шаҳри Норак яке аз шаҳрҳои са-ноатии вилоят буда, ба истиқболи ҷашни 35- солагии Истиқлол сохтмони  197  иншооти  гуногунтаъинот   ба  нақша  гирифта  шудааст. Дар  арафаи  таҷлили  33-солагии Истиқлоли  давлатӣ  50  иншоот, аз  ҷумла  8  бинои  маъмурӣ,  9  муассисаи  таълимӣ,  6  табобатӣ,  5 варзишӣ,  2  фарҳангӣ,  20  корхонаю  коргоҳи  саноатӣ  мавриди баҳрабардорӣ  қарор  гирифтааст. 

Сохтмони  147  иншооти  хизматрасонию  маишӣ,  истиқоматию кишоварзӣ,  фароғатӣ  ва  савдо  ба накша  гирифта  шуда,  айни  ҳол корҳои сохтмонӣ бо маром идома дорад.

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК
Дар ноҳияи Темурмалик бахшида  ба  ҷашни  35-солагии  Истиқлои давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон сохтмони  256  иншооти  иҷтимоию иқтисодӣ  ва  21  иншооти  иловагӣ ба  нақша  гирифта  шудааст,  ки дар маҷмуъ 277 иншоотро ташкил медиҳад.  То  имрӯз  116  иншооти бунёдгардидаро  ба  истифода  додаанд.

НОҲИЯИ КӯШОНИЁН
Ноҳияи Кӯшониён яке аз калонтарин ноҳияҳои вилоят буда, беш аз  252  иншооти  таъиноташон  гуногун  ба  нақша  гирифта  шудааст. Аз ин шумора 124 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН
Дар ноҳия то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бояд 216 иншооти  иқтисодиву  иҷтимоӣ  ба  нақша гирифта, аз он 86 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. 

НОҲИЯИ БАЛҶУВОН
Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни муқаддаси 35-сола-гии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи зебоманзари  Балҷувон  аз  257  иншооти дар нақша буда, то имрӯз 26 иншоот ба истифода дода шудааст.

НОҲИЯИФАРХОР
Дар ноҳияи Фархор дар доираи омодагиҳо  ба  ҷашни  35-солагии Истиқлоли давлатӣ 435 бинову иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта  шудааст.  91  иншооти ҷашниро  мавриди  истифодабарӣ қарор додаанд.

НОҲИЯИ ВОСЕЪ
Дар  ноҳияи  Восеъ  сохтмони 408   иншооти  ҷашнӣ  дар  назар буда, аз он 219 иншоот ба истифода дода шудааст. Имрӯзҳо дар 40 иншоот  корҳои  сохтмонӣ  ҷараён дошта, соли 2024 онҳоро мавриди истифодабарӣ қарор медиҳанд.

НОҲИЯИ ДАНҒАРА
Дар  ноҳия  бунёд  ва  таъмиру  таҷдиди  222  иншооти  гуногун ба  нақша  ворид  гаштааст.  Аз  ин миқдор айни ҳол 78 иншоот ба истифода дода, дар 144 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ идома дорад.

НОҲИЯИ МИРСАЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ
Дар  ноҳияи  Мир  Сайид  Алии Ҳамадонӣ бо мақсади ба роҳ мондани корҳои бунёдкорию созандагӣ дар  доираи  чорабиниҳои  ҷашнии 35-солагии  Истиқлоли  давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон   бунёди 84  иншооти  таъиноташон  гуногунро  ба  маблағи  185  миллиону 997  ҳазору  948  сомонӣ  ба  нақша гирифта  шудааст.  Дар  нимсолаи якуми  соли  2024  дар  ноҳия  39 иншоот  мавриди  истифода  қарор дода шуд.

НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН
Сохтмони  158   иншоот  дар ноҳияи  Қубодиён  пешбинӣ  гардидаст.  То  имрӯз  99  иншооти соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия мав-риди  баҳрабардорӣ  қарор  дода шудааст,  ки  63  фоизи  иҷроиши нақшаро ташкил медиҳад. 

НОҲИЯИ ШАҲРИТУС
Дар ноҳия сохтмони 327 биною иншооти  хизматрасонӣ  ба  нақша гирифта,  то  имрӯз  146  иншоот мавриди  баҳрабардорӣ  қарор  гирифтанд,  ки  44,6  фоизи  нақшаро ташкил медиҳад.

НОҲИЯИ Ҷ. БАЛХӢ
Дар  ноҳияи  Ҷалолиддини Балхӣ  340  бинову  иншооти  соҳаҳои  гуногун,  аз  ҷумла фарҳанг,  тандурустӣ,  варзишӣ, саноат  ва  ва  ғайра  пешбинӣ  карда  шудаанд.  Айни  ҳол  226  иншо-от  мавриди  истифодабарӣ  қарор дода шудааст. 

НОҲИЯИ ДӯСТӢ
Дар ноҳияи Дӯстӣ ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон сохмони  267  иншооту  биноҳои истеҳсолию  ғайриистеҳсолӣ  ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 28  иншооти  ҷашнӣ  ба  истифода дода шудааст. 

НОҲИЯИ ХУРОСОН
Дар  ноҳияи  Хуросон  бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ  239  иншооти  таъйиноташон  гуногун  ба  нақша  гирифта шудааст. Тибқи иттилоъ, то ҷашни 33-солагии  Истиқлоли  давлатӣ 136 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор дода мешавад.

НОҲИЯИ А. ҶОМӢ
То  35-солагии  Истиқлоли давлатӣ  дар  ноҳияи  Абдураҳмони Ҷомӣ беш аз 400 бинову иншооти гуногун  сохта,  ба  истифода  дода мешавад.  Ба  гуфтаи  масъулини  ноҳия  дар  арафаи  33-солагии Истиқлоли давлатӣ 114-тои он сох-та ба истифода дода шудааст. 

НОҲИЯИ ПАНҶ
Дар ноҳияи Панҷ корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо маром ҷараён дошта,  сохтмони  232  иншоот  ба нақша  гирифта  шудааст.  Аз  шумораи   умумии  иншоотҳои  ҷашнӣ то  ба  имрӯз  116-тоаш  мавриди баҳрабардорӣ  умум  қарор  гирифтаанд.

НОҲИЯИ ҶАЙҲУН
Аз  504  иншооти  ба нақшагирифта  то  ба  имрӯз  танҳо 154-тои  он  мавриди  истифода қарор  гирифтааст.  Ин  иттилоъро аз  Мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти давлатии  ноҳия  зимни  суҳбати телефонӣ ба мо гуфтанд. Ба гуфтаи  масъулин  аз  ин  шумора  сохтмони  МТМУ  ва  бунёди  7  майдон-чаи  хурди  футбол  барои  4  фасли сол аз ҷумлаи муҳимтарин иншоот маҳсуб меёбанд.

НОҲИЯИ ЁВОН
Ёвон  ноҳияи  саноатӣ  буда, дар  доираи  таҷлил  аз  35-солагии Истиқлоли  давлатӣ  561  иншооти гуногунтаъинот  ба  нақша  гирифта шудааст. То ба имрӯз 183 он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки  ин  32,6%  нақшаро  дар  бар  мегирад. 

НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ
Дар доираи нақшаи бунёдкори-ву созандагӣ дар ноҳияи Ховалинг 221 иншооти иқтисодию иҷтимоӣ ба нақша гирифта шуда, ки 99-тои он айни ҳол мавриди истифода қарор гирифтааст. Дар арафаи таҷлили 33-солагии  Истиқлоли  давлатӣ ифтитоҳи  як  қатор  иншоотҳои ҷашнӣ  -  беморхонаи  марказӣ,  кумитаи  замин,  маркази  хизматра-сонии  “Беназир”  ва  меҳмонхонаи сеошёна сурат мегирад. 

НОҲИЯИ Н. ХУСРАВ
Дар  ноҳияи  Носири  Хусрав бахшида  ба  ҷашни  35-солагии Истиқлоли  давлатӣ  112  иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки то ба имрӯз 90-тои он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. 

НОҲИЯИ МУЪМИНОБОД
Дар  ноҳияи  Муъминобод  дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии  Истиқлоли  давлатӣ  200  иншо-оти иқтисодиву иҷтимоӣ ба нақша гирифта  шудааст.  То  таҷлили  33- солагӣ  Истиқлоли  давлатӣ  53-тои он  мавриди  истифода  қарор  дода мешавад. 

НОҲИЯИ ВАХШ
Дар  ноҳияи  Вахш  сохтмони 155  иншооти  соҳаҳои  гуногун  ба нақша гирифта шудааст. Айни ҳол 71 иншоот мавриди истифодабарӣ қарор  дода  шуд,  ки  48  фоизи нақшаро дар бар мегирад.

Абдулло РИОЕВ,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода