Темурмалик. Роҳҳои маҳаллӣ мумфарш мешаванд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 10 июл, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 177
Бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Темурмалик соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша дар баробари сохта ба истифода супоридани иншооти ниёзи мардум ба бунёду азнавсозии роҳҳо камари ҳиммат бастаанд.
Дар Ҷамоати деҳоти «Танобчӣ»-и ноҳияи Темурмалик мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ бо маром идома дорад, ки ин мушкилоти сокинонро осон мегардонад.
Тибқи иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳия, мумфарш намудан ва дастрас кардани масолеҳи роҳсозӣ аз ҷониби соҳибкорон ва сокинони ноҳия ба ҳукми анъана даромада, дар дигар ҷамоатҳои ноҳия низ ин амали хайр ҷараён дорад.
Иттилоъ до-да шуд, ки бо мақсади таъмини ҳаракати муназзами воситаҳои нақлиёт ва рафтуомади озоди сокинон роҳҳои маҳаллии Ҷамоати деҳоти «Танобчӣ»-и ноҳия бо ҷалби аҳолӣ дар ҳоли анҷомёбист.
Бо мумфарш кардан ва анҷоми корҳои зикршуда ҳолати рафтуомади аҳолӣ, алалхусус ашхоси маъюб, кӯдакон ба мактаб беҳтар гардида, бехатарии ҳаракат дар роҳ таъмин мешавад.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...