Қонунҳо мукаммалтар шуданд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 09 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 340
Вобаста ба раванди рушди босуботи ҷомеа зарурияти қабули қонунҳо бо натиҷаи таҷрибаи ҷамъгашта дар ҳама самтҳои ҳаёти ҷомеаи кишвар ба миён меояд.
Пеш аз ҳама, номи қонуни нав (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон») иваз гардида, калимаи «анъана» аз ном ва тамоми матни Қонун хориҷ карда шуд. Номи бархе аз бобҳо тағйир ёфта, ба қонун 6 моддаи дигар илова гардид, ки айни замон аз 6 боб ва 22 модда иборат аст. Ба Қонун салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба танзими ҷашну маросим бо талаботи иловагӣ ворид гардид.
– Банди 2 моддаи 9 (Ҷашнҳои расмӣ) бо иловаи зерин қабул гардид: Дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Иди Қурбон дастархони камхарҷи идона ороста шуда, исрофкорӣ, зиёдаравӣ, тақдими ширинӣ ва туҳфаҳои дигар (идгардак) манъ аст.
– Дар маросими ҳаҷ ва умра (Мод-даи 13) бандҳои 2 ва 3 бо иловаҳои зерин қабул гардид:
Ташкили маъракаҳои ҳоҷизиёрат, ҳоҷиталбон, ҳоҷиошӣ ва маъракаҳои дигар, инчунин, тақсими туҳфаҳо, идона оро додани ҳавлӣ, кӯчаву маҳалла ва мошинҳо ба хотири ҳаҷ ва ё умра манъ аст. Ҳоҷиён ва умракунандагон ба ҷойи маъракаҳои манъ-шуда метавонанд корҳои хайриявию эҳсонкорӣ, аз ҷумла таъмири роҳ, кашидани хатти об, сохтмон ва ё таъмири иншооти иҷтимоӣ, пулҳоро анҷом диҳанд.
Қайд бояд намуд, ки моҳи августи соли 2011 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» иборат аз 6 боб ва 17 модда қабул гардид. Бо гузашти 13 сол аз қабули ин қонуни муҳим, ҳаёт нишон дод, ки ин қонун барои ҷомеаи имрӯзаи мо нақши муҳимеро бозид. Вобаста ба корбасти ин қонун дар ҷомеа ва таклифу пешниҳодҳои ирсолгашта қонун дар таҳрири нав қабул гашт.
Зимнан, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои қаблан қабулшуда тадбири амалӣ мебошад. Маълум аст, ки қонун догма нест ва моро мебояд бо назардошти таҷрибаи ҳаёт, ҷавобан ба тағйироти босуръати замони муосир вокуниши саривақтӣ нишон диҳем, аз равандҳои замону ҷаҳон қафо намонем.
Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳрири нав қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарби-яи кӯдак» бори дигар далели он аст, ки Пеш-вои муазза-ми миллат ба масъалаи таъ-лиму тарбияи насли наврас таваҷҷуҳи хос зоҳир менамо-янд ва зарур дони-станд, ки тарбия танҳо бар дӯши падару модар набошад, балки дар ин раванди мураккабу мушкил дигар ниҳодҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ низ саҳм дошта бошанд. Мақсади асосии дар таҳрири нав қабул кардани қонуни миллӣ пурзӯр намудани муносибатҳо оид ба масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак, дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихор аз Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ, фарҳангӣ ба роҳ мондани таълиму тарбияи кӯдак ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак мебошад.
Қонуни нав аз муқаддима, 7 боб ва 25 модда иборат буда, дар чордаҳ моддаи он муносибатҳо оид ба масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак ва ҳуқуқу уҳдадориҳо аз ҷониби падару модар ва шахсони онҳоро ивазкунанда, омӯзгор, муассисаи таълимӣ, комиссияҳои ҷамъиятӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақоми ваколатдор ва дигар вазорату идораҳо ва аҳли ҷомеа дар моддаҳои алоҳида оварда шудаанд.
Дар қонуни нав бори аввал принсипҳои масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак, сиёсати давлатӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак, ҷалби аҳли ҷомеа ба таълиму тарбияи кӯдак, мақомоте, ки масъалаҳои вобаста ба масъулият барои таълиму тарбияи кӯдакро баррасӣ мекунанд, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои му-ассисаи таълимӣ ва омӯзгор ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти таълиму тарбияи кӯдак пешбинӣ шуданд. Он иштироки мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар амалисозии сиёсати давлатӣ дар самти масъулият ба-рои таълиму тарбияи кӯдак, ҳамоҳангсозӣ дар
фаъолияти онҳо, муайян намудани ваколатҳои ин ниҳодҳо дақиқан нишон дода шудааст.
Қонуни нав, ҳамчунин шумораи аъзои комиссияҳои ҷамъиятӣ ва ҳайати онро дақиқ муқаррар кардааст. Бояд гуфт, ки дар мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва муассисаҳои таълимӣ татбиқкунанда ва назораткунандаи талаботи қонуни мазкур комиссияҳои ҷамъиятӣ мебошанд.
Ҳамзамон дар салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудани тасдиқи низомномаи намунавии комиссияҳои ҷамъиятӣ дар самти масъулият барои таъли-му тарбияи кӯдак пешниҳоди бамав-рид буда, фаъолияти ин комиссияҳоро пурра ва ҳаматарафа ба танзим медарорад.
То ҳол чунин санади меъёрии ҳуқуқӣ дар амалия мавҷуд набуд. Як махсусияти қонуни нав ин аст, ки муҷозоти дигаронро ҳам муқаррар кардааст.
Аз ҷумла, омӯзгорону дигар афроде, ки дар тарбия ва нигоҳубини кӯдакон масъулият доранд, метавонанд ҷавобгар шаванд. Корман-дони муассисаҳои таълимӣ ё тарбиявӣ, дар раванди таълиму тарбия, агар нисбат ба кӯдак зӯроварӣ истифода намоянд ё ҳангоми назорат накардани кӯдак, ки дар натиҷа боиси истифода шудани зӯроварӣ нисбат ба дигар шахсон мегардад, ҳангоми набудани аломати таркиби ҷиноят дар ҳамин ҳолат ҷазои ҷаримавӣ пешниҳод шудааст, ки он ба андозаи аз 20 то 25 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (1440 то 1800 сомонӣ) мебошад.
Дар маҷмӯъ, қонун бо назардошти вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони муосир, тарбия намудани кӯдакон дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ,
пешгирӣ аз ҳар гуна омилҳои номатлуб, оворагардӣ ва монанди инҳо, дар таълиму тарбияи кӯдакон нақши бориз хоҳад гузошт.
Варқаи Зайниддин,
ёрдамчии калони прокурори
вилояти Хатлон,
мушовири адлияи дараҷаи 1
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...