Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ФҶС Шабакаҳои барқи Кӯлоб


ФҶС Шабакаҳои барқи Кӯлоб



ФҶС Шабакаҳои барқи Кӯлоб аз системаи энергетики ба миқдори 50 млн 352ҳ 135 кВт/соат барқ кам қабул кардааст.


Имрӯз, 22 июл, нишасти матбуотии ФҶС Шабакаҳои барқи Кӯлоб Раёсати назорати давлатии энергетика дар минтақаи Кӯлоб оид ба натиҷагирии фаъолияти нимсолаи якуми соли 2024 доир гардид. 

Зимни нишасти хабарӣ Сардори тақсимоти Шабакаҳои барқи дар минтақаи Кӯлоб иттилоъ дод, ки дар 6-моҳи соли 2024 аз системаи энергетики ба миқдори 663 млн 401ҳ 224 кВт/соат барқ қабул карда шуда, ба истеъмолкунандагон ба миқдори 445 млн 095ҳ 174 кВт/соат барқ расонида шудааст. Талафоти умуми бошад 204 млн 738ҳ 085 кВт/соат-ро ташкил медиҳад, ки ин баробар ба 30,9% мебошад, ки нисбат ба соли гузашта 50 млн 352ҳ 135 кВт/соат барқ кам қабул карда шудааст, ки ин баробар ба 4'1% кам карда шудааст.

Дар идомаи нишаст гуфта шуд, ки иҷроиши нақшаи ҷамъоварии маблағи нерӯи барқи истифодашуда дар филиал ба маблағи 128млн 678х 448 сомонӣ, ки 80,68%-и нақшаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта ба маблағи 1млн 226ҳ 256 сомонӣ зиёд бошад ҳам вале фойзан 4,64% кам мебошад, зиёд будани маблағ аз ҳисоби кам намудани талафот ва зиёд намудани ҳисоби арзёби карда мешавад, аз он ҷумла: Аҳоли ба маблағи 63млн 971ҳ 534 сомонӣ пардохт шудааст, ки 91,98%-и нақшаро ташкил дод, ба қиёс нисбати соли гузашта ба 6,05% зиёд карда шудааст.

Иброз гардид, ки арзиши миёна дар 6-моҳи соли ҷорӣ 35,81 дирамро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,72 дирам зиёд мебошад, ки фоизан 11,59% зиёд карда шудааст. Шумораи санадҳои қоидавайронкунӣ 2649 ададро ташкил мекунад ва ба маблағи 2млн 983ҳ 363 сомонӣ ҳисоби шудааст, ки 924ҳ 546 сомонӣ пардохт карда шудааст, ки 31,0% и маблағи ҳисобшударо дар бар мегирад, ки нисбат ба соли гузашта бошад 1248 адад зиёд ва ба маблағи 255x 757 сомонӣ зиёд мебошад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода