Дар Хатлон 177 номгӯи маҳсулоти саноатӣ истеҳсол мешавад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 18 июл, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 204
Бо мақсади амалигардонии сиёсати афзалиятноки саноати-кунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ, са-ноатчиёни вилояти Хатлон дар моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ ба маблағи беш аз 5 миллиарду 18,4 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд.
Тибқи иттилои масъулони шуъбаи энергетика ва саноати дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, ҳиссаи корхонаҳои саноатии вилояти Хатлон дар истеҳсоли маҳсулоти саноатии мамлакат ба 22,6 фоиз баробар аст.
Дар нимаи якуми соли равон 841 корхонаи истеҳсолӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои истихроҷ 118 адад, коркард 655 адад, таъминоти неруи барқ, газ, буғ, тозакунии ҳаво, таъминоти об ва коркарди партовҳо 68 адад фаъолият на-мудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 55 корхона зиёд мебошад.
Дар соли ҷорӣ 40 корхонаи нави саноатӣ бо 343 ҷойи корӣ таъсис ёфта, шумораи умумии кормандон ба 21500 нафар расонида шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар вилоят 177 номгӯи маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст, ки аз онҳо суръати рушди 145 номгӯ таъмин гардида, 13 намуд маҳсулоти саноатӣ, ки соли гузашта истеҳсол намешуд, имсол истеҳсолашон ба роҳ монда шуд.
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...