Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » БОХТАР “ШАҲРИ БЕХАТАР” МЕШАВАД


БОХТАР “ШАҲРИ БЕХАТАР” МЕШАВАД




Бо ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ оид ба амалӣ намудани лоиҳаи “Шаҳри бехатар” ба маблағи 9 миллион доллар миёни шаҳрдории Бохтар ва шарикони рушд Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расидааст. Дар ин бора ба рӯзномаи “Хатлон” аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шҳари Бохтар иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, шартномаи мазкур барои ҷорӣ намудани назорати ҳаракати воситаҳои нақлиёт, низоми идоракунии видеоӣ, васли таҷҳизоти видеоӣ барои нақлиёти кормандони милитсия ва дигар тадбирҳои бехатарӣ дар шаҳр пешбинӣ шудааст. 

- Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо маблағи умумии 123,7 миллион доллар амалӣ гашта истодааст, ки азхудкунии маблағҳои он 72,5 миллион доллар ё худ 58,8 фисади нақшаро дар бар мегирад. Ҳамчунин ба маблағи 18,1 миллион доллар сармояи хориҷӣ ҷалб карда шудааст, ки аз ин 2,9 миллион доллар сармояи мустақим мебошад, - таъкид намуд манбаъ.
Дар баробари ин, дар доираи 5 лоиҳаи сармоягузорӣ, дар самти таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт, таҷдиди қубурҳои обу корез, бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва варзишӣ бо маблағи зиёда аз 20 миллион сомонӣ созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расида, рӯзҳои наздик корҳои сохтмонӣ  оғоз хоҳанд шуд. 

Ба гуфтаи намояндаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар, ҷиҳати беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо оби босифати нӯшокӣ ва таҷдиди хатҳои корез бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд созишномаи ҳамкорӣ ба маблағи 8,5 миллион евро баста шудааст. 

Т. Толиб, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода