Ба сокинони зарардидаи ноҳияҳои Фархору Восеъ ёрии навбатӣ расид
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 01 июл, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 211
Азбаски сел аксар вақт сабаби бемориҳои гуногуне мегардад, кормандони Кумита зарур донистанд, ки миёни аҳолӣ дар мавриди ин зарарҳо як силсила корҳои таблиғотиро роҳандозӣ кунанд.
Ҳангоми гузаронидани чунин чорабиниҳо маводи дахлдори иттилоотӣ ва маҳсулоти ғайриозуқавӣ барои роҳандозии чорабиниҳои безараргардонӣ ҷиҳати таъмини бехатарии санитарии мувофиқ дар давраи корҳои барқарорсозӣ тақсим карда мешаванд.
Чунончӣ, рӯзи 25 июни соли 2024 аз ҷониби КҲФ бо мақсади расонидани кумак ба аҳолии осебдидаи ноҳияҳои Фархор ва Восеъ 225 бастаи беҳдоштӣ ва ҳаббҳои поккунандаи об таҳвил дода шуд.
Кӯмак дар доираи ҳамкориҳои байналмилалии Кумита бо Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ЮНИСЕФ) бо дастгирии молиявии Бюрои кӯмаки башардӯстонаи Оҷонсии ИМА оид ба ҳамкории байналмилалӣ (USAID) амалӣ гардид.
Ба 225 оилаи ду ноҳия дар ҳузури комиссияҳои фавқулоддаи ноҳияҳо доруқуттиҳо ҳамроҳ бо ҳабҳои ёдшуда супурда шуданд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00