ФАРХОР. ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ №14
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 14 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 251
Дар партави сиёсати маорифпарворонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор- Мансурҷон Умаров дар деҳаи Иттифоқи Ҷамоати деҳоти Фархори ноҳияи Фархор бинои нави иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 14-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Сохтмони бинои иловагӣ бо маблағгузории шарикони рушд соли 2023 оғоз гардида, аз ду ошёна бо 240 ҷойи нишаст дар як баст иборат мебошад.
Дар ошёнаи якум синфхонаҳои фаннии физика, география, химия, маркази таълимии инкишофи кӯдак ва дар ошёнаи дуюм ҳуҷраи кории директори муассиса, синфхонаи компютерӣ, хонаи омузгорон ва 4 синфхона мавҷуд мебошад.
Инчунин, муассисаи таълимии мазкур дорои системаи гармидиҳии ягонаи буғӣ таъмин мебошад. Барои машғулиятҳои фанни тарбияи ҷисмонӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим минёи хонандагон дар муассиса майдончаҳои варзишӣ барои бозии футбол, волейбол ва баскетбол омода карда мешавад.
Ҳамзамон, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо ҳайати омӯзгорон ва кормандони муассисаи таълимии мазкур суҳбат намуда, дастуру ҳидоятҳои раҳнамунсози Асосгузори сулҳу ваҳдат миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои беҳтар ва хубтар намудани сифати таълиму тарбия дар муассиса ёдовар шуд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00