ПАРВОЗИ БЕ ПАР
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 256
Меҳано, ман мардуматро меҳрпарвар ёфтам,
Бар дари ҳар дил, ки рафтам, як бародар ёфтам.
Ончунон ки хона аз як себ хушбӯ мешавад,
Дар машомам аз ҳавоят бӯйи модар ёфтам.
Хоки покат бе каромат нест, аз болои кӯҳ
Сайр кардам бо нигаҳ, парвози бе пар ёфтам.
Рӯд пур аз ашки шодӣ мешавад бо диданам,
Рӯд на, гуё ба худ дилсӯз хоҳар ёфтам.
Рамзи кохи «Сад сутун» во гашт, чун дар хоки ту
Ҳар қадеро як сутуни кохи бовар ёфтам.
Дӯш дар хобам ғарибе аз биҳишт овоз дод:
Шукр, ин ҷо Дашти Ҷамро боз аз сар ёфтам.
Руҳи тоҷикона рӯи дафтарам чархиду гуфт:
Ҷилваҳои хешро дар шеъри Озар ёфтам.
Озар САЛИМ
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...