Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » 53 ДОНИШҶӮ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ БОХТАР БА НОМИ НОСИРИ ХУСРАВРО БО ДИПЛОМИ АЪЛО ХАТМ НАМУД


53 ДОНИШҶӮ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ БОХТАР БА НОМИ НОСИРИ ХУСРАВРО БО ДИПЛОМИ АЪЛО ХАТМ НАМУД




6 июл дар толори Китобхонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав маросими тақдими дипломҳои аъло аз ҷониби Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори донишгоҳ, дар фазои тантанавӣ ба донишҷӯён супорида шуд.

Маросими тақдими дипломҳо бо сухани ифтитоҳии Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори донишгоҳ оғоз гардид.

Ректори донишгоҳ иброз дошт, ки Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар фаъолияти беш аз чилсолаи худ ҳазорҳо нафар мутахассисонро омода намуда, барои фаъолият дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ сафарбар намудааст.

Маврид ба ёдоварист, ки дар соли таҳсили 2023-2024 донишгоҳро 4 ҳазору 505 нафар бо ихтисосҳои гуногун хатм намуда, 53 нафар ба гирифтани дипломи аъло мушарраф шуданд, ки аз ин шумора 30 нафар дар шуъбаи рӯзона, 9 нафар магистр ва 14 нафар дар шуъбаи фосилавӣ рост меояд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода