Таваҷҷуҳ ба китобхонӣ кам аст айб дар китобхонаҳост ё дар хонанда?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 10 июл, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 234
Китоб воситаи муҳимтарини андӯхтани дониш ва васеъ намудани ҷаҳонбинии шахс маҳсуб ёфта, доираи фикррониро фаррох мекунад. Мутолиаи китоб имконият медиҳад, ки ҳар шахс мустақилона дар зиндагӣ мавқеи худро пайдо кунаду барои пешрафту рушди ҷомеа саҳми муносиб гузорад.
Мутаассифона, имрӯз дар ҷомеаи мо бетаваҷҷуҳӣ зиёд гардидааст, ки боиси нигаронист. Ҳоло барои китобхонаҳои маҳаллӣ дар дастрас намудани китобҳои тозанашр чӣ қадар маблағ ҷудо карда мешавад? Оё нуқтаҳои китобфурӯшӣ ҳастанд? Чаро нашриётҳо дар маҳалҳо филиал надоранд?
БА ҶОИ САРСУХАН
Имрӯз аз ҷониби давлату Ҳукумат, хусусан бо дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳ намудани аҳли ҷомеа ба китобу китобхонӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, барномаҳои нав қабул шудаанд. Ташкил ва гузаронидани озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва монанди инҳо далели равшани гуфтаҳои боло мебошанд. Агар аз як ҷониб раванди баланд бардоштани дониши мардум ташкил ва гузаронидани чунин озмунҳо бошад, аз ҷониби дигар муҳайё намудани шароити мусоид дар китобхонаҳо ва зиёд кардани нуқтаҳои китобфурӯшӣ дар шаҳру навоҳӣ маҳсуб меёбад.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки имрӯз нуқтаҳои китобфурӯшӣ дар марказҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят хеле каманд. Ҳамчунин, дар китобхонаҳои марказии шаҳру навоҳӣ нисбати асарҳои тоҷикӣ, бештар китобҳои русӣ мавҷуд ҳастанд, ки бозмондаи даврони Шуравианд. Албатта, ин хуб аст, аммо дар баробари ин миқдори асарҳои тоҷикӣ ва муосирро зиёд кардан, вазъиятро беҳтар мекард.
Тибқи иттилои масъулини Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон, дар ҳудуди вилоят 492 китобхона фаъолият мекунанд, ки онро 3 китобхонаи вилоятӣ, 25 китобхо-наи марказӣ, 25 китобхона-филиали шаҳрӣ, 413 китобхона-филиали деҳотӣ ва 26 китобхонаи бачагона таш-кил медиҳанд. Дар фонди умумии китобхонаҳои шаҳру навоҳии вилоят 2 миллиону 558 ҳазору 85 китоб мавҷуд аст, ки 947 ҳазору 460 (37%) нусхаи он китобҳои бо за-бони тоҷикӣ, 1 миллиону 350 ҳазору 187 (53%) нусхаи он китобҳои бо забони русӣ ва 260 ҳазору 438 (10%) нусхаи он китобҳо бо забонҳои дигар мебошанд.
АДИБОНРО ҲАМКОРӢ МЕБОЯД...
Имрӯз шоирону нависандагон китобҳои худро рӯйи чоп оварда, онҳоро ба китобхонаҳо тақсим мекунанд. Дар ин ҳолат шояд доираи хонандагони осори муаллифон каме зиёд гардад. Аммо Қурбонгул Раҷабзода, директори китобхонаи марказонидашудаи шаҳри Бохтар ба номи Камоли Хуҷандӣ, изҳор медорад, ки адибон бо китобхона камтар ҳамкорӣ менамоянд: “Ҳарчанд тариқи саҳифаҳои иҷтимоӣ пайваста мебинем, ки кадом адиб чӣ гуна китоб нашр намуд ва ё онро ба дигар китобхонаҳои сатҳи вилоятию ҷумҳуриявӣ тақдим кард, аммо мутаассифона, адибон бо китобхонаи шаҳрӣ камтар ҳамкорӣ менамоянд”.
Дар ин раванд, аз ҷониби масъулини мақомотҳои иҷроияи маҳаллӣ ҳамсола барои хароҷоти китобхона ва хариди китобҳои тозанашр маблағ ҷудо карда мешавад. Аммо аз мушоҳидаҳо маълум мегардад, ки он маблағи ҳангуфт нест ва барои қонеъ намудани талаботи китобхонаҳо ба таври кофӣ китобҳои тоза-нашр харидорӣ карда намешавад. Чуноне ки дар боло ишора кардем, қариб дар тамоми китобхонаҳои шаҳру навоҳии вилояти Хатлон миқдори ками китобҳо бо за-бони тоҷикӣ ҳастанд. Албатта, аз рӯйи ваколат нест кардани китобҳои бо забонҳои дигар нашршуда ва китобҳои нисбатан куҳнатар мумкин нест, аммо бояд шумораи китобҳои тозанашри бо забони тоҷикӣ чопшударо низ зиёд кунанд.
Тӯтиниссо Юсуфзода, директори Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин, баён дошт, ки нисбатан ба китобҳои бачагона таваҷҷуҳи махсус дода мешавад: “Дар китобхонаи мо шуъбаи махсуси китобҳои бачагона мавҷуд аст, ки пайваста хонандагон аз он истифода мекунанд. Нисбати калонсолон, кӯдакон бештар фаъол ҳастанд ва пайваста кӯшиш мекунанд, ки омӯзанд. Мо аз ҳар як китоб 15-20 нусха ва ҳатто зиёдтар аз ин ташкил мекунем, то хонандагон ба он дастрасӣ дошта бошанд. Адибон барои мо китоб меоранд. Агар китоби он ба-рои хонанда зарур бошад, мо онро харидорӣ карда, дар шуъбаҳои худ тақсим мекунем. Дар китобхона мо шуъбаи нусхаҳои ҳатмӣ ташкил намудаем, ки дар он аз ҳар як китоб на камтар аз 10 нусха мавҷуд аст”.
Фаъолияти Китобхонаи оммавии вилояти Хат-лон ба номи Шамсиддин Шоҳин нисбатан хуб ба роҳ монда шуда, шароити мусоид фароҳам аст. Барои хонандагони калонсол толори алоҳида ва барои кӯдакону наврасон толори алоҳидаи хониш ташкил карда шудааст, ки хонандагон пайваста аз он истифода мебаранд. Дар ин миён, дар назди китобхона шуъбаи китобҳои электронӣ фаъолият мекунад, ки дар фонди он зиёда аз 100 ҳазор китоб мавҷуд аст.
Қурбонгул Раҷабзода, директори китобхонаи марказонидашудаи шаҳри Бохтар ба номи Камо-ли Хуҷандӣ, зимни суҳбат изҳор дошт, ки аз ҷониби масъулин барои хариди китобҳои тозанашр як миқдор маблағ ҷудо мешавад, аммо он кифоя нест: “Ҳамасола дар асоси нақша аз ҷониби масъулин миқдори муайяни маблағ барои хароҷоти китобхона ҷудо карда мешавад, ки аз он мо китобҳои тозанашр низ харидорӣ мекунем. Ҳар се моҳ тахминан 200 ки-тоби нав ворид мекунем, аммо ин хеле кам аст. Китобхонаи мо 5 филиал дорад ва дар онҳо зиёда аз 54 ҳазор нусха китоб мавҷуд аст, ки 33 ҳазори он бо забони русӣ ҳастанд. Талабот ба онҳо нисбатан камтар аст. Баъзан маврид шахсони солхӯрда омада, китобҳои куҳнаро мепурсанд, аммо барои хонандаи замони муосир мо китобҳои тоҷикӣ ва тозанашрро ҳама вақт пайдо карда наметавонем”.
ХОНАНДАИ ДОИМӢ НЕСТ...
Имрӯз дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят нуқтаҳои махсуси китобфурӯшӣ ангуштшуморанд.
Дар шаҳри Бохтар як қатор дуконҳои фурӯши маҳсулоти конселярӣ мавҷуд аст, ки дар баробари дигар ашёҳои хониш, инчунин китобҳои гуногуни таълимию бадеӣ низ мефурӯшанд. Аммо онҳо нархи гарон дошта, баъзеашон аз ҷониби муаллифон ва як қисми дигар бо дархости донишҷӯён оварда мешаванд.
Бахтиёр Қодиров, як фурӯшандаи нуқтаи фурӯши маводи конселярӣ, зимни суҳбат чунин ибрози назар намуд: “Донишҷӯён бештар китобҳои илмиву таъли-миро мепурсанд. Мо низ барои қонеъ кардани талаботи онҳо ин китобҳоро дастрас мегардонем. Азбаски нархи варақу ранг гарон аст, мо низ наметавонем арзиши китобҳоро паст кунем. Дар вақти таҳсил китобҳои мо харидор доранд, аммо вақте ҳама ба таътил мераванд, харидори китобҳои мо низ хеле кам мешаванд”.
Мардуми тоҷик аз қадим китобхону китобнавис буд. Чунки он дар замири ҳар шахс барои рушди маънавӣ заминаи нек мегузорад. Аммо шояд рушди техникаву технология ва пайдо шудани китобҳои электронӣ бошад, ки имрӯз ҷавонону наврасон ба шакли китобҳои электронӣ рӯй овардаанд. Масъалаи ба забонҳои тоҷикӣ будани китобҳо муҳим мебошад.
Агар аз миқдори умумии китобҳои дар китобхонаҳои ҳудуди вилоятбуда ҳамагӣ 37%-и онро китобҳои бо забони тоҷикӣ ташкил диҳанд, оё ин ҳалли мушкилот буда метавонад?!
Қурбонгул Раҷабзода, директори китобхонаи марказонидашудаи шаҳри Бохтар ба номи Камо-ли Хуҷандӣ, аз кам будани аъзои китобхона изҳори нигаронӣ намуда, қайд кард, ки: “Дар ин самт таваҷҷуҳ ва роҳнамоиҳои падару модар низ зарур аст. Мо барои ҷалб намудани мардум ба китобхонӣ корҳои тарғиботию ташвиқотиро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба роҳ мондаем”.
Дар ҳақиқат, барои дар замири кӯдакон бедор на-мудани ҳисси китобхонию китобдӯстӣ волидон саҳми худро бояд гузоранд. Рушди ҷаҳониро наметавон боздошт. Насли наврасро намешавад аз техникаву технологияи муосир бархӯрдор накард. Аммо дар ба-робари ин бояд мутолиаи китобро низ ташвиқ намуд.
ТАВАҶҶУҲ НЕСТ?
Аз 492 китобхонаи дар ҳудуди шаҳру навоҳии вилоят фаъолиятдошта 31 адади он таъмирталаб ва як китобхона садамавӣ мебошад. Бинои китобхонаҳои шаҳру навоҳии Норак, Дӯстӣ, Вахш, Балҷувон ва китобхонаи вилоятии бачагонаи шаҳри Кӯлоб 1-ададӣ, Кӯлоб, Левакант, Кӯшониён, Восеъ, Ҳамадонӣ, Фар-хор ва Темурмалик 2-ададӣ, Қубодиён ва Носири Хусрав 3-ададӣ, Данғара 4 адад таъмирталаб буда, дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин китобхонаи ноҳиявӣ дар ҳолати садамавӣ қарор дорад.
Рӯзимад Қурбонов, директори китобхонаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, зимни суҳбати телефонӣ изҳор дошт, ки барои садамавӣ будани бинои китобхона ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дархост кардаанд: “Бинои китобхона садамавӣ аст. То моҳи сентябр бояд моро ба дигар бино кӯчонанд. Ҳоло дар тавозуни китобхона зиёда 72 ҳазор китоб мавҷуд аст, ки 33 ҳазораш бо забони тоҷикӣ мебошад. Соли равон 70 китоби тозанашр бо маблағи 5000 сомонӣ ба китобхона ворид кардем ва 1700 китоб аз ҷониби «Корвони китоб» ҳамчун туҳфа тақдим гардид. 70%-и хонандагони моро насли нав-рас ташкил медиҳад, аммо на он қадар шароити му-соид дорем. Оянда нақша дорем, ки толори китобхо-нии калонсолонро аз толори бачагона ҷудо кунем”.
Пеш аз ҳама, бояд фонди китобхонаҳои бачагона пурра карда шавад. Зеро мутолиаи китоб дар зами-ри шахс аз кӯдакӣ пайдо мешавад ва он метавонад манфиати бештар диҳад.
Сафармуҳаммад Алимардонов, коршиноси соҳа, чунин андеша дорад: “Имрӯз дар нуқтаҳои китобфурӯшӣ арзиши китобҳо дандоншикан ҳастанд. Ҳарчанд онҳо сирф нуқтаҳои китобфурӯшӣ нестанд, аммо метавон аз онҳо истифода кард. Масъалаи дигар, бояд нашриётҳо филиалҳои худро дар минтақаҳо таъсис диҳанд. Ба ҷойи дар як сол 2-3 маротиба ташкил намудани ярмаркаҳои китобфурӯшӣ, онҳоро мунтазам ба фурӯш гузоранд.
Вақте ярмаркаҳои китобфурӯшӣ ташкил мешавад, на ҳамаи сокинон аз онҳо огоҳӣ меёбанд. Аксари сокинон барои дар як вақти муайян харидорӣ намудани китобҳои ярмарка имконият пайдо намекунанд. Аз ин рӯ, ташкили пайвастаи фурӯши китобҳо ва таъсиси филиалҳои нашриётҳо ба манфиати кор аст”.
БА ҶОЙИ ХУЛОСА
Дар ҷомеаи муосир дар дасти кӯдакону наврасон телефони мобилӣ мӯд шудааст, ки вориди дунёи он гардидаанд. Ин низ яке аз сабабҳои дур шудани қишри ҷомеа аз китобу китобхонӣ маҳсуб меёбад. Талқин кардани он, ки мутолиаи китоби чопӣ ба инсон завқи бештару муассире мебах-шад, кори дастаҷамъона аст. Дар ин кор бояд падару модар, мураббиёну омӯзгорон дар ҳамкорӣ ба китобхонаҳои мактаб ва шаҳриву вилоятӣ саҳм гузоранд.
Ҷасури ҚИЁМИДДИН,
Шаҳодат ХОЛОВА,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...